Ба ифтихори 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Ҷумъа Қувват 17-уми декабр дар Иттифоқи нави сандагон шоми эҷодӣ доир гардид. Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, намояндагони ҳуку мати ноҳияи Нуробод, шоирону на висандагон ва донишмандон Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Шералӣ Мусо, Бароти Абдураҳмон, Муҳта рам Ҳотам, Рустам Ваҳҳобзода, Иброҳим Усмонов ва Сипеҳри Ҳа санзод дар бораи вижагиҳои шеъри Ҷумъа Қувват суханронӣ карданд. Гуфта шуд, ки шоири ватанса рову ваҳдатшиор ва рӯзноманигори сермаҳсул Ҷумъа Қувват бо навиштиаҳояш дар байни халқ маҳбубият дошта, дар тар бияи насли наврас ва ҷавон саҳмгузор аст. «Бӯйи гандум, бӯйи нон, бӯйи замин» — китоби тозанашри шоир мебошад, ки дар маҳфил рӯнамоӣ ва ба ҷамъомадагон тақдим гардид. Китоб аз шаш бахш иборат буда, бо пешгуфтори Низом Қосим ба табъ расидааст. Бахши якум номаҳои меҳру садоқат ва бахшҳои дувум, севум ва чорум гулчини назму насри муаллифро дар бар мегиранд. Бахши панҷум аз навиштаҳои дӯстону ҳамқаламон ва шогирдони адиб мураттаб гашта, бахши шашумро аксҳо зеб додаанд.





