(Мусоҳиба бо Нависандаи халқии Тоҷикистон Бароти Абдураҳмон)
– Дуруд, устоди арҷманд! Умратон дарозу пур аз файзу баракати эҷодӣ бод! Шунидам, ки шумо дар чанд соли охир романҳои таърихии «Исмоили Сомонӣ», «Охирин подшоҳи Сомонӣ» (Мунтасир) ва романи «Дорои бузург»-ро ба поён расонидед. Дар нигориши инро манҳо чӣ душвориҳое шуморо пеш омад?
– Сипос ба даргоҳи Яздони пок. Дар фасли тирамоҳи умр хирмани эҷодиро бод додему ҳосили ғаллаву донро бардоштем. Он гунае, ки деҳқон заминро кишт мекунаду дона мепошад, банда ҳам дар фасли хазони умр ҳосили заҳматҳои деринаамро гирд овардам, ки романҳои сегонаи «Куруши Кабир» (2006), «Камбуҷия: Пирӯзӣ ва марг» (2012) ва ниҳоят романи «Дорои бузург» падид омад. Банда барои нигориши ин романҳои сегона чор бор ба шаҳрҳои Посоргоду Тахти Ҷамшед, Истахру Шероз, Теҳрону Нишопур, ду бор ба Ҳамадону Исфаҳон сафар доштам. Ҳатто кӯҳи Бесутуну Тайсафун ва рӯди Даҷларо дидам. Ишқи нигориши романи «Исмоили Сомонӣ» ҳангоми сафарам бо устод Ҷалол Икромӣ ба шаҳри Бухоро падид омад. Ҳангоме ки бо роҳбаладии устод Икромӣ сӯйи мақбараи Исмоили Сомонӣ раҳсипор гаштем, дилам беихтиёр ба тапиш даромад. Бинои хиштини оромгоҳ аз дур намоён гашту ашк беихтиёр гулӯгирам кард. Дар пойгоҳи марқади Исмоили Сомонӣ ба зону задаму дардҳои нуҳуфтаи Бухорои азизу ба дил наздик аз замирам берун таровиданд. Ман дар пойгоҳи сағонаи гаҷпӯш мисли фарзанд дар фироқи падар ашк мерехтам. Бори андӯҳи садсолаҳову дарду ғами асрҳо гӯё китфамро пахш мекард.
Банда ҳамчун қаламкаш рисолати инсонӣ ва қарзи нависандагии хеш медонистам, ки дар бораи Исмоили Сомонӣ романе навишта, ормонҳои деринаи дар замирам нуҳуфтаро рӯйи варақ бирезам. Аз рӯйи ҳавову ҳавас ба нигориши романи «Исмоили Сомонӣ» рӯ овардам. Кор бо ҷараёни пажӯҳишу омӯзиш хеле суст пеш мерафт. Ҳангоме ки беш аз сад варақи роман омода гашт, ман тайи чандин сол аз навиштан даст кашидам. Пай бурдам, ки дар навиштаам чизи нав ва бозёфтҳои тозаи эҷодӣ кам аст. Ночор, навиштани роман қафо афтод, зеро пораи офаридаи асар бароям писанд наомад. Мехостам ба навиштани роман аз гӯшаи дигари нигорандагӣ наздик шавам. Солҳо мегузаштанд ва банда ноумед нагашта, шахсияти Исмоили Сомониро меомӯхтам, сарчашмаҳо ва маводи заруриро мегундоштам. Пас аз сафари нахустин бо устод Икромӣ боз панҷ бори дигар қариб аз ҳамаи шаҳрҳои атрофи Бухорою Самарқанд дидан кардам. Гузашта аз ин, Карминаю Фароб, Кешу Нахшаб, Тирмизу Балх, Сарахсу Нисо, Марву Нишопур, ҳатто Қазвину Қалъаи Аламут, Мозандарону Чолусу Рустамрӯди Табаристонро пай мудам, то марзу буми кишваркушоӣ ва лашкаркашиҳои Исмоили Сомониро бо чашми сар бубинам.
– Шумо гуфтед, ки дар роман ду хати тасвир ҷой дорад: яке достони давлату давлатдории аҳди куҳан мансуб ба замони Исмоили Сомонӣ, дигаре хати тасвири давлатдории аҳди навин, ки ба замони истиқлолу талошу пайкорҳои давлатсозии замони мо рост меояд. Чӣ мешуд, ки ҳамин андешаро барои хонандагон рӯшантар баён мекардед?
– Банда пас аз гирдоварии мавод, омӯхтани рӯйдодҳои ду замон ва ҳангомаҳои давлатдорию давлатсозии ҳазор сол пеш ва замони Истиқлоли навин ба пиндоре расидам, ки ин ду давраи таърихӣ монандиву ҳамоҳангӣ ва шабоҳатҳои бо ҳам аҷибе доранд. Масалан, ҳангомаи аз Самарқанд ба Бухоро рафтани Исмоили Сомонӣ ва дар Кармина аз бими се ҳазор лашкари яккачини ҳокими Бухоро – Ҳусайни Хориҷӣ ва андаруни шаҳри Бухоро ва берун аз он чор ҳазор дастаи дуздону яғмогаронро бигирем. Исмоили Сомонӣ ҳамагӣ дусад сарбоз дошт ва бо ин сипоҳиёни камшумор рӯ овардан ба Бухоро баробари худро ба коми марг супурдан буд. Исмоили ҷавон ҳатто аз Абуабдуллоҳи Фақеҳ, ки ӯро ба Бухоро даъват карда буд, чандон пуштибонӣ надид. Ӯ ночор ба сиёсати дипломатӣ рӯ оварда, Абузакариёи Яҳё ва Фазл ибни Аҳмади Марвазиро бо сипоҳиёни хушлибосу ороста назди Ҳусайни Хориҷии ҳокими пешини Бухоро фиристода, бо парчаму номаи хоса ба ӯ ноибии ҳокими Бухороро пешниҳод мекунад. Ӯ бо чорасозию тадбири зиракона ба Бухоро роҳ мекушояд ва ҳама бузургону давлатмардони Бухоро ба пешвози Исмоили Сомонӣ меоянд. Дар таърихи даврони Истиқлоли навин низ мо қариб ҳамин ҳодисаро мебинем. Ҳамаи давлатмардону бузургони шинохта аз Душанбе омадан бим доштанд, зеро шаҳри Душанбе дар миёни беш аз даҳ фармондеҳи ғайриқонунӣ ва силоҳдорону яғмопешаҳои тавоно тақсим шуда буд. Ин дугонагӣ дар бобҳои «Ҳомии Душанбе» ва «Дуруд, Бухоро» тасвир шудаанд, ки сарфи назар аз ҳазор сол ҳамсониву монандиҳои зиёде доранд. Ё худ дар боби «Суиқасд», ки ба ҷони Исмоили Сомонӣ Қараоғуз ном дузди машҳур ва кушандаи одамон шабохун мезанад. Дар давоми ҳамон боб воқеаи ба пеши пойи Президент партофтани норинҷак ҳангоми вохӯрӣ дар театри Хуҷанд ҳамсониву ҳамрангӣ ва ҳа моҳангии аҷибе дорад. Аз дунболи онҳо фаслҳои «Баҳои озодӣ» ва «Сангар» омадаанд, ки шабоҳату ҳамоҳангиҳоро қавитар месозанд. Сухан бисёр аст, вале банда бо он иктифо мекунам, ки ду хати тасвир бо ҳам печида, воқеаҳои ду замонро пеши назар ҷилвагар месозад, ки ба ибораи адабиётшиносон, онро метавон дилодия, яъне асари дугона номид.
– Романи «Дорои бузург» чӣ гуна эҷод шуд ва ба нигориши он чӣ зарурате буд?
– Ишқи навиштани романи «Дорои бузург» соли 2007, пас аз зиёрати оромгоҳи ин абармарди безавол дар ниҳодам падид омад. Ҳангоми навиштани романи «Куруши Кабир» маро навиштаи марҳум Пури Довуд нахуст ба зиёрати оромгоҳи Куруши Кабир бурд ва чор маротиба ин оромгоҳи муқаддасро зиёрат кардам. Пури Довуд нигоштааст, ки ҳар фарде худро ориёӣ мешуморад, бояд дар тӯли умраш ақаллан як бор ба зиёрати оромгоҳи Куруши Кабир ва Дорои Бузург бирасад. Банда ҳангоми нигориши романи «Куруши Кабир» ба сарчашмаҳои таърихӣ ва катибаҳои бобуливу ошурӣ ва порсии қадим рӯ оварда, ба шуҳрати беқарина ва кишваркушоиҳои беҳамтои Дорои бузург ошно будам. Ронандаву роҳбалади худрав чун шавқу шӯр ва меҳри беандозаи бандаро дар тахти Ҷамшед ё худ Персопол дид, маро ҳамроҳи писарам Умедҷон ба зиёрати оромгоҳи Дорои бузург ба Истахр раҳнамоӣ намуд. Оромгоҳи Дорои бузург баръакси мақбараи Куруши Кабир дар тани шахи Ҳусайнкӯҳ ҷой дошт. Ин оромгоҳ дар фосилаи 15 километр аз Персопол дар мавзеи Нақши Рустам бар тани шах канда шуда буд. Баробари оромгоҳи Дорои бузург боз се тоқи баланду муҳташами салибшакл канда шуда буд, ки дар он писараш Хашиёршоҳ ва набераҳояш Ардашери I ва Дорои II дафн шуда буданд. Банда дертар дарёфтам, ки номи Нақши Рустамро пас аз кушта шудани сарлашкари номдори Яздигурди III – Рустами Фаррухзод аз ҷониби Саъди Ваққоси араб гузоштаанд. Бо гузашти замон номи Дорои бузург ва фарзандонаш ба коми фаромӯшӣ рафта, ин мавзеъ Нақши Рустам ном гирифтааст.
Банда аз сафарҳо бозгашта, ба нигориши романи «Дорои бузург» пас аз чопи романи таърихии «Куруши Кабир» рӯ овардам. Доро ҳамчун писарамак ва каси бовариноки Камбуҷия, дар замони шоҳаншоҳии ӯ (530–522 то м.) ба дарбор омада, нахуст силоҳбардор, сипас посбони баргузида, ниҳоят сарвари посбонони шоҳаншоҳ буд. Ҳангоми лашкаркашии Камбуҷия ба Миср ба пояи артишсолори даҳҳазораи безавол расида, то нафаси вопасини шоҳаншоҳ дар паҳлуи ӯ буд. Банда аз рӯйи нуфузу мартаба кӯшидам симои шоҳаншоҳ Камбуҷияро, ки аз Доро даҳ сол бузургтар буд, рӯшану боварбахш тасвир намоям. Ҳангоми нигориш доманаи роман вусъат ёфта, симои шоҳаншоҳ Камбуҷия хеле хотирмон баромад. Аз ин хотир, романро «Камбуҷия: Пирӯзӣ ва марг» ном ниҳода, чоп кардам ва сипас ба нигориши романи «Дорои бузург» рӯ овардам. Бо ҳамин силсиларомани сегонаи таърихии «Куруши Кабир», «Камбуҷия: пирӯзӣ ва марг», «Дорои бузург» падид омаданд. Ҳар се роман услуби хоси нигориш доранд. Сабки нигориши «Куруши Кабир» хоси романнависии маъмулист. Дар романи дуюм «Камбуҷия: пирӯзӣ ва марг» аз таърихи Ҳеродот ва катибаи Бесутун пораҳои дархури ҳадафро овардаам, ки чун санади таърихиву бадеӣ хидмат мекунанд. Дар романи «Дорои бузург» кӯшидаам, ки услуби нигориши катибаи Бесутун ва дигар катибаҳои Дорои бузургро нигоҳ дошта, ҳамаи рӯйдоду воқеаҳоро аз забони шоҳаншоҳ баён намоям. Дар охир ба ёдам меояд, ки устоди арҷманд Муъмин Қаноат ҳангоми хондану ба чоп пешниҳод кардани «Куруши Кабир» пурсида буд, ки чаро романро аз забони Куруш баён накардӣ? Посух додам, ки катибаҳои ӯ бидуни устувонаи Куруши бузург, хеле кам аст ва умр вафо кунад, дар нигориши романи «Дорои бузург» ин услубро корбаст хоҳам кард. Рӯҳи устод Муъмин Қаноат шод бод, ки услуби дархостааш, яъне аз забони Доро баён кардани сарнавишти ҳангомаборашро то тавонистам, корбаст намудам.
– Устод, то ҷое медонам, Шумо ба адабиёт бо китобчаи «Шабҳои маҳтобӣ» ворид шудед, ки ба он устод Ҷалол Икромӣ пешгуфтор навишта буд. Сипас қиссаи «Кимиёкаҳ», повести «Давлати сарам, модар», романҳои «Дунёи сабзи ишқ», «Биҳишти фиребо» ва саранҷом романи «Нимароҳи аъроф» дастраси хонандагон гардиданд. Бигӯед, ки чаро солҳои охир ба навиштани романҳои таърихӣ рӯ овардед? Ба пиндори Шумо, ҳамчун нависанда, нигориши романҳои таърихии бадеӣ нисбат ба романҳои бадеии замони муосир душвор аст ё осон?
– Ба пиндори банда, нигориши асарҳои таърихии бадеӣ омодагии бештар, заминаи устувор ва гирдоварии сарчашмаҳои муҳимми таърихӣ, осори гузашта ва андешаҳои навини олимони муосирро талаб дорад. Бахти банда будааст, ки ҳам дар аҳди шӯравӣ ва ҳам дар замони истиқлол дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи тоҷик кор кардам. Ин боргоҳи бонуфузи академӣ сарукор гирифтанро бо сарчашмаҳои таърихӣ, осори гузашта ва дастовардҳои навини илмӣ бароям омӯзонд. Ҳар як санаду далел, рӯйдоду воқеаҳои таърихӣ, ҳодисаҳои муҳимми сиёсиро аз тариқи чандин сарчашма муқоисаву баррасӣ мекардам. Ин мактаби бузурги илмӣ, ки беш аз сӣ соли умрамро барояш бахшидам, маро ба ҷодаи нависандаи таърихнигор ҳидоят намуд. Сарукор гирифтан ба қомусномаҳои пешину навинро омӯзонд. Санҷишу қиёси далелҳоро сабақ дод ва бароям заминаи устувори нигорандагиро фароҳам овард. Акнун меоем ба сари душвориҳои нигориши асарҳои бадеии таърихӣ. Банда чанд мисол меорам. Қариб ҳамаи таърихнигорон аз «Таърихи Наршахӣ», таърихномаҳои Ибни Асир, Ибни Ямин ва Мирхонд овардаанд, ки Исмоили Сомонӣ ба Бу хоро омада, муддате шаҳрро ба тартиб овард ва Ҳусайни Хориҷиро ба зиндон афканд. Дигар маълумоти васеътаре, ки чӣ гуна Бухороро ором кард, чӣ тадбирҳо андешид ва бо кадом ҷурму гуноҳ Ҳусайни Хориҷиро ба зиндон афканд, дастрас намегардад. Нависанда бояд дар заминаи омӯхтани фазои сиёсии Бухорои он рӯз, кору кирдори давлат мардони атрофи Исмоили Сомонӣ ва воқеаву рӯйдодҳои он шабу рӯзҳо, чандин фасли боварибахши романро дар заминаи ҳамин маълумотҳо биофарад. Шахсиятҳои таърихии он рӯзҳо, амсоли Абуабдуллоҳи Фақеҳ, Ҳусайни Хориҷӣ, Абумуҳаммади Бухорхудот, Ҳусайни Аълои сипоҳсолор ва дигар касони атрофи ҳокими навро фароҳам оварда, фазои боварбахши ба зиндон афкандани Ҳусайни Хориҷиро тасвир намояд. Таърихнигор ба санаду далелҳои овардааш қаноат мекунад, вале нависанда дар қолаби ин санаду далелҳо ва рӯйдодҳои он шабу рӯз муҳиту фазои гунаҳкор шудан ва ба зиндон афкандани Ҳусайни Хориҷиро месозад. Ё худ бигирем романи «Охирин подшоҳи Сомонӣ»-ро. Таърихнигорони болоӣ ва олимону таърихнигорони замони мо фирори Абуиброҳими Мунтасирро аз зиндони Узганд бо ёрии канизаш дар либоси занона қаламдод мекунанд. Ва сипас менигоранд, ки худро ба Бухоро расонида, пинҳон шуд ва аз он ҷо ба Хоразм рафта, бо сарлашкари пешини падараш Арслон Болу пайваст. Аз Узганд то Бухоро савори асп якмоҳа роҳ аст. Аз Бухоро то Хоразм беш аз 15-рӯза фосила ҷой дорад. Барои таърихнигорон чӣ гуна раҳидан, бо кадом душвориҳо ин роҳҳоро паймудан, аз чанголи ҷосусони қарахонӣ чӣ гуна халос шудан, аз куҷо силоҳу лавозимоти ҷангӣ пайдо кардан, дастмузди сарбозони кирояи туркро бо кадом сиккаву пул пардохтан муҳим нест. Вале нависанда бояд хишт ба хишт онро бисозад, рангубор бахшад, ҷузъиёти хотирмон ва саҳнаҳои боварбахшро биафзояд. Чунон тасвир намояд, ки ҳам шавқовару ҳам боварбахш бошад. Абуиброҳими Мунтасир ҳабдаҳ набард оростааст. Панҷ маротиба подшоҳи қарахониҳо Насри Илехон ва ду маротиба бародари Султон Маҳмуди Ғазнавӣ – Насри Сабуктегинро шикаст дода, даҳҳо сарлашкари онҳоро асир гирифтааст.
– Магар як ҷавонмарди тақрибан бистсола бо кисаи тиҳӣ ва бидуни лашкари тавоно ва силоҳи ҷангӣ ба ин пирӯзиҳо метавонад бирасад?
– Албатта не! Инро бояд нависанда бисозад, далелҳои боварбахш ва созгори фазои замонаро гирд оварад, ба шахсиятҳои таърихии атрофи Абуиброҳими Мунтасир такя кунад ва симои канизи вафодорро рӯшантар тасвир намояд. Аз ин лиҳоз, таърихнигор касеро мемонад, ки ҷойи рӯйдодро бо солу моҳаш менигорад. Вале нависанда меъмореро мемонад, ки на фақат тарҳи биноро мекашад, балки онро хишт ба хишт болои ҳам чида, деворҳои биноро мебардорад, хонаро мепӯшонад, онро орову рангубор медиҳад ва сипас хонандаву мухлисони каломи бадеъро ба даруни хона ҳидоят менамояд.
– Дар фарҷоми суҳбат ба хонандагон ва мухлисони эҷодатон мегуфтед, ки ҳоло ба навиштани кадом роман машғул ҳастед?
– Банда ҳоло ба нигориши романи таърихии «Парчамҳои фитодаи Рим» машғулам. Ин роман яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи давлатдории моро дар аҳди портҳо ё худ ашкониён фаро мегирад, ки онро давлатмардони Рим Парфия меномиданд. Ин давронест, ки се сарлашкари абарқудрат – Гней Помпейи Бузург, Марк Красси сарватманд ва Юлий Сезари кишваркушо давлати абарқудрати Римро зери фармон доштанд. Ҳангоме ки бобҳои нахустини романро навиштам, пай бурдам, ки хонандаи одӣ фазои сиёсӣ ва муҳити онрӯзаи Рими қадимро аз бобҳои навиштаам чандон тасаввур карда наметавонад. Романро дубора кор кардам, саҳнаҳову воқеаҳои боварбахшро афзудам, мазмуну моҳияти ҷангҳои дохилӣ ва хориҷиро кушодам. Марк Красс, ки сарватмандтарин давлатмарди Рим буд, ҳамроҳи писараш Публий Красс нуҳ легиони ҷангӣ ва ду ҳазор савори яккачинро гирд оварда, ба Парфия лашкар мекашад. Дар муҳорибаи Карра (Харрон) Марк Красс ва писараш Публий Красс кушта мешаванд ва нуҳ парчами легионҳои Рим ба дасти сарлашкари тавонои парфиянҳо Рустами Меҳрдод, аз табори Сурениҳо меафтад. Дар майдони набард сӣ ҳазор римиҳо ҷон бохта, даҳ ҳазор асир меафтанд ва аз ҳама аҷибу шигифтангезаш он аст, ки Рустами Меҳрдод саромади Баҳроми Чӯбинаи овозадор буд. Таърихнигорон хуб медонанд, ки Баҳроми Чӯбина саромад ё падарсолори хонадони Сомониён мебошад. Агар умр вафо кунад, банда романи сегона меофарам, ки китоби нахустини он «Парчамҳои фитодаи Рим», китоби дуюмаш «Баҳроми Чӯбина» ва китоби сеюмаш «Сомонхудот» хоҳад шуд. Ва се китоб дар як ҷилд нахустин китоби силсилаи Сомониёнро фароҳам меорад, ки онҳо дар маҷмуъ шаш китоб хоҳанд шуд. Чуноне дар боло гуфтам, ду китоби он омода аст ва банда машғули навиштани чор китоби дигари хонадони Сомониён мебошам.
– Дар арафаи ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ ба шумо барору дастовардҳои тозаи эҷодӣ хоҳонем. Илҳоми саршори гулу шукуфаҳо ва ҳосили хирмани нави эҷодӣ насибатон бод!
Суҳбатнигор
Бузургмеҳри ТОҶИДДИН, «АС»