Мавсими ҳафтуми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ё ҳамон “Фурӯғ” (даври ниҳоӣ) 13-уми ноябр оғоз шуд. Дар ҷаласаи якуми комисияи озмун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷкистон Дилрабо Мансурӣ суханронӣ кард, натиҷаҳои шаш соли озмунро баррасӣ намуд. Аз ононе, ки дар номинаҳо пирӯз гаш танд, киҳо рисола навиштанд, куҷоҳо рафтанд, киҳо олим шуданду киҳо суханварони ҳирфаӣ… Дар умум, чӣ навовариҳо аз ҷониби онҳо шуд ва ба чӣ корҳо машғуланд! Дар мақолаҳои ҷамъбастии банда (аз соли 2020 то 2023) пешниҳодҳое ҳам буданд, ки аз натиҷаҳои озмун бояд хеле жарф андеша кард. Масалан, яке аз ин пешниҳодҳо ҳамин буд, ки ё дар таркиби Вазорати маориф ва илм ё дар ҳайати Маркази мутолиоти стратегӣ сохторе бошад, ки бо натиҷаҳои озмун фаъолият кунад, дар он сохтор нафақат адабшиносон, балки равоншиносону файласуфон, онҳое, ки ба пажӯҳиши масъалаҳои истротежии рушди кишвар машғу ланд, бошанд. Таҳқиқ кунанд, ки озмун чӣ натиҷаҳо додааст. Агар ба афзои ши сафи китобхонҳо мусоидат карда аст, фоизаш чанд аст, агар ба кашфи истеъдодҳо овардааст, онҳо дар ка дом сохторҳо фаъолият мекунанд ва чӣ шароите барои рушди минбаъдаи шахсияташон фароҳам шудааст. Дар маҷмуъ, ин озмун ба беҳтар шудани фазои маънавии мардуми кишвар сабаб гашт ё не. Оё оморе дорем, ки гуфта тавонем, фаразан, дар фалон минтақа шумори китобхонҳо зиёд шуд ва омилҳо кадом буданд, дар фалон минтақа камтар буд, зеро фалон са бабҳо боис шуданд… Ин сохтор бояд муайян кунад, ки майли мардум ба нашри кадом навъи адабиёт бештар ё камтар аст, вазъи тарҷумаи осори бадеӣ чӣ гуна аст ва чӣ бояд кард, ки ҳам нашри китоб хуб бошад ва ҳам дастрасии мардум ба китоб осон. Агар ҳамин тарзи масъалагузориро идома диҳем, боз даҳҳо масъалаи дигар пеши назар меояд. Дар умум, баҳсу баррасии масъалаҳои ташкилии озмун дар ҷаласа ба банда писанд омад, зеро сухан аз мушкилоти озмун, аз чӣ навъ беҳ сохтани тартибу натиҷаҳои он мерафт. Хулоса ҳамин аст, ки доварон бо назардошти ду меъёр, яке донишманд буданашон ва дигаре шахсият буданашон (ҳадди ақал маъруф бо хисоли ҳамидаашон) бояд интихоб шаванд ва баъди ин навъи интихоб дигар ягон мушкил ба вуҷуд намеояд. 14-уми ноябр даври ниҳоии озмуни “Фурӯғ” расман ифтитоҳ ёфт. Бори дигар дар суханронии раиси комисияи ҷумҳуриявӣ Дилрабо Мансурӣ масъалаи шаффофияти озмун бо ҷиддияти том таъкид шуд. Тавре зикр гардид, ҳар шикояте мерасад, бояд сари вақт бо эҳсоси баланди масъулияти аъзои ин ҳайатҳо баррасӣ ёбад. Хулосаи каломи муаллима ҳамин буд, ки ҳама масъалаҳои марбут ба озмун дар чаҳорчӯби ҳамин озмун, ки то 1-уми декабр идома меёбад, матраҳ ва ҳал шаванд. Тақрибан баъди як соати ҷаласаи ифтитоҳӣ озмун оғоз гашт. Дар номинаи мо то зуҳр ду кас, баъди зуҳр то наздикии шом шаш каси дигар пурсида шуданд. Аз ин довталабони хурдсол ду кас маро хеле хушҳол кард. Чӣ писандам шуд, ки аз ин ду кас ёд кардам? Дониши хуб, тарзи баёни хуб, дафтарҳои нисбатан бехато, ҷуғрофиёи мутолиа… Дар умум, чӣ нуқсу иллатҳо буд? Дафтарҳои пурғалати баъзе довта лабон, ба хурдсолон нафаҳмонидани одитарин масъала, ки ин номина адабиёти ҷаҳон унвон дорад ва дар низомнома як идда адибоне оварда шудаанд, ки махсус барои намоянда гони ҳамин синну сол эҷод кардаанд ва мекунанд. Ин айби довталабон нест, албатта. Кӯдаки синфи 1-4 аз куҷо медонад, ки дафтари осори му толиашударо чӣ гуна мураттаб кардан лозим. Эҷодиёти кадом адибонро ва аз кадом кишварҳо хондан даркор ё фарқи миёни қиссаву масалу роман дар чист! Инҳо ба маънои том ба ёрии омӯзгорон ва раҳнамоҳо ниёз доранд. Дар баста ё дафтари довталабе ному фомили чаҳор касро дидам ва дар дафтари худам ҳам рӯбардор кардам, ки ба эҳтимоли зиёд, на шоиранд ва на нависанда, офаридаи онҳо на шеър аст, на чизи дигар. Тахмин задам, ки шояд ин чаҳор кас “эҷодкорон”-и ҳамон маҳалле бошанд, ки довталаб аз ҳамон ҷост ва ба ҳамин восита ба таърих даромадан хостаанд. Инсоф, “шоир”-и як кӯча ё як барзану гузаре ро дар радифи бузургтарин адибони дунё гузоштан ба чӣ ҳадаф бошад?! Ними шеърро азёд кардан ё порае аз қиссаро хондан, танҳо бо хондани мазмуни мухтасари ин ё он асари ба деӣ қаноат ҳосил кардан ду сол аст, ки ривоҷ дорад. Чаро? Чунки ақидае паҳн шуда, ки доварон вақти кам доранд ва баъди азёд хондани чаҳор ё шаш мисраъ мегӯянд, ки кофист. Ин суханро роҳбаладон ё омӯзгорон мегӯянд, вагарна ақли хонандаи син фи 1-4 ба чунин андеша намерасад. Мушкили дигар бар зарари ҳувияти миллӣ аз ҳад беш ба забонҳои хориҷӣ “дил бастан”-и кӯдакон аст. Чӣ мета вон гуфт, ки довталаб даҳҳо шеър ба забонҳои хориҷӣ донаду як асар, як ҳикоя, як шеър ба забони модарии худ гуфта натавонад! Нависандаи маъруф Мигел Унамуно аҷаб гуфторе дорад: «Беҳтарин ҳадяи ҳаёт инсонест, ки дар ҳузураш ҳар андешае, ки дорӣ, бигӯйӣ!» Мо мегӯем, ки сарчашмаи тамоми андешаҳои нек, ғайр аз китоб, чизи дигаре нест!
Рисолати озмуни “Фурӯғ” панд гирифтану ҷӯянда шудан ва дар ҳаёт пайраҳаи хоси худро интихоб кардан аст, вагарна чӣ лозим, ки садҳо китоб бихониву дар ҳаёт раҳгум бизанӣ! Хонандаи синфи чорум ҳангоми пурсупос хулосаи аҷибе гуфт аз ҳико яи “Дар талоши ҳаёт”-и ҷек Лондон: “Билро ҳирси беандозааш ба тилову сарват кушт: дӯсташро, ки пояш зах мин шуда буду ба ёрӣ эҳтиёҷ дошт, партофт ва оқибат мурд. Он дӯсташ баъдан боқимондаи ҷасади Билро дида, халтачаи тилои паҳлуяшро нагирифт. Хулоса кард, ки дар ин тундраи ваҳшӣ аз тило дида, як пора нон барои ҳаёт муҳимтар аст. Муҳим зинда мондан аст”.
Воқеан, ин асари ҷек Лондон моҳияти талош барои ҳаётро ошкор мекунад. Ҳам неруи бузурги инсонӣ ва ҳам рӯҳи бешикасти одам дар лаҳ заҳои мушкилтарин ба кор меоянд, инсон дар имтиҳонҳои сахти зиндагӣ инсонияташро ошкор мекунад. Барои парвариши ҷисму тан чандон чизи зиёд лозим нест, обу ғизо кофист, аммо барои парвариши рӯҳи одамӣ хондани як китобхона китоб ҳам кам аст. Муҳим, ки рӯҳи одамӣ мисли кӯҳи Бадахшон устувор, мисли дарёи Варзоб ҳамеша дар ҷӯшу хурӯшу беқарорӣ бошад, мисли насими фо рами Муъминобод ҳангоми баҳорон сафои як дам осудагиро бубахшад, мисли ағбаҳои шоҳроҳи Суғд гум нашудан дар ин печутобҳоро талқин кунад. ҷуброн Халил дар “Пайғамбар” аш инсонро иборат аз рӯҳе медонад, ки андаруни ҷисм ниҳон аст. Неруи ин рӯҳ дар гуфтор асту кирдор. Маҳз каломи ин рӯҳ аст, ки месозаду эҷод мекунад, бедор мекунаду эҳё месозад. Ҳамин адабиёт аст, ки як кӯдаки то кунун ягон душвории ҳаёт надидаро барои дидани он душвориҳо омода мекунад, аз садҳо зиндагии дар осори адабӣ таҷрибашуда хулоса карданро меомӯзад. Дар озмуни “Фурӯғ” гоҳе аз каломи дурусту пурмаънои кӯдакони синфҳои яку чор ба ваҷд меоем, гоҳе меандешем, ки чаро кӯдакон бо он фаҳму дарки ба синнашон мувофиқ ба хондани осоре даст задаанд, ки ба бузургсолон мувофиқ аст. Мушкил дар омӯзгорону масъулини бузургсол аст, ки гоҳе ба фарқи рангҳои сафеду сурх сарфаҳм намераванд. Вале дар маҷмуъ, вазъият хуб аст, агар чанд мушкили вобаста аз таълим ва тадриси адабиётро дар мактабҳо ба эътибор нагирем. Архимед гуфта буд: «Ба ман нуқтаи пойгоҳ диҳед ва ман Заминро такон хоҳам дод…» Банда мегӯям: ба ҳамин кӯдакон раҳнамоҳои хуб пайдо кунед, доди сухан хоҳанд дод! Рӯзи аввал шоҳиди дониши ду кас ва рӯзи дигар шоҳиди дониши бисёр хуби ду-се каси дигар аз ҳамин гурӯҳи синнусолӣ шудем. Дар танаффуси ни марӯзӣ ба масъуле гуфтам, ки агар их тиёр ба ман бошад, инҳоро мебараму ба курсиҳои донишҷӯйӣ мешинонам. Бо ин қадар хондану ташаккул ёфтани фаҳму дарк ҳаминҳо аз панҷоҳ фоизи донишҷӯёни донишкадаҳои забону адабиёти донишгоҳҳо беҳтаранд. Аксар донишҷӯёни факултаҳои суханшиносӣ дар курсҳои яку ду ҳадди ақал даҳ роман нахондаанд, аммо бастаҳои ин кӯдакон чӣ миқдор ҳикояву қисса ва масалу афсонаву ҳатто романҳои калонҳаҷм дорад. Духтараке навишта, ки беш аз 800 байт шеър ҳифз кардааст, аз ҳар ҷо, ки интихобан пурсидам, мегӯяду мегӯяд… Албатта, ин хулосаҳои банда ба беҳтаринҳо дахл дорад, ки дар ҳамин чанд рӯз дучор шудем. 15-уми ноябр дар комисияи мо 8 хонанда пурсида шуд. Хубиҳоро гуфтам, акнун навбати нақсу иллатҳо. Писаре (синфи 4) шеъри ошиқона хонд, пур аз сӯзу гудози фироқу ҳиҷрон. Вожаҳое дошт, аз қабили оғӯшу канору дарди дурӣ. Магар душвор буд, ки шеърҳои кӯдаконаи ба синнаш мувофиқ биёбаду азёд кунад?! Гумонам, хуши омӯзгораш наомад, ки андаке ҷустуҷӯ намояд. “Артистизм”-и сунъӣ, аз ҳад беш кашол додани мисраъҳо, аз ҳад зиёд зоҳир кардани ҳиссиёту эмотсияҳо… Хондани шеър ҳунар аст, бояд эътидол дар зуҳури эҳсос риоят шавад. Дигар, кӯдакон ончунон ба забонҳои хориҷӣ мафтун шудаанд, ки қариб забони модариашонро гум кардаанд. Омӯзгорону шуъбаҳои маориф-ку ба хайр, аммо наход волидонро ин андеша такон надиҳад, ки аввалин нишонаи таназзули ҳувияти миллӣ фаромӯш кардани забони модариву миллист! Назари ман, ки раиси ҳайати до варони номинаи “Адабиёти ҷаҳон” ҳастам ва ҳафт сол боз дар ин зина, яъне сатҳи ниҳоии озмун ширкат меку нам, ҳамасола тағйир меёбад. Имсол ба хулосае омадам, ки дар ҳайати доварон ҳатман бояд як равоншиноси кӯда кон (барои хонандаҳои синфҳои 1-4) бошад. Дар Вазорати маориф ва илм ҳам сохторе бошад, ки мунтазам ба омӯзиши ҳама солаи раванди озмун машғул шавад. Равоншиносон бо маслиҳати адабиёт шиносон муқаррар кунанд, ки табиати кӯдакони ҳамин синну сол барои дарки чӣ навъи адабиёти бадеӣ мувофиқтар аст. Донишмандони адабиёт осори ба деиро таҳлил кунанд, мазмуну муҳта вояшро ба равоншиносон фаҳмонанд ва онҳо якҷо хулоса кунанд, ки тавсияи чӣ осори бадеие барои ин синну сол дуруст аст. Хонандаи синфи чорум “Гурбаи сиёҳ” ном ҳикояи нависандаи машҳури амрикоӣ Эдгар Аллан Поро хондааст ва ба суолҳои яке аз доварони ҳайати мо кӯшиши посух гуфтан мекунад. Ин ҳикоя барои ин синну сол комилан мувофиқ нест. Бовар дорам, ки омӯзгори раҳнамояш ин асарро агар мехонд, ҳеч гоҳ ба шогирдаш тавсия намедод. Зеро ин ҳикоя дар жанр ё навъи “хоррор” (аз англисӣ ба маънои “даҳшат”) аст ва эмотсияҳои шадиди тарсу ҳаяҷону нафратро тавассути василаҳои гуногуни бадеӣ ба вуҷуд меорад. Кӯдаки синфи яку чор қудрати фаҳми ин тағйироти равониро надорад ва хонданаш ҳам лозим нест. Аммо барои бузургсолон муфид аст: инсон ҳадди ақал мефаҳмад, ки гуноҳи содиршуда ҳамеша домангири одам аст, агар дар шакли азияти виҷдон ҳам набошад, дар ягон навъи дигар то он даме одамро думболагирӣ хоҳад кард, ки подош ё сазои он дарёфт нагардад. Яъне гуноҳ шуста нашавад. Баъзе асарҳое ҳастанд, ки вежа гии духӯра ё дуқишра доранд, маса лан, “Сайёҳати Гулливер”-и ҷонатан Свифт, адиби номвари англис. Мак табшиносон дар кишварҳои дигар бо ёрии донишмандони адабиёт шакли мухтасар ва барои синни то 12-сола мувофиқашро нашр мекунанд, асосан қисмати аввали ин асарро (боби яку машро, ки “Лилипутия” унвон дорад). Лекин барои онҳое, ки синни булуғро убур кардаанд, ин асар афсонаи кӯда кона нест, балки сатираи тезутунди сиёсиву иҷтимоист. Дар ин ҷо ҳама чиз танқид мешавад, ҳам сиёсат, ҳам илм, ҳам табиати одамӣ. “Робинзон Крузо ҳам фалсафаи амиқи шинохти олами ашёро дорад, агар бо ҷиддияти том ва назари густарда ба атроф муто лиа шавад. Боз якчанд мисоли дигар оварданам мумкин, аз он ки кӯдаконро нодуруст ба олами адабиёт раҳнамоӣ мекунанд. Маълум, ки дар мактабҳо ва гимназияву литсейҳо таълими адабиёт дуруст роҳандозӣ нашудааст ва омӯзгорони ин фан худашон кам ба мутолиа машғуланд. Дар донишгоҳҳо ҳам ҳамин вазъият аст, ин дард ё проблемаи умумист. Як назари умумӣ ба низомномаи озмун ва рӯйхати адибони ҷаҳон кофист, ки масъала роҳи ҳал пайдо кунад. Дар рӯйхат ному насаб ва ватани 122 нависанда ва шоир аз тамоми кишварҳои олам оварда шу дааст, ки махсус барои кӯдакон асарҳо офаридаанд. Ин ҷо адибоне ҳастанд, ки ҳам барои кӯдакон ва ҳам барои бузургсолон адабиёт таълиф карда анд. Акнун андаке заҳмати омӯзгору раҳнамо лозим аст, ки ба қавле “мӯйро аз хамир” ҷудо кунад, асарҳоеро ба рои шогирдаш тавсия диҳад, ки хоси калонсолон набошанд. Сохтани рӯйхати ягонаи асарҳо дар низомнома бар зарари кор мешавад, зеро ҳама китобҳои якхела хоҳанд хонд ва якрангӣ шукӯҳу азамати озмунро аз байн мебарад. Баъдан, озодии интихоби асарҳо ва тамою лоти завқии кӯдакон зери суол бурда мешавад. Пас, ягона роҳ назорати устодон аст, назорат дар масъалаи он ки кӯдакон осори бадеии кӯдакона хонанд. Истисно ҳамонҳое ҳастанд, ки истеъдоди фавқулодаи фаҳму дарки адабиёти бадеиро доранд. Ба фарзи мисол, соли гузашта як духтар, хо нандаи синфи чорум дар номинаи мо, яъне адабиёти ҷаҳон соҳиби “Шоҳҷоиза” шуд, ки ҳатто ба фарқи жанрҳои адабӣ сарфаҳм мерафт. Чунинҳо, мутаассифона, хеле каманд. Акнун мегузарам ба шарҳи он ки 16-уми ноябр дар номинаи мо чиҳо гузашт. 7 довталаб рӯйи саҳнаи озмун буд. Тарзи баёну гуфтор ва истеъдо ди шарҳу тафсири асарҳо аз ҷониби довталабон фарқи ҷиддӣ дошт. Кӯши ши дар умум баён кардани мазмуну муҳтаво буд, аммо лаҳзаҳо ё эпизодҳо камтар. Онҳое низ буданд, ки масалан, “Мошини сухангӯ”-и Азиз Несинро хонда бошанд ҳам, намедонистанд, ки чӣ гуна мошин аст. Баъзе довталабон камтар китоб хондаанд, аммо беҳтар аз дигарон фаҳмидаанд. Дар бастаи баъзе довталабон шеър зиёд, аммо осори насрӣ қариб ки нест. Довталабон ин ё он асари бадеиро пурра нахонда, бо баъзе порчаҳо қаноат кардаанд. Агар ин порчаҳо ибратомӯз (ба маънои он ки идея дошта бошанд, на кандашуда аз як матни бузург) бошанд, хуб аст, агар баръакс бошанд, хуб нест!
Ҳафиз Раҳмон, Раиси ҳайати доварони номинаи “Адабиёти ҷаҳон”





