Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиши байналмилалии «Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар рушди забону адабиёт ва фарҳангу тамаддуни ҷаҳон»-ро рӯзҳои 24-25 сентябри соли равон баргузор мекунад.
Ба ин муносибат аз пажӯҳишгарону муҳаққиқон ва ҳофизшиносон даъват карда шудааст, ки дар мавзуъҳои зерин маърӯза пешниҳод кунанд:
1. Нусхаҳои хаттии девони Ҳофизи Шерозӣ дар китобхонаҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон;
2. Анъанаи шарҳнависӣ бар девони Ҳофизи Шерозӣ ва таҳқиқу баррасии шарҳҳои қадима ва нав;
3. Тарҷума, таҳқиқ ва нашри девони Ҳофизи Шерозӣ;
4. Ҳофизи Шерозӣ ва таҳаввули ғазал дар адабиёти форсӣ;
5. Тасҳеҳ, нашр ва таҳқиқи шеъри Ҳофизи Шерозӣ;
6. Ҳофизи Шерозӣ ва адабиёти ҷаҳон;
7. Ҳофизи Шерозӣ ва суннатҳои соқиномасароӣ дар адабиёти тоҷикии форсӣ;
8. Бозтоби симои Ҳофизи Шерозӣ дар адабиёти бадеӣ;
9. Шеъри Ҳофизи Шерозӣ ва мусиқии суннатӣ;
10. Ҳофизшиносӣ дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва ҷаҳон;
11. Ҳофизи Шерозӣ ва рушду такомули забони адабии тоҷикӣ ва форсӣ дар асри 14;
12. Маҳфилҳои ҳофизхонӣ дар муҳити адабии Мовароуннаҳр;
13. Поэтикаи осори Ҳофизи Шерозӣ;
14. Ҳофизи Шерозӣ дар пажӯҳишҳои шарқшиносони ҷаҳон;
15. Сохтори луғавӣ, маъноӣ, сарфию наҳвӣ ва услубии забони ашъори Ҳофизи Шерозӣ;
16. Таъсири Ҳофизи Шерозӣ ба шуарои туркзабон;
17. Баррасии тафаккури адабӣ ва ҳунарии Ҳофизи Шерозӣ;
18. Масъалаҳои матншиносӣ ва нашри ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ;
19. Ҳофизи Шерозӣ ва саромадони шеъри форсӣ;
20. Ҳофизи Шерозӣ ва пасояндагони ғазали форсӣ;
21. Ҷомеашиносии ашъори Ҳофизи Шерозӣ;
22. Сабкшиносии шеъри Ҳофизи Шерозӣ;
23. Баррасии шеъри Ҳофизи Шерозӣ аз манзари равоншиносӣ;
24. Ҳофизи Шерозӣ ва ирфон;
25. Китобшиносии Ҳофизи Шерозӣ;
26. Ҳофизи Шерозӣ ва фолклор;
27. Танқид ва мазаммати хурофоту бегонапарастӣ дар ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ;
28. Таълимоти ахлоқии Ҳофизи Шерозӣ.
Мақолаҳо ба забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ қабул карда мешаванд. Мақолаҳо ва гузоришҳои илмӣ бояд дар ҳаҷми аз 7 то 12 саҳифа аз 1 сентябри соли 2025 ба нишонии зерин ирсол карда шаванд:
Ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 21, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, телефонҳо: 227-29-07, (+992) 904-46-23-87
Муҳлати ниҳоии ирсоли мавод 1 сентябри соли 2025 аст.