25.4 C
Душанбе

Чаро бадеҳа нахонем?

Бузургтарин озмуни ҳунарии сол дар Тоҷикистон – «Суруди сол – 2024» таронае дар қолаби бадеҳа надошт. Дар ҳоле ки бадеҳахонӣ бояд як бахши асосӣ ва ҷолиби ин ва дигар озмунҳои ҳунарӣ, маҳофили фарҳангӣ ва маросимҳои давлатиро ташкил диҳад. Масалан, дар барномаи озмуни ҳунарии «Суруди сол» месазад, ки номинаеро ба унвони «Бадеҳа» ё «Бадеҳахонӣ» ҷо дод, то беҳтаринҳои ин шеваи сарояндагӣ мушаххас ва қадрдонӣ шаванд. Шояд онҳое, ки дар рӯзи баргузории «Суруди сол-2024» иштирок доштанд, бигӯянд, ки чӣ гуна дар ин чорабинӣ бадеҳа набуд? Рӯзибеки Файзалӣ бо Зайнура Пӯлодова, Суруш Холов бо Нигора Холова таронаи якҷоя суруданд-ку! Магар инҳо бадеҳа нестанд? Не! Ин навъи таронасароиро ҳамхонӣ гӯянд, на бадеҳа! Мутаасифона, аксарият ҳар таронаеро, ки марду зан бо ҳам месароянд, бадеҳа ном мениҳанд. Дигар ба муҳтавои матни суруд камтар диққат дода мешавад.

Дар идомаи матлаб аз хусусиятҳои бадеҳа хоҳем гуфт. Вале ҳоло иҷозат диҳед, исбот кунем, ки ду таронаи дар назари баъзеҳо бадеҳаи озмуни ҳунарии «Суруди сол – 2024» бадеҳа набуданд. Суруш ва Нигора дар ҳавои шеъри «Дили бекина қашанг аст» оҳанг баставу тарона сурудаанд, ки ин навъи сароиш дар дунёи овозхонӣ ба унвони «дуэт» машҳур шудааст:

Ба касе кина нагиред,

Дили бекина қашанг аст.

Ба ҳама меҳр биварзед,

Ба Худо меҳр қашанг аст…

Рӯзибек ва Зайнура бо истифода аз матне, ки дар он қоидаҳои шеър камтар риоя шудааст, бо ҳам тарона сурудаанд. Таронае, ки ҳамхонист, на бадеҳа:

Ҳанӯзам чашм ба роҳат интизорам,

Зи ҳаҷри рӯйи ту дилбеқарорам.

Биё, ҷоно, дар оғӯшат бигирам,

Нагзор танҳо маро бе ту мемирам.

Дар ҳарду тарона муҳтавои хоси бадеҳа вуҷуд надорад.

Солҳои охир кам ё умуман эҷод нашудани таронаҳо дар жанри бадеҳаро метавон дар қатори силсиламушкилоти соҳаи овозхонӣ дар Тоҷикистон шомил кард. Ҳоло мисли солҳои пеш, ки сарояндагоне монанди Тоҷиддини Муҳиддин, Муқаддас Набиева, Дона Баҳром, Нуқра Раҳматова, Ҷумахони Сафар, Сурайё Қосимова, Нигинаи Рауф, Азиз Ваҳҳоб ва дигарон бо ҳам бадеҳа месуруданд, овозхонҳои имрӯза ба нудрат бо ҳам бадеҳа месароянд.

Мутаассифона, бисёре аз сарояндагони мо бо шинохти ғалате, ки аз жанри бадеҳа доранд, ба ҳамхониҳои худ бадеҳа унвон гузошта, онҳоро тавассути симову садо ва пойгоҳҳои нашри корҳои ҳунарӣ дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ҳамагонӣ мекунанд. Агар бадеҳа ҳам бихонанд, тозаэҷод нестанд, балки бештар бадеҳаҳои устодони санъати тоҷикро бозхонӣ мекунанд. Масалан, бадеҳаҳои бо ҳам сурудаи Дона Баҳром ва Нуқра Раҳматова («Лайло ва Маҷнун»), Тоҷиддини Муҳиддин ва Муқаддас Набиева («Дилдор ба ман гуфт..»), Азиз Ваҳҳоб ва Нигинаи Рауф («Гул ба домон..») ва ғайра зиёд бозхонӣ шуда истодаанд.

Аммо сарояндаи тоҷик Ҷумахон Сафаров, ки таҷриби зиёди бадеҳахонӣ дорад, дар суҳбате иброз дошт, ки «…баъзе сарояндагон кӯшишҳое доранд барои эҷоди бадеҳаҳои тоза. Вале ҷойи омода кардани бадеҳаҳои на он қадар дилнишин хуб мешуд, ки ҳамон бадеҳаҳои қадимии моро аз нав зинда карда, бо мусиқиҳои наву муосир сароянд».

Барои бахше аз сарояндагони мо бадеҳахонӣ бисёр кори саҳлу сода менамояд. Фикр мекунанд, ки ғазалеро баргузиниву мисрае мард хонаду мисрае зан, масъала ҳал мешавад. Масалан, чанд сол пеш аз ҷониби ду овозхони ансамбли «Дарё» ғазали зерини Ҳофизи Шерозӣ ҳамхонӣ шуд:

Ҳазор ҷаҳд бикардам, ки ёри ман бошӣ,

Қарорбахши дили беқарори ман бошӣ…

Ин ҳамхонӣ ба шевае суруда шуд, ки дар боло зикр кардем. Сарояндагони ин тарона кори худро бадеҳа нагуфтанд, вале дар чандин озмунҳои ҳунарӣ ин тарона дар номинатсияи «Бадеҳа» аз ҷониби ҳунармандони дигаре иҷро шуд. Аз ин озмунҳо ном намегирем, вале, мутаасифона, ҳайати ҳакамони ин сабқатҳои ҳунарӣ азбаски шинохти дуруст аз жанри бадеҳа надоштанд, ин ҳамхониро чун бадеҳа пазируфтанду ҳарфе нагуфтанд.

Пас бадеҳа бо чӣ муҳтаво бояд суруда шавад? Дар шарҳи ин пурсиш ба «Энсиклопедияи миллии тоҷик», ки соли 2013 нашр гаштааст, муроҷиат кардем. Дар он зикр мешавад, ки «бадеҳахонӣ шарту хусусиятҳои худро дорад. Риояи онҳо дар саҳна боиси пуробуранг ва барҷаста ифода шудани нақш мешавад. Яке аз вежагиҳои асосии бадеҳагӯӣ дар он аст, ки матн бояд дар ягон мавзуи мушаххас гуфта шуда, шахси дуюм ба гуфтору рафтор фикри шахси якумро тасдиқ ё рад менамояд. Бадеҳаҳо фарогири мавзуъҳои иҷтимоӣ, маишӣ, ишқӣ ва ҳаҷвӣ мебошанд».

Агар ба хусусиятҳои зикршуда такя бикунем, пеш аз ҳама пеши назарамон бадеҳае бо номи «Бозубанд» ҷилвагар мешавад, ки гурӯҳи ҳунармандони Ансамбли фолклорӣ-этнографии «Ганҷина» (сарояндаи мард зиндаёд Чиллахон Холов) иҷро намуда буданд:

Духтар:

Бачаи ҳамсоя, мегум бозубандамро бидеҳ,

Бозубанду гӯшвору гулӯбандамро бидеҳ.

Писар:

Духтари ҳамсоя, мегум бозубандат ба мо нест,

Бозубанду гӯшвору гулӯбандат ба мо нест.

Ин бадеҳаи фолклорӣ, ки дар байни халқ хеле машҳур шуд, сужаи ҷолибе дорад. Ҷавон бо дӯстони дигараш ҷавоҳироти духтари хушдорашро, ки чандест барои васл розӣ намешавад, «мерабояд», то ба ин васила дили ӯро ба даст орад. Духтар ҷавоҳироташро аз писари ошиқ талаб мекунад ва дар раванди моҷаро ҳарфҳо аз садоқату вафодорӣ дар қолаби тарона ироа мешаванд, ки басо дилнишину ҷолиб аст. Дар охир ишқу ҳамдигарфаҳмӣ тантана мекунаду «ҳам лаъл ба даст меояду ҳам ёр намеранҷад».

Яъне, бо зикри муҳтавои як бадеҳаи машҳур хулоса кардан мумкин аст, ки бадеҳа мисли як филми кӯтоҳ сужа ва мавзуи мушаххасу ҷолиб бояд дошта бошад. Бо назардошти ин хусусиятҳо мо имрӯз аз сарояндагонамон тақрибан бадеҳае намешунавем.

Камтаваҷҷуҳӣ ба ин бахши муҳими овозхонӣ то ҷое бадеҳасароиро аз байн бурдааст.

Солҳои пеш манбаи асосии муаррифии беҳтарин бадеҳаҳо озмуни ҳунарии «Бӯстон» буд, ки дар даврони Истиқлол ба «Андалеб» табдили ном кард. Аммо ҳоло бо вуҷуди ҷо доштани бахши «Бадеҳа» дар низомномаи он, камранг шудааст.

Дигар ин ки дар Телевизиони мусиқии Тоҷикистон – «Шаҳнавоз» бояд барномаи доимие бо номи «Бадеҳа» амал кунад ва таҳиягарони он беҳтарин бадеҳаҳоро бо муаррифии комили сарояндагони он ба бинанда муаррифӣ намоянд.

Дигарбора эҳё намудани Барнома – озмуни телевизионии «Маҳфили зарифон» низ, ки солҳои пеш бо ҷалби дастаҳои ҳаваскори донишгоҳу донишкадаҳо баргузор мегардид, ба манфиати кор аст, зеро бадеҳасароӣ як бахши ҷолиби ин озмуни телевизионӣ буд.

Соли 2018 Ҷашнвораи саросарии «Бадеҳахонӣ» роҳандозӣ гардида буд, ки, мутаасифона, солҳои дигар баргузор нашуд. Шоиста аст, ки ин фестивал ҳар сол доир гардад.

Шояд барои бештар ҳамагонӣ кардани бадеҳасароӣ дар озмуни саросарии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бахши «Бадеҳа» ворид карда шавад, то сарояндагон ба бадеҳасароӣ дигарбора шавқу алоқа пайдо кунанд.

Албатта, бадеҳасароӣ кори гурӯҳист. Аз ин лиҳоз, барои эҳё ва ривоҷи бояд ансамблҳои халқӣ ва эстрадӣ низ талоши бештар кунанд. Дар барномаи ҳунарии ҳар ансамбли назди ниҳодҳои фарҳангию тарғиботӣ таҳия ва пешниҳоди бадеҳа бояд ҳатман ҷо дода шавад.

Охиран Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод, ки 14 феврали соли 2025, соати 15:00, барномаи ҳунарии Ансамбли фолклорӣ-этнографии «Ганҷина»-ро таҳти унвони «Тути тар» баргузор менамояд. Ба умеди он ки дар баробари дигар бахшҳои ҳунарӣ аз ҳунармандони ин ансамбли овозадор бадеҳаҳои тару тоза мебинему мешунавем, дар ин маросим иштирок хоҳем кард. Шумо чӣ?

Бахтиёр РАҲМОНИЁН,

“АС”

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо