22.4 C
Душанбе

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон

Дар таърихи 19–22 майи соли равон дар Душанбешаҳр Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Тибқи иттилоъи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар чаҳорчӯби он барномаи консертӣ, шоми мусиқӣ ва намоишгоҳи ин кишвар дар Душанбе баргузор мегардад.

Аз ҷумла дар рӯзи 20-уми май, соати 16:00, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузории намоишгоҳи “Мероси миллӣ, дурдонаҳои имрӯзи ҳунари Озарбойҷон” дар назар аст, ки дар он асарҳои рассомони баноми Озарбойҷон, бавижа “Мирзо Қодири Эривонӣ – дар буриши салиқаҳои шарқӣ ва аврупоии ҳунар”, ҳунарҳои мардумии ин кишвар, намоиши аксҳои “Қаробоғ. Хотираи мероси миллӣ” ва намоиши муд пешкаш гардад.

Ҳамчунин дар ин рӯз, соати 18:00 маросими Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон дар Намоишсарои опера ва балети Садриддин Айнӣ ифтитоҳ мегардад.

Дар рӯзи 21-уми май, соати 14:00, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ғурфаи адабиёти Озарбойҷон ба кор оғоз карда, миёни китобхонаҳои миллии Тоҷикистону Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум имзо мешавад.

Ҳамзамон бо ин соати 18:00 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон шоми мусиқии этноҷаз сурат мегирад.

Ба ҷуз ин рӯзи 21-уми май боздиди ҳайати меҳмонон аз мавзеъҳои шаҳри Норак – “Боғи анор” ва Неругоҳи барқобии “Норак” пешбинӣ шудааст. Дар идомаи ин соати 18:00 ансамбли давлатии асбобҳои мусиқии бостонии Озарбойҷон дар ноҳияи Данғара консерт медиҳад.

Ҳамин тавр 22-юми май Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон ба поён мерасад.

Гуфтанист, моҳи майи соли 2024 дар шаҳрҳои Боку ва Ганҷаи Озарбойҷон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон низ барпо шуда буд.

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо