6.1 C
Душанбе

БАРРАСИИ ШЕЪРУ ҲИКОЯҲОИ КӯДАКОНА

Санаи 19-уми декабр дар Иттифоқи нависандагон маҳфили омӯзишии адибони ҷавон баргузор гардид, ки мавзуи меҳвари яш баррасии адабиёти кӯдак буд. – Адабиёти кӯдакро набояд кори осон тасаввур кард. Он бояд ба дигар навъҳои адабиёт афзалият дошта бошад. Бояд дорои забону баёни хоссе бошад, ки бештар барои кӯдак қобили истиқбол ва маърифат аст, – гуфт дар оғоз гардонандаи маҳфил, мудири бахши кор бо адибони ҷавон Рустам Ваҳҳобзода. Ба андешаи ӯ, ин навъи адабиёт бо за бони сараву соф ва навозанда ва хусусан бо истифодаи хос аз ҳама қолабҳои шеърӣ агар рӯйи кор ояд, суди бештар мебахшад. Имрӯзҳо, мутаассифона, шеъри кӯдак акса ран дар қолаби маснавӣ ва аҳёнан чорпора навишта мешавад. Вале жанри мусаммат дар адабиёти кӯдаки пешини мо хеле ҷойгоҳ дошт. Гулчеҳра Сулаймонӣ, Нари мон Бақозода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар аз қолабҳои гуногун истифода мекарданд. Мудири бахши адабиёти кӯдаки ИНТ Насимбек Қурбонзода таъкид намуд, ки дар ояндаи наздик дар назар аст, бо дастгирии Вазорати фарҳанг гулчини шеърҳои якчанд адиби ҷавон ба нашр расонида шавад. Дар раванди маҳфил иштирокдорон намунаҳои шеъру ҳикояи кӯдаконаашонро пешниҳод карда, аз маслиҳатҳоии манфи атовар бархӯрдор гаштанд ва ба саволҳои худ аз роҳбари маҳфил Рустам Ваҳҳобзода посухҳои мушаххас гирифтанд. Дар охир қайд гардид, ки маҳфили ҳафтаи оянда ба масъалаҳои эҷоди нақд бахшида мешавад.

Б. ТОҶИДДИН, «АС»

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо