Ном намегирам, аммо чанд рӯз пеш бо рафиқе суҳбат доштем, ки бо вуҷуди ҷавонӣ дар кори адабӣ тавоност, дониши хубе дорад, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст ва рисолаи илмӣ низ дифоъ кардааст. Вале мегуфт, ки бо вуҷуди исрори устодон ҳоло ҳам худро барои дарс гуфтан дар донишгоҳ омода намеҳисобад. Ин суҳбат ва масъулиятшиносии рафиқ дар шинохти касби омӯзгорӣ боис шуд, ки ин суол дар зеҳнамон пайдо шавад: «Чаро аксари сарояндашавҳо чунин масъулиятшинос нестанд ва чаро кори овозхонӣ сода гирифта мешавад?” Дар ҳоле ки сароянда ҳам дар талқину тарғиби хислатҳои ҳамидаи инсонӣ камтар аз омӯзгор масъулу вазифадор нест. Яъне кайҳо собит шудааст, ки ҳамеша сарояндагон бо таронаҳои хеш тарбиятгари аҳли ҷомеа будаанд. Бо дарки ин маънӣ метавон чунин хулоса кард, ки овозхонӣ пешаи муқаддас аст, кори саҳлу содае нест ва бо ҳавову ҳаваси сарсарӣ, дарки сатҳии шеъру мусиқӣ машғул шудан ба ин кор нашояд. Аммо таҳлили вазъи имрӯзаи эстрадаи тоҷик нишон медиҳад, ки дар ин соҳа шахсони тасодуфӣ рӯз то рӯз бештар шудан доранд. Ин тасодуфиҳо дарк намекунанд, ки ҳунар барои ҳама аст, аммо ҳама барои ҳунар нест. Намедонам дар «Инстаграм» буд ё саҳифаи дигари интернет, ки саҳнаи кӯтоҳи ҳаҷвие дидам – марди ҷавон соҳиби занест, ки ба ҳар баҳона пеши шавҳар хони даъвою хархаша меорояд. Аммо шавшар талош мекунад, ки хунсард бошад. Мард рафиқе дорад, ки беш аз дигарон аз моҷаро огоҳ ва ба беайбии мард муътақид аст. Ин рафиқ рӯзе аз сари дилсӯзӣ лаб ба маслиҳат кушоданӣ шуда, дӯсти аз ҷаври зан бадодомадаро мепурсад:
– Дӯстам, ҳайрон мешавам! Намедонам, ту аз ин зан чӣ дидаӣ, ки ин ҳама доду бедодашро таҳаммул мекунӣ. Чаро ҷавобашро намедиҳӣ, то аз шарраш халос шавӣ? Мард оҳе кашида, мухтасар посух медиҳад:
«Метарсам, ки ҷавобашро дищам, ӯ рафта сароянда мешавад». Албатта, ин посух дар назари аввал касро механдонад, вале пушти он гиряи ба бероҳа рафтани соҳаи овозхонӣ, махсусан овозхонии эстрадӣ дар Тоҷикистон ниҳон аст. Гиря аз он, ки безавқии аксарият сарояндагиро барои зумрае кори саҳлу сода ва шеваи ба даст овардани пулу «шуҳрат»-и бедарди миён ҷилва медиҳад. Ин аст, ки ҳар ба зоҳир зебову аз дарки шеъру мусиқӣ фарсахҳо дур роњи «саодат»-и хешро дар «ситораи эстрадаи тоҷик» шудан мебинад.
Онҳо бозори эстрадаи имрӯзи Тоҷикистонро хуб омӯхтаанд ва чӣ кор карданро медонанд. Надонанд ҳам, кофист, ки моил ба ҷунбон-ҷунбон бошанду хушдори сарпараст биёбанд, дигар дар шоубизнеси тоҷик «мушовир» зиёду омодаи продюссер шудан ба бонувони ситорашаванд.
Хулоса, кор ба ҷое расидааст, ки дар ин бозор барои шоистасарояндаҳои огаҳ аз олами шеъру мусиқӣ тақрибан растае ё нуқтае муҳайё нест, то колои ҳунарии худро ироа кунанд.
Вале, хушбахтона, дар ин соҳа содиқон низ дорем. Аз ин рӯ набояд чунин хулоса кард, ки дар ин миён аз касе таронаҳои шоиставу пурмаъно шунида намешавад, зеро чанд тан ҷонфидои ҳунари касбиянду ба гармии бозори «ситораҳо» нигоҳ накарда, пули бо арақи ҷабин аз соҳаи дигар бадастовардаи хешро сарфи таҳия, сабт ва нашри таронаҳои пурмазмун мекунанд ва барояшон бинандаи бисёр доштан дар олами интернет муҳим нест. Медонанд, ки имрӯз аксарият чӣ мебинанд ва аз чӣ ҳаводорӣ мекунанд. Барои эшон ҷои ифтихор он аст, ки бо ҳарзасароӣ ба пешаи муқаддаси хонандагӣ хиёнат намекунанд, по рӯйи арзишҳои маънавӣ, махсусан забони ноби тоҷикӣ намегузоранд. Яке аз ин овозхонҳо Наҷмиддини Насриддин аст, ки чанд рӯзи охир таронаҳояшро шунида, ба чунин натиҷа расидем. Бо истифода аз ғазалҳои классиконе чун Ҳофизи Шерозиву Бедили Деҳлавӣ, муосироне монанди Лоиқ Шералӣ, Муҳаммад Ғоиб, Салими Хатлонӣ ва дигарон тарона сурудани Наҷмиддин дар ҳолест, ки аксари сарояндагони имрӯзи мо чунин шеваро омили аз даст додани мухлис медонанд.
Ҳамин аст, ки ҳамеша аз «таронанависон» талаби иншои «шеърҳои оммафаҳм»-ро доранд. Аммо қаҳрамони матлаби худ Наҷмиддини Насриддинро дигаргуна дарёфтем. Ҳунари сарояндагиро ба таври касбӣ фаро гирифтааст, аммо ҳоло бо тақозои рӯзгор дар соҳаи тиҷорати доруворӣ фаъолият дорад ва талош мекунад, ки қисме аз суди аз ин ҳисоб бадастовардаи худро сарфи корҳои ҳунарӣ кунад. Медонад, ки миёни анбӯҳи безавқон аз ин кор манфиати моддие ба даст намеорад, вале ҳадафаш дигар аст – комил кардани фароѓати мухлисони таронаҳои пурмаъно. Дар барномаи ҳунарии «Пайки эҳё», ки рўзҳои истиқбол аз баҳору Наврӯз дар Ютуб нашр шуд, аз ин ҳунарманд дар ҳавои ғазали ҷаззоби Ҳофизи Шерозӣ таронае шунидам:
Субҳдам мурғи чаман бо гули навхоста гуфт:
«Ноз кам кун, ки дар ин боғ басе чун ту шукуфт!»
Гул бихандид, ки: «Аз рост наранҷем, вале
Ҳеч ошиқ сухани талх ба маъшуқ нагуфт»...
Шунидани шакли эстрадии ин тарона дар соле, ки аз 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ таҷлил шуда истодааст, ба ҳаводорони асили шеъру таронаҳои нобу пурмаъно кайфияти дигаре мебахшад. Садову наво дар ин тарона ба ҳам тавъам гашта, дилро менавозанд. Албатта, аз як ғазали комил баргузидани чанд мисраи дилчаспи тароназеб кори саҳл нест.
Вале азбаски Наҷмиддини Насриддин худ оҳанги таронаҳояшро месозад, ин корро низ бо дилгармӣ ба навъи олӣ анҷом медиҳад. Масалан дар идомаи таронаи мавриди назар аз ғазали бисёрмисраи Ҳофизи Шерозӣ ин мисраъҳоро баргузидааст, ки нишонаи соҳибзавқии Наҷмиддин андар шинохти абёти тароназеб аст:
То абад бӯи муҳаббат ба машомаш нарасад
Ҳар кӣ хоки дари майхона ба рухсора наруфт.
Сухани ишқ на он аст, ки ояд ба забон,
Соқиё, май деҳу кўтоҳ кун ин гуфтушунуфт.
Ашки Ҳофиз хираду сабр ба дарё андохт,
Чӣ кунад? Сӯзи ғами ишқ наёрист нуҳуфт.
Ин назокатро Наҷмиддин дар замзамаи дигар таронаҳо низ истифода кардааст, ки алоқамандон метавонанд дар олами интернет аз вай замзамае чанд пайдо карда, фароғату маънавиёти хешро комил созанд. Ӯ, ки солҳои пеш низ ба овозхонӣ шуғл дошт, вале аз мушкилоти рӯзгор як муддат аз ин соҳа канор рафт, ҳамакнун мехоҳад бо дили гарм овоз хондани худро идома диҳад, ашъори классикону муосиронро тарона созад ва ба ин васила қалби дилбохтагони асили ҳунари овозхониро шод созад. «Ҳар овозхон дар сатҳи маърифати хеш матн интихоб мекунаду месарояд. Албатта, имрӯз завқи аксарият коста шудааст. Як сабаби асосии сар задани ин мушкил сарояндагони ҳарзасароанд. Аммо набояд мо даст аз кор бардорем. Ҳамин дилшикастагии касбиёни соҳаи овозхонист, ки мо ба ин накбат расидем. Бояд талош кард, ки ҳарчи бештар таронаҳои пурмазмун суруда шаванд, то асли худро дарёбем ва мардумро соҳиби завқи баланд созем», – мегўяд Наҷмиддини Насриддин.
Воқеан ҳам дилшикастагӣ ва камкории сарояндагони асил барои ҳарзасароён минбарро барои тарғиби таронаҳои пучу бемаъно фароҳам кардааст. Агар эшон даст аз фаъолияти ҳунарӣ барнадоранд ва мардуми маънифаҳм ба ҳар васила таронаҳои пурмазмунро ҳарчи бештар тарғиб созанд, мо имкон пайдо мекунем, ки санъати овозхонии худро аз чанги нобудӣ раҳонем. Шумо чӣ назар доред?
Бахтиёр РАҲМОНИЁН, «АС»