37.8 C
Душанбе

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон

Қарор аст, рӯзи 24-уми июл, соати 18:00 дар Намоишсарои опера ва балети Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон сурат бигирад.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, пешопеши оғози барномаи фарҳангӣ дар саҳни бинои театр ҳунарҳои мардумии Муғулистон ба намоиш гузошта мешаванд.

Гуфта мешавад, ки дар чаҳорчӯби Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон ширкаткунандагон бо мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе шинос хоҳанд шуд.

Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон бо ҳадафи таҳким бахшидани робитаҳои фарҳангии ду кишвар баргузор мешавад.

Ёдоварӣ мекунем, ки равобити дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон 24-уми апрели соли 1992 барқарор гардидаанд.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо