15.1 C
Душанбе

ЧАРО АЗ БАРҚ ТАНҚИСӢ МЕКАШЕМ?

1. МУАММОМИ ОБАНБОР. Неруи барқ зиндагӣ ва рӯзгори моро сабук месозад, зеро асоси пешрафти ҳама соҳа дар олам аст. Он дар чорсад соли пайдоиши худ ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти инсон табдил ёфт ва истеҳсолаш афзуд. Агар соли 1950 дар ҷаҳон ҳамагӣ 950 млрд. кВт. соат неруи барқ истеҳсол шуда бошад, соли 2024 31,2 триллион кВт.соат истеҳсол шуд. Танҳо дар Чин зиёда аз 10 триллион кВт. соат барқ истеҳсол шудааст. Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавлиди умумии неруи барқ дар соли 2024 дар кишвари мо 22 миллиарду 428 миллион кВт. соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 567,2 миллион кВт. соат ё худ 3,0 дарсад зиёд аст. Бо вуҷуди ин, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми олам талабот ба барқ рӯз то рӯз афзоиш меёбад. Тақрибан дар тамоми гӯшаҳои олам истеҳсоли барқ нисбат ба талабот ба он қафо мемонад. Воқеан, ҳар лаҳзаи зиндагиро гу ворою бароҳат месозад ва меҳнатро сабуку осон. Ҳамин, ки тугмачаро пахш кардем, хонаамон гарму мунир мешавад. Дар ин маврид, аксаран андеша намекунем, ки ба самаранок ва мақсаднок истифодашавии он низ бояд аҳаммият дод. Барқ ҳам маҳсу лот аст, барқ ҳам истеҳсол мегардад, он ҳам каму зиёд мешавад ва рӯзе мумкин аст, ки тамом шаваду бебарқ монем. Дар кишвари мо барқ, асосан, аз об ҳосил мешавад ҳаштод дарсади барқи низоми энергетикии Тоҷикис тон дар дарёи Вахш истеҳсол мегар дад. Мутаассифона, дар фасли зи мистон маҷрои ин дарё кам мешавад ва дигар имкони барқи зиёд истеҳсол намудан дар силсиланеругоҳҳое, ки дар ин дарёи муқаддас бунёд ёфтаанд, аз Неругоҳи барқи обии “Норак” сар карда, то Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” – дар шаш неругоҳи мо, хеле маҳдуд мегардад. Барои захираи зимистон ягона ҷойи захи раи об – обанбори Норакро дорем. Ба обанбори аз об пур нигариста, баъзеҳо шояд мепурсанд, ки вақте обанбор лабрези об аст, сабаби норасоии барқ дар чист?! Гап сари он, ки дар ин обанбор оби таъйиноти яксола буда, барои захираи зимистон аз нуқтаи 857 то 910 метр ҳамагӣ 53 метр имкони ғунҷоиши обро дорад. Барои он ки ин захира ба тамоми зимистон басанда бошад, бояд аз маҷрои дарё низ, ки ба обанбор мерезад, истифода кунем. Агар маҷрои дарёи Вахш дар тобистон ба ҳисоби миёна 2900 то 3000 метри мукааб дар ҳар сонияро ташкил диҳад, ин нишондод дар зи мистон то 400-450 метри мукааб дар ҳар сония кам мешавад. Барои он ки як агрегати Неругоҳи барқи обии “Но рак” кор кунад, 156 метри мукааб об лозим аст. Вақте маҷрои дарё кам ва резиши об ба обанбор мекоҳаду асо сан, аз захираи обанбор истифода мешавад, хавфи то охири зимистон басанда набудани оби онро ба миён меорад. Ба ғайр аз ин, ҳар қадар, ки оби обанборро дар сатҳи баланд нигоҳ дорем, манфиати истеҳсоли барқ аз он бештар мегардад. Агар сатҳи обанбор дар нуқтаи 910 метр бошад, дар Неругоҳи барқи обии “Норак” аз як сантиметри он 544 ҳазор киловатт. соат, агар аз 870 метр поён (дар сатҳи миёна) бошад, 342 ҳазор киловатт. соат ва агар дар сатҳи поёнтарин 857 метр бошад, ҳамагӣ 289 ҳазор киловатт. соат барқ истеҳсол намудан мумкин аст. Аз ин рӯ , муҳим аст, ки аз оғози зимистон, вақте сатҳи оби обанбор ҳанӯз дар нуқтаҳои болост ва фишори об зиёд, сарфакориро оғоз намоем.

Тавре директори Неругоҳи барқи обии “Норак” Фазлиддин Шоиддинов шарҳ дод, аз рӯзи 6 октябри соли 2025 воридоти об ба обанбори неру гоҳ аз сабаби набудани боришот кам гардид. Ба ҳисоби миёна, воридоти об ба обанбор дар моҳҳои октябр ноябри соли ҷорӣ 282 метри мукааб сонияро ташкил дод. Ҳол он ки дар ҳамин давраи соли 2024-ум воридо ти об ба обанбор 362 мукааб сония буд. Яъне ҳар шабонарӯз ба обанбор 80 метри мукааб сония кам об ворид гардидааст. Ҳаҷми оби кам ворид гардида, дар умум 393 984000 метри мукааб сонияро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор об неругоҳ метавонист 241 920 000 кВт. соат неруи барқ истеҳсол намояд. Дар таърихи 26 ноябри соли 2025 воридоти об 208 метри мукааб сонияро ташкил дод, ки чунин камшавии воридот дар понздаҳ соли охир маротибаи аввал мушоҳида мешавад. Воқеан, камша вии воридоти об идома дошта, субҳи рӯзи 27 ноябри соли 2025-ум 189 метри мукааб сонияро ташкил дод. Фазлиддин Шоиддинов ин вазъиятро ба гармии бесобиқаи тобистон ва хеле кам шудани боришот рабт медиҳад. Дар вазъи соли ҷорӣ аз сабаби кам будани захираи барф дар болооби дарёи Вахш ва шохобҳои он –Хингобу Сурхоб маҷрои об аллакай кам шудааст ва қариб 4 метр оби обанбор истифода карда шудааст. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои амалкунанда, бунёди иқтидорҳои нав корҳои зиёдро ба анҷом расонд. Тавре дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ноябри соли 2025 қайд гардид, дар натиҷаи амалӣ намудани Барномаи “Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки энергияи барқ ”, ба даст овардани 2680 МВт иқтидори нави истеҳсолии энер гияи барқ аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обии нав, 253 МВт иқтидори иловагии истеҳсоли энергияи барқ аз ҳисоби азнавсозии неругоҳҳои амалкунанда ва барқарор гардидани 440 МВт иқтидорҳои аздастрафта бинобар фарсуда будани таҷҳизот дар назар аст. Ин тадбирҳо хеле муҳим ва сари вақтӣ буда, албатта, моро ба оянда умеду бовар мебашанд. Яъне ба ғайр аз норасоии об, низоми энер гетикии кишвар дигар ягон камбуди ҷиддие надорад. Агар аз об танқисӣ намешуд, – мегӯяд бо бовар Фазлиддин Шоид динов, – як худи Неругоҳи барқи обии “Норак” имконият дорад, ки дар як шабонарӯз то 50 миллион кВт. соат барқ истеҳсол намояд ва якҷоя бо неругоҳҳои поёноб кишварро пурра бо барқ таъмин намояд. Ҳамин тариқ, то ба истифода до дани обанбори Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки он таъйиноти бисёрсола дорад, истеҳсоли барқи мо ба обу ҳаво, ба табиат сахт вобастагӣ до рад. Бо андак танқисӣ ҳам бошад, барқи мо то баҳор мерасад, инчу нин имкониятҳои дар зимистон аз кишварҳои ҳамсоя ворид намудани барқ низ омӯхта шуда истодаанд.

2. ИСТИФОДАИ БАРҚ МЕАФЗОЯД

То солҳои 90-уми асри гузашта аҳолии Тоҷикистон дар як сол наздики 1 миллиард кВт. соат неруи барқ истифода мекард. Ҳоло, ба ҳисоби миёна дар як сол то 10 дарсади барқи истеҳсолшудаи моро, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон то 30 дарсади барқро аҳолӣ истифода мебарад. Агар солҳои 90-ум ҳар як муштарӣ аз ҳисоби аҳолӣ дар як шабонарӯз 1,2 то 3 кВт. неруи барқ истифода мебурд, ҳоло дар як шабонарӯз, боз дар шароити маҳдуд будани таъминот, ба ҳисоби миёна 18,75 кВт. барқ мегирад. Бояд дар назар гирифт, ки истифодаи барқ аз тарафи аҳолӣ чанд баробар афзудааст ва шукр, аҳолии кишвари азизи мо дар муқоиса ба солҳои 90-ум чӣ қадар зиёд шудааст. Дар ҳисоботҳои Низоми энергетикии кишвар муштариёни неруи барқ аз ҳисоби аҳолӣ ҳанӯз аз даврони Иттиҳоди Шуравӣ ҳамчун “Муштариёни маишӣ” сабт мешаванд, яъне муштариёне, ки неруи барқро барои афзорҳои маишӣ – рӯшноии хона, телевизион, яхдон ва ғайра сарф мекунанд, вале на барои гарм намудани манзили зист ва на тайёр намудани хӯрок. На танҳо дар биноҳои баландошёнаи шаҳрҳо, балки дар деҳаҳо низ, ки имкони печ шинондан ва дар оташдон тайёр кардани хӯрок мавҷуд аст, агар барқ бошад, ҳатман аз он истифода менамоянд. Инро касе манъ карданӣ нест ва манъ ҳам карда наметавонад. Вале дар ин овон, ки бо сабаби кам будани об истеҳсоли барқ маҳдуд аст, бояд ҳар муштарӣ сари ин масъала андеша намояд. Ҳоло дар деҳаҳо ҳам дигар дар хонаҳо қариб, ки печ намешинонанд, кам ҳезум тайёр мекунанд, кам ангишт мехаранд. Ҳама бо умеди барқ! Медонам, ки вазифаи Низоми энергетикии Тоҷикистон бо барқ таъмин намудани кишвар, аз ҷумла, аҳолии он аст. Барои ин неругоҳҳои мо пурра омодаанд, таъмиру таҷдид шудаанд, вале танҳо аз сабаби норасоии об ба чунин вазъ гирифторем. Вобаста ба талаботи рӯзафзун бо барқ, ба хотири ободиву рушди кишвар, барои зиндагии шоистаи ҳар як сокини Тоҷикистон бунёди НБО-и “Роғун” амалест ногузир. Аз рӯйи ҳисоби мутахассисон ҳоло муштариёни маишӣ дар 33 рӯз миқдори барқеро, ки солҳои 90-ум дар як сол истифода мебурданд, сарф менамоянд. Ҳоло шумораи муштариёни маишии мо аз 1700000 гузаштааст. Агар ҳар муштарии маишӣ дар як рӯз 2 кВт. соат барқро сарфа намояд, дар як шабонарӯз тахминан ба 3400000 кВт. соат баробар мешавад. Барои муқоиса, дар як рӯз шаҳри Кӯлоб, ба ҳисоби миёна 1млн. 700 ҳазор кВт. соат, шаҳри Бохтар 1млн. 050 ҳазор, шаҳри Хуҷанд 3 млн. 300 ҳазор кВт. соат барқ мегирад. Яъне ҳар рӯз ҳар муштарии аҳолӣ 2 кВт. соат барқ сарфа намояд, ин миқдор аз истифодаи якҷояи шабонарӯзии шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар зиёд буда, бо ин миқдор барқ метавон шаҳри Хуҷандро тахминан як шабонарӯз бо барқ таъмин намуд. Ҳанӯз 16 сол муқаддам, 15 апрели соли 2009 дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикр ёфта буд: “Мо бояд ба маданияти истифодабарӣ ва сарфакории неруи барқу газ ва об эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо, чунин маданияти энергетикиро дар мактабҳо аз синни хурдсолӣ тарғиб менамоянд”. Сарфакорона истифода бурдани рӯшноиро дар даврони худ ҳатто Саъдии бузургвор низ таъкид на мудааст: Аблаҳе, к-ӯ рӯзи равшан шамъи кофурӣ ниҳад, Зуд бинӣ, к-аш ба шаб рӯған набошад дар чароғ. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо бати рушди соҳаи энергетика корҳои зиёдеро ба сомон расонд. Бунёди иқ тидорҳои нав ва таҷдиди иқтидорҳои амалкунандаро номбар намекунам. Фақат ҳаминро иброз доштаниям, ки як худи сохта ба истифода до дани Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе аз тадбирҳои олиест, ки имрӯз боиси хеле беҳ гардидани таъмини барқ гаштааст. Дар ин марказ имрӯзҳо ҳар шабо нарӯз то 5-7 миллион кВт. соат барқ истеҳсол мегадад, ки қариб ними талаботи шаҳри Душанбе мебошад. Гармие, ки аз он ба хона ва корхо наҳо интиқол дода мешавад, имкон фароҳам меорад, ки то 30 дарсад неруи барқ сарфа гардад. Шояд аз таъсири гармшавии гло балии сайёра бошад ё дигар омилҳо, ки имсол табиат барои соҳаи истеҳ соли барқ душвории ҷиддие пеш овардааст. Бовар дорам, рӯзе мерасад, ки норасоии барқ мисли норасоии нон ба афсона табдил хоҳад ёфт ва аз хотираҳо зудуда хоҳад шуд. Ва он рӯз дур нест! Чунон ки дар Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (28.12. 2024) қайд шуда буд: «Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад».

НОЗИР ЁДГОРӢ, НАВИСАНДА

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо