«Хоби сурх» филми ҳунарии тозаест, ки бо коргардонии рӯзноманигор ва филмсози тоҷик Соҳибёр Толиб дар заминаи “Тоҷикфилм” сохта шудааст.
Қарор аст, ин филм рӯзи 16-уми май, соати 18:00 барои нахустин бор дар синемосарои “Ватан” намоиш дода шавад.
Коргардони филм дар суҳбат бо adab.tj гуфт, “Хоби сурх” дар бораи пирмарде қисса мекунад, ки дар ҷанги Афғонистон сарбози шуравӣ буд. Ӯ дар бузургсолӣ гирифтори беморӣ шуда, пас аз 2 соли бистарӣ шудан дар бемористони руҳӣ мехоҳад Иттиҳодияи Шуравиро барқарор кунад.
“Миёни ду насл – шуравӣ ва истиқлол бисёр баҳс ва аксаран ду замон муқоиса мешавад. Фикр мекунам, сохтани филм дар бораи ҷомеъае, ки бо ҳасрати Шуравӣ зиндагӣ мекунад, хеле муҳим аст”, – иброз дошт Соҳибёр Толиб.
Муддатзамони филм 80 дақиқа буда, ба гуфтаи коргардон, он баҳори соли 2024 дар Душанбешаҳр ва шаҳристонҳои Варзоб ва Рӯдакӣ филмбардорӣ шудааст. Баҳсу баррасӣ, бандубаст, рангпардозӣ ва садогузории филм дар дарозои майи 2024-апрели 2025 анҷом шудааст.
Нақшҳои марказиро дар ин филм Исфандиёр Ғуломзода, Меъроҷиддин Асоев, Таҳмина Раҷабова, Ғолиб Исломов, Қурбони Собир, Зарпарӣ Хушвақт, Аъзам Розиқ, Қандил Тоиров ва дигарон бозидаанд.

Соҳибёр Толиб
Филмноманависи «Хоби сурх» Соҳибёр Толиб буда, филмбардор – Шуҳрат Қурбонов, тарроҳи саҳна – Фидо Азизмамадов, оҳангсоз – Иқбол Завқибеков, рассоми либос – Эраҷшоҳ Искандаров, тадвингар – Соҳибёр Толиб, рангпардоз Восеъ Набиев (Фирдавс) ва коргардони садо Рустам Атахонов ҳастанд.
Гуфтанист, Соҳибёр Толиб дастпарвари Донишгоҳи омӯзгории Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи синемо ва телевизиони Санкт-Петербург буда, солҳо дар матбуот ва радиои дохилию бурунмарзӣ кор кардааст.
“Хоби сурх” нахустин филми баланди ӯст. Қабл аз ин филмҳои кӯтоҳи “Талош” (2018) ва “Моҳиҳои бузург” (2020)-ро сохтааст.
Соҳибёр Толиб барои филми “Талош” барандаи ҷоизаи Тоҳир Собирови ҷашнвораи байналмилалии филмҳои “Дидор” шудааст.