Ардашер Пайванд аз овони донишҷӯӣ ба кори эҷодӣ, омӯзиши забону адабиёт, осори адибон, он чи дар матбуот чоп мешавад, майлу вобастагӣ дошт. Аз ҷумлаи навиштаҳояш бештар мақолаҳо ва таронаҳои дилчаспаш дар хотири хонанда нақш мебандад. Махсусан, таронаҳои ахиран эҷодкардаи Ардашер, ки аз ҷузъиёти ҳикоянигорӣ саршоранд. Ҳар як таронааш аз саргузаште, тақдиру моҷарои шавқангези ҷавонию ишқ паём мерасонад. Хонанда бо ин гуна ҷузъиёт ошно шуда, эҳсос мекунад, ки аз куллашон огоҳӣ дорад ё кам-кам ба сарнавишти қаҳрамон ворид мешавад. Ӯ дар хусуси «суҳбати бодҳо», «наҷвои баргҳо» ва ҳамин гуна чизҳои мавҳум ишорае надорад, мавҳумотро канор гузоштааст. Ардашер ин роҳро идома медиҳад ва собит мекунад, ки барои ҳикоянависи хуб шудан таҷрибаи ҷузъиётнигориаш кумак намудааст.
Муаллиф дар чопи қаламиҳои шогирдонаи худ саросема намешавад. Ин чанд пора дар «Маҳфили Боқӣ», ки бо тавсияи Раёсати ИНТ дар назди шуъбаи кор бо эҷодкорони ҷавон расман созмон ёфтааст, баррасӣ ва ба нашр сазовор шумурда шудааст. Ҷойи шукргузорист, ки дар баробари самтҳои дигари тарбияти адибони ҷавон эҳёи ибтикорот ва анъанаи устод Боқӣ Раҳимзода сурат мегирад. Интихоб ва чопи навиштаҳои хубу сараи ҷавонадибон таҳти сарпарастии «Адабиёт ва санъат», «Садои Шарқ» ва «Помир» идома хоҳад ёфт.
Парда Ҳабиб
***
Пойиз нарафтанист,
Монои ту
Аз хотироти ман.
***
Дил манам,
Ишқ туӣ.
Ман ба фармони туям!
***
Фалсафаи зан
Суқрот мекунад
Мардони хомро…
***
Зимистон ҳам шуд,
Аммо
Дилам сард нагашт аз ту…
***
Ба чӣ менозӣ?
Ба ҳусне, ки Худо бароят ато карда?
Онро, ки ту наофаридаӣ!
Агар мантиқ ин ҷост, барои он ҳусн Худо бояд бифахрад, на ту.
Чун худи Ӯ онро сиришта.
Оё боре дидаӣ, ки барои меваи хушмазза харидор бинозад, на боғбон?
Ҳамчунон ки мева фараҳбахши боғбон аст, ҳусни инсон мояи ифтихори Худованд аст.
Ҳусни ту аз ту нест, моли Худост.
Ба ҳусни хеш маноз, чароки он аз ту нест…
***
Басо касе меҳмони кулбаи зиндагият мешавад, ки гумонат, ҳавлии умрат хушнамо шуда.
Ҳар кадом мехоҳад боғи ту сарсабз бошад, вале бо рангҳои писанди дилашон.
Талош меварзанд, гулҳои мағзи туро бо беҳтарин шеваҳо парвариш бидиҳанд.
Чаҳ-чаҳ задани мурғони хушовози дилатро ба оҳанги худашон меороянд.
Кӯшиши ба даст гирифтани каҷбели замини иродаатро мекунанд.
Дарахтони маънавиётатро аз боварҳояшон обёрӣ месозанд.
Навдаи андешаатро бо ниҳоли беборашон пайванд мекунанд.
Чашмашон аз тамошои ҳосили саргузаштат пурнур мегардад, вале ту…
***
Ту андар зиндагӣ дар ҷомаи гул падид омадӣ. Ва чодар аз сар бигрифтиву чодархаёл гаштӣ.
Булбуле зи ҳуснат девонаву маҷнун мегардид. Ту ба хори дарунат ба дилаш асаре бигзоштӣ. Ва ба хеш болидию атратро ба фурӯш баровардӣ.
Баногаҳ туро харидоре пайдо шуду ба дуконе пур аз гулҳо бипайвастӣ, ки, сад дареғ, шудӣ гуле аз гулдон. Ва ман булбуле аз ҷангал…
***
Ман он кайҳонпаймоям, ки муваффақ нашуд рӯйи Моҳи дилат фуруд ояд.
***
Мекӯбанд
дари умри маро
дақиқаҳо.
***
Дӯст доштанат
гуноҳе буд,
ки ҳатто
обидтарин фард
мехост
анҷом диҳад…
***
Чӣ шуд, ки якбора чанори дилам ҷойи нишасти фавҷи зоғони андӯҳ шуда?
Ман, ки онҳоро нахондаам.
Аммо, чунонки дар урфият мегӯянд, меҳмон атои Худост.
Пас, хуш омаданд!
***
Ишқи аввал коромӯзӣ дар коргаҳи Худованд аст…
***
Гӯянд, ки рӯзгор намоишсарост ва инсонҳо бозигарҳои он.
Пас бармеояд, ки Яздон коргардону сарнавишт намоишнома аст?!
***
Чома чист?
Чонаи мавзун,
Яъне ту!
Чона чист?
Чомаи номавзун,
Яъне ман!
Ардашер ПАЙВАНД