32.2 C
Душанбе

Бо обрӯйи рафта чӣ бояд кард?

Ҳамиди Мусаддиқ баҳманмоҳи соли 1318 (1939) дида ба ҷаҳон кушуд. Дар дабиристон бо чеҳраҳои дурахшони адаб Ҳушанги Гулширӣ, Муҳаммад Ҳуқуқӣ, Баҳром Содиқӣ таҳсил мекард.

7-уми озармоҳи соли 1377 (1998) бар асари сактаи дил дар 58-солагӣ оламро падруд гуфт.

СЕБ

Ту ба ман хандидӣ

Ва намедонистӣ

Ман ба чӣ дилҳура аз боғчаи ҳамсоя

Себро дуздидам.

Боѓбон аз паси ман тунд давид,

Себро дасти ту дид,

Ғазаболуда ба мо кард нигоҳ,

Себи дандонзада аз дасти ту афтод ба хок

Ва ту рафтиву ҳанӯз

Солҳо ҳаст, ки дар гӯши ман ором-ором

Хиш-хиши гоми ту такроркунон

Медиҳад озорам.

Ва ман андешакунон

Ғарқи ин пиндорам,

Ки чаро

Хонаи кӯчаки мо себ надошт.

Байт

Гирам, ки оби рафта ба ҷӯ ояд,

Бо обрӯйи рафта чӣ бояд кард?

ЯК РУБОӢ

З-он лаҳза, ки дида бар рухат во кардам,

Дил додаму шеъри ишқ иншо кардам.

Не, не, ғалатам, куҷо сурудам шеъре,

Ту шеър сурудию ман имзо кардам.

ШОҲБАЙТ

Ман надонам, ки киям,

Ман фақат медонам,

Ки туӣ

Шоҳбайти ғазали зиндагиям.

ХУДШИКАН

Ин марди худпараст,

Ин дев, ин раҳошуда аз банд масти маст

Истода рӯбарӯи ману хира дар ман аст.

Гуфтам ба хештан:

Оё тавони растанам аз ин нигоҳ ҳаст?

Муште задам ба синаи ӯ, ногаҳон, дареғ,        

Оинаи тамомқади рӯнамо шикаст.

БОРОН

Вой, борон, борон;

Шишаи панҷараро борон шуст,

Аз дили ман аммо

Чӣ касе нақши туро хоҳад шуст?

Осмон сурбиранг,

Ман даруни қафаси сарди утоқам дилтанг.

Ман шукуфоии гулҳои умедамро дар руъёҳо мебинам

Ва нидое, ки ба ман мегӯяд:

«Гарчи шаб торик аст,

Дил қавӣ дор,

Саҳар наздик аст»…

БОЗ КУН ПАНҶАРАРО

Дар саҳаргоҳ сар аз болиши хобат бардор!

Корвонҳои фурӯмондаи хоб аз чашмат берун кун!

Боз кун панҷараро!

Ту агар боз кунӣ панҷараро,

Ман нишон хоҳам дод

Ба ту зебоиро.

Бигзар аз зевари оростагӣ,

Ман туро бо худ то хонаи худ хоҳам бурд,

Ки дар он шавкати перостагӣ

Чӣ сафое дорад.

Оре, аз содагияш,

Чун таровидани маҳтоб ба шаб

Меҳр аз он меборад.

Боз кун панҷараро,

Ман туро хоҳам бурд

Ба арӯсии арӯсакҳои кӯдаки хоҳари хеш

Ки дар он маҷлиси ҷашн

Суҳбате нест зи дороии домоду арӯс,

Суҳбат аз содагиву кӯдакӣ аст,

Чеҳрае нест абус.

Кӯдаки хоҳари ман

Имперотурии пурвусъати худро ҳар рӯз

Шавкате мебахшад.

Кӯдаки хоҳари ман номи туро медонад, номи туро мехонад:

– Гули қосид оё

Бо ту ин қиссаи хуш хоҳад гуфт?

Боз кун панҷараро,

Ман туро хоҳам бурд

Ба сари рӯди хурӯшони ҳаёт,

Оби ин рӯз ба сарчашма намегардад боз,

Беҳтар он аст, ки ғафлат накунем аз оѓоз.

Боз кун панҷараро,

Субҳ дамид.

Ҳамиди МУСАДДИҚ, (Эрон)

Таҳияи Н. Қурбонзода

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо