25.4 C
Душанбе

«Барои рӯсурхии халқу миллат хуни ҷигар мешаванд». Маҳфили «Ҳумоюн» дар Душанбешаҳр

Рӯзи 30-юми май дар Намоишсарои опера ва балети Садриддин Айнӣ маҳфили “Ҳумоюн” бо ширкати ду шоири номдори тоҷик Фарзона ва Озарахш баргузор гардид. Дар ин рӯйдоди фарҳангӣ адибону пажӯҳишгарон, овозхонҳо ва алоқамандандони каломи бадеъ гирди ҳам омаданд.

Ин маҳфилро Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон ифтитоҳ карда, Фарзона ва Озарахшро ба саҳна хонд.

Фарзона дар ҳангоми суханронияш гуфт, “вақте 33 сол пеш дар Эрон будему номи тоҷикро мегирифтем, бо чашми таҳайюр менигаристанд ва кам одаме буд, ки номи тоҷику Тоҷикистонро шунида бошад, аммо имрӯз вақте тоҷик мегӯем, чашми мардуми ҳамзабони мо медурахшад”.

Дар баробари ин меҳрбону Фарзона аз сафари 12 соли қаблаш ба Душанбешаҳр ёдоварӣ кард, ки ҳамроҳи писари ҷавонмаргаш Ҳумоюн омада буд. Вай гуфт, дар ин гардиш рӯзе ӯро ба ин намоишсаро (Намоишсарои опера ва балет) овардам, рӯзе, ки намоише ба саҳна гузошта намешуд.

– Инҷоро ба Ҳумоюнҷон нишон додаму гуфтам, ки Худованд хоста бошад, рӯзгоре мешавад, ки ин ҷо маҳфилу суҳбатҳо баргузор мекунӣ. Он вақт албатта орзуи мо комилан дигар буд. Барномаи мо дигару барномаи боло дигар аст, – дареғмандона иброз дошт ӯ.

Дар идома Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон сухан ронд. Вай гуфт, “агар шеъру шоир асил аст, ҳамеша ва дар ҳама ҷо хонанда дорад. Пур будани толор далели он аст, ки чӣ андоза ин ду шоир дар дили мову шумо ва тамоми форсизабонон маҳбубияти беназир доранд”.

Муҳаммад Ғоиб, шоири хушноми тоҷик аз ашъори Озарахшу Фарзона ситоиш карда афзуд, эшон аз шоироне ҳастанд, ки “заҳмати бисёр мекашанд, ҷон мекананд ва барои рӯсурхии халқу миллат хуни ҷигар мешаванд. Ин аст, ки қадрашон мекунанд.”

Фарзона ва Озарахш ба баҳонаи муаррифии китобҳои “Ба баҳонаи баҳорон” ва “Сетор”, ки чанде пеш дар Эрон чоп шуду гулчини ғазалҳои ин ду шоирро дар бар мегирад, аввалин нусхаҳои онро ба Аскар Ҳаким ва Муҳаммад Ғоиб тақдим карданд.

Дар идомаи маҳфил Фарзона ва Озарахш ашъори ноби хешро қироат карда, қиссаҳои ҷолиби зиндагии худро нақл карданд, ки ба шеъру адабиёту бузургони миллат пайванд доранд.

Ҳамзамон бо ин овозхонҳои маҳбуб Хосияти Зарафшонӣ ва Афзалшоҳи Шодӣ аз ашъори ин ду шоир чанд тарона суруданд.

Гуфтанист, созмондеҳони маҳфили “Ҳумоюн” шоирон Озарахш ва Фарзона ҳастанд ва он маъмулан дар вилояти Суғд барпо мегардад.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо