15.1 C
Душанбе

БАРҚ

Қариб бист сол боз дар маҷлисҳои Ҳукумати мамлакат, ки охири ҳар моҳ барпо мешаванд, иштирок мекунам ва шоҳиди ҳолам, ки дар ҳар кадоми онҳо масъалаҳои муҳими давлатдорию раъиятдорӣ мавриди гуфтугӯи ҷиддию қатъӣ ва самимонаю дилсӯзона қарор мегиранд. Ва гоҳ-гоҳ, вобастаи мавзӯи маҷлис байту мисраъҳое рӯи коғаз меоянд. Аз он ҷумла:

Кафили барқамон гар нохалаф буд,

Сазовору вафодори салаф буд;

Насиби ҷайби ӯ симу зари барқ,

Насиби барқи мо умре талаф буд!

Ватан, дуздони қарқатро занад барқ,

Ба барқу зарқ ғарқатро занад барқ,

Ту бебарқиву барқатро бидузданд? –

Илоҳӣ, дузди барқатро занад барқ!

Ин сатрҳо тахминан даҳ сол пеш навишта шуда буданд, лекин, мутаассифона, ҳоло ҳам рӯзмарраанд. Далел ин аст, ки маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ноябр боз ба ин масъалаи доғи рӯз – таъмини мардум бо барқ бахшида шуд. Раиси Ҳукумат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳамеша амиқу муассир вазъи душвори ин соҳаи муҳими хоҷагии халқи кишварро баён карданд. Зикр шуд, ки оби дарёи Вахш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта панҷоҳ фоиз кам гардида, сатҳи оби баҳри Норак се метр фуромадааст ва ин омилҳо барои истеҳсоли барқи кофӣ мушкили аёнӣ ба вуҷуд овардаанд. Омилҳои дигаре, чун истифодаи исрофкоронаи барқ, бе ҳисобкунак барқ гирифтани баъзе ашхос, корхонаҳое, ки рӯирост ин сарвати миллиро медузданд, муамморо печидатар карда, истиқлолияти энергетикии кишварро мавқуфтар месозанд.

Реформаи системаи барқи мамлакат, ки бо исрори Бонки ҷаҳонӣ амалӣ шуд, вазъро натанҳо беҳ накард, балки боиси бадтар шудани он гардид. Ва, чунон ки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода тазаккур доданд, ин кор бояд баъди ба истиқлолияти энергетикӣ расидани кишвар сурат мегирифт.

Воқеан, дар бораи он «реформа» дар ҷомеа низ гап зиёд аст ва мардум барҷо изҳори ҳайронӣ мекунанду фаҳмиданӣ мешаванд, ки чаро ба шохаҳои муҳими ин соҳаи стратегии кишвари соҳибистиқлоламон бегонаҳо роҳбарӣ мекунанд? Магар онҳо аз осмон чакидаанд? Аз мутахассисони босалоҳияту дилсӯзи худамон чӣ бартарӣ доранд? Оё бо маошҳои ҳангуфти онҳо мутахассисони худамон беҳтару бештар фоида намеоранд?

Дар маҷлис хотиррасон гардид, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба соҳаи барқ низ зарари бисёр расонд. Таҷҳизоти зиёд, аз ҷумла сутунҳои барқ ба яғмо рафт. Бадхоҳони давлату миллатамон роҳамонро бастанду барқамонро қатъ карданд. Ҳатто беморхонаҳоямон барқ надоштанд ва фавти шаш тифлаки навзод дар таваллудхонаҳои пойтахт дар як зимистони қаҳратун дили сӯхтаи миллатро рештар намуд.

Ҳамин буд, ки Ҳукумати мамлакат, шахсан Сарвари давлати пурмушкиламон ҷиддан ба масъалаҳои обу барқ рӯ оварданд. Ташаббусҳои ҷаҳониашонро ҳама медонад, ин ҳам маълум бод, ки кам кишваре барои системаи энергетикиаш дар чунин як муддати кӯтоҳ ин қадар маблағгузорӣ кардаасту мекунад. Бунёди нерӯгоҳҳои хурду калони барқ ба кори пайвастаи Ҳукумат табдил ёфтааст. Ду агрегати НБО-и Норак ва се агрегати НБО-и Қайроққум таъмирӣ куллӣ карда шуданд ва боз даҳҳо соли дигар хизмат хоҳанд кард. 50 фоизи корҳо дар иншооти беназири Роғун ба анҷом расидаанд ва гардон шудани як агрегати дигараш вазъи энергетикиамонро тамоман дигар мекунад. Мутаассифона, омили аёни ҷаҳонӣ – дигаргуншавии иқлим, ки хушксолиҳои мудҳиш ба бор овард, ба кори онҳо низ бетаъсир намемонад. Ин ҳолат, яъне камбуди барқ дар тамоми дунё, ҳатто дар давлатҳои муқтадире, ки газу нефт доранд, ба мушоҳида мерасад. Омилҳои дигар низ ҳастанд, аз ҷумла афзоиши аҳолӣ, ки аз некӯаҳолии мардум ҳам дарак медиҳад. Таваҷҷуҳ кунед, ки дар соли 1991 ҳамагӣ 5 миллион будем, ҳоло, шукр, 11 миллионем. Бунёди корхонаҳои зиёди саноативу иҷтимоӣ, вазъи қаноатбахши молиявии аксари мардум, ки ба истифодаи чандин асбоби замонавии барқӣ дар хонаҳо мусоидат мекунад, омили дигари талаботи бештар ба барқ аст. Албатта, ин омилҳо барои кишваре, ки сарвати бемислаш об асту барқаш обӣ, мшкил эҷод мекунанд.

Раиси муҳтарами Ҳукумат бо самимияту дилсӯзии хоси хеш аз мушкилоти мардум дар мавсими сардиҳо гуфта, ба вазорату идораҳои масъул супоришҳои мушаххасе доданд, ки иҷрояшон ҳатман вазъро беҳбуд хоҳад бахшид. Бо ташвиш аз коррупсияи системаи барқ сухан рафт ва бо далелҳо собит гардид, ки агар дуздиҳо набошад, барқи имрӯзаамон – якуним миллиард киловат барои чор фасли соламон басанда аст. Вале чӣ гуна басанда бошад, ки 50 фоизи талафоташро дуздӣ ташкил медиҳад! Чӣ гуна басанда бошад, ки бо барқи дуздии як беинсоф се ноҳияро бо барқ таъмин кардан мумкин аст! Ин ба ном «талафоти техникӣ», ки дар доираи меъёр имконпазир аст, дар баъзе аз ноҳияҳо то 70 фоизро ташкил медиҳад, ки ҳеҷ қобили қабул нест ва аз дуздии бераҳмонаи сарвати давлату миллат шаҳодат медиҳад.  Умедворем, ки мақомоти қудратӣ тибқи супориши Раиси муҳтарами Ҳукумати мамлакат ин ҳолатҳои шармоварро мушаххасан ошкор ва бартараф мекунанд. Охир, чунин ашхос натанҳо гармӣ, балки дилгармӣ, натанҳо рӯшанӣ, балки нури манзилу дилҳои мардумро медузданд!

Масъалаи дигаре, ки бояд ҳар як шаҳрванди кишвар таваҷҷуҳ кунад: барқи мо дар дунё арзонтарин аст, вале ин набояд боиси ба қадри он нарасидану исроф шуданаш бишавад. Бояд ҳар киловати онро чун нонрезаҳои дастархони бо заҳмати гарон оростаамон сарфакорона истифода бубарем, то ки манзилҳои бештаре дар диёрамон гарму рӯшантар бошанд! Қонуни нави соҳа, ки бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои муштариён эҷод шудааст, ҳамаро ба ин водору вазифадор мекунад ва иҷрои бечунучарояш имкон фароҳам меорад, ки истифодаи барқ дар доираи меъёру инсоф доимӣ бошад ва мардум дар фасли сармо азият накашад.

Таҷриба нишон дод, ки ин кор имконпазир аст. Чунон ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зикр намуданд, порсол талафоти барқ дар пойтахти мамлакат 20 фоиз буд, имсол бо чораҳои мушаххас, аз ҷумла шинондани ҳисобкунакҳои электронӣ ва ошкор намудани барқдуздӣ ин рақам то ба 9 фуромад ва фоизи талафоти барқро дар кишвар низ хеле поён бурд.

Дар заминаи ин таҷрибаи омӯхтанӣ дастур дода шуд, ки ҳисобкунакҳои электронӣ ҳарчи бештар мавриди истифода қарор бигиранд, сарфаи барқ кори ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванду роҳбарони корхонаҳо бошад, истифодаи ҷамъиятию шахсии барқи офтобӣ рушд биёбад.

Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муассир иброз доштанд, ки давлат пайваста дар фикри ҳалли мушкилоти мардум аст ва супориш доданд, ки ҷиҳати ҳарчӣ зудтар аз Ҷумҳурии Туркманистон харидорӣ намудани миқдори зарурии қувваи барқ чораҳо андешида шаванд.

Супориши дигари муассир он буд, ки ашхосу идораҳои дахлдор бояд фаврӣ лоиҳаи Нерӯгоҳи барқи обии Хатлон (Шӯроб)-ро омода бисозанд. Нерӯгоҳе хоҳад буд он, ки зудтар бунёд меёбад ва дар баробари агрегатҳои нави Роғун мардумро бо барқи арзону фаровон таъмин ва истиқлолияти энергетикии кишварро амалӣ мекунад.

Маҷлиси Ҳукумати мамлакат суҳбати заруру муфиде буд аз вазъи мардум дар ин рӯзҳо ва, бовар дорем, ки иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари муаззами давлату миллатамон боиси беҳбуди он мегардад. Эътимоди бештар он аст, ки халқи бузургвори Тоҷикистон бо ин Сарвари ғамхору ин Давлати устувор мушкилиҳои мудҳиштарро паси сар намудааст ва бо фарҳанги модарзоди инсонию ватандорӣ огоҳонаю собирона, ҳамдилонаю сарҷамъона ин зимистонро ҳам баҳор ва дилгармию рӯшанботинии худро бори дигар собит хоҳад кард.

Низом Қосим

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо