Маҳфили бузургдошти Алиакбар Абдулло, шоири баноми тоҷик ба муносибати 75-умин солгарди таваллудаш дар Хонаи адибони Мирзо Турсунзода баргузор гардид.
Ин маҳфил баъд аз зуҳри 17-уми июн бо ҳузури шоирону носирон, адабпажӯҳҳо ва алоқамандони шеър сурат гирифт.
Низом Қосим, раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон маҳфили мазкурро ифтитоҳ карда, дар бораи вижагиҳои шахсиятии Алиакбар Абдулло сухан гуфт. Ӯ соҳибҷашнро “рафиқ” номид ва афзуд: “Мо ӯро ҳамчун шоир ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул кардем, аммо ба унвони нависанда низ мешиносем”.
Номбурда таъкид кард, ки Алиакбар Абдулло 41 ҳунар дорад, ки охирӣ пуштибонии ӯ аз ниёзмандон аст.
Дар идома Дилноза Ҷабборзода, муовини раиси Хадамоти иҷро паёми шодбошии раёсати ин ниҳодро ба ҳозирин ироа намуд ва ҷашни 75-солагии варо таҳният гуфт.
Додситони пешини кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзодааз назокатҳои кории Алиакбар Абдулло ёдоварӣ карда, ӯро ҳамчун мутахассиси ҳирфаӣ дар бахши тафтишот сутуд.


Дар бахши фарҳангии ин маҳфил Ибодуллоҳ Машраб, Сангалӣ Мирзоев ва дигарон аз ашъори Алиакбари Абдулло таронаҳо иҷро карданд.
Бояд гуфт, Алиакбар Абдулло 9-уми июни соли 1950 дар деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шуроободи (кунун Шамсиддини Шоҳини) вилояти Хатлон ба дунё омада, мактаби Шевченкои ноҳияи Восеъ ва омӯзишгоҳи Душанберо ба поён расонидааст.
Ӯ дастпарвари мактаби олии Вазорати умури дохилии Иттиҳодияи Шуравӣ дар шаҳри Тошканд буда, дар Маскав, Ленинград ва Қоҳира донишафзоӣ кардааст.
Дафтарҳои шеърии «Розҳои танҳоӣ» (1991), «Фарёди дур» (1993), «Фарёди ёри дур» (1994), «Кошонаи сӯхта» (1997), «Созҳо аз розҳо» (2001), «Ниёзи дил» (2008), «Намози дил» (2012) ва «Тирамоҳи сабз» (2019), «Чашми нурпоши пуршарар» (2024, ба хатти форсӣ) ва қиссаи воқеъии «Духтарам» (2025, ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) ба қалами вай мансуб аст.
Алиакбар Абдулло барандаи Ҷоизаи адабии Мирзо Турсунзода ва чандин мукофоти давлатию хидматӣ буда, аз соли 1993 узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон шумурда мешавад.