(Мусоҳиба бо шоир ва донишманд Зиё Абдуллоҳ)
– Ба андешешаи шумо, барои густариши бештари худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ чӣ корҳоро бояд ба сомон расонем?
– Худшиносӣ, яъне:
а) Эҳтиром ба рӯҳи миллӣ аз роҳи пиндор, гуфтор ва кирдори неки бунёдиамон, ки виҷдон, дониш ва дини мо аз он рӯидааст;
б) Эҳтиром ба худ, ки ҳурмат ба дигарон аз он рӯида, роҳи эҳтиром ба худи моро рӯшан медорад;
в) Эҳтиром ба андешаи неки дигарон, ки рушди оромонаи андешаи бунёдии моро ғизо медиҳад, ки «оромиш–биҳишт» гуфтани бузургон аз ин ҷост;
г) Эҳтиром ба дониш ва касбу ҳунари зоянда ва офарандаи бунёдиямон, ки рушди иқтисоди фард-фарди моро таъмин мекунад ва аз зорию хорӣ то дергоҳ мераҳонад.
Чи хуб мебуд, давлат поягузори як фарҳангистони бузурги «Бунёдшиносӣ» бо пажӯҳишкадаҳои вобаста ба он бошад, ки инҳоянд:
1. Миф-мит ва таърихи бостон аз дари метафизика ва мантиқ.
2. Тухмашиносӣ (ген) ва хуномезӣ.
3. Андешашиносӣ (барои шинохтани бунёди андешаи инсон ва инсонӣ ва фарқи онҳо вобаста ба замон, миллатҳо ва таърих).
4. Ҷаҳоншиносӣ ва табиатшиносӣ (замин, кӯҳ, об, ҳаво ва муҳит) – барои пизишкии дуруст. 93 дар сад кӯҳистонем, вале донишгоҳи кӯҳшиносӣ надорем, ки ватаномӯзии дигарест.
5. Диншиносӣ, зеро ҳоло дар дунё ҳеч миллате нест, ки динро ба маънои аслиаш шинохта бошаду диндор бошад. «Динҳо» ҳазорсолаҳост, ки ба ҳаппаки бозӣ ва фитнаи ҷангу ғорату таҷовузи мутаассибон ва ифротиён табдил ёфта ва ҳанӯз монда.
Инҳо дар ҳамдастӣ ба омӯхтани дониши ростини соҳаҳои гуногун дар мекушоянд, бавижа аз роҳи инженерӣ, яъне сохтусози андешаи неки амалии инсонӣ ва инсонпарварӣ ва аз ин роҳ ватандорӣ, ки замина тайёр мекунанд, то ростро аз дурӯғ ва некро аз бад ва доноро аз нодон дақиқ созем.
– Ин рӯзҳо мавзуи хурофоти диниву мазҳабӣ бисёр матраҳ мешавад. Лутфан, бигӯед, ки хурофот дар куҷо реша дорад ва он решаро чӣ гуна метавон нобуд кард?
– Хурофот дар авом решаи бисёр куҳна дорад ва аз воҳима об мехӯрад ва бо «ғизо»-и дурӯғ, фиреб, ҳангома, васваса, хаёли подарҳавои мутаассибони «дин», чаламуллову чалазиёӣ парвариш дода шудаасту мешавад. Дар рӯзгори Зардуштӣ подгон–лашкаргоҳро Зиндон меномиданд. Мутаассибони исломӣ масҷидҳоро лашкаргоҳҳои авом карданд, то мағзи онҳоро зиндонӣ созанду дар хурофоти яхзада бидоранд. Ин яхро танҳо дониши ростин ва кашфиёти ба хидмати мардум гузошта оҳиста-оҳиста об хоҳад кард. Сабаби нашинохтани ҳуқуқи инсонии худ ва якдигарӣ зери домани ҳамин мағори таассуб ва хурофоти тортанакзада хоб аст. Онро рӯшан ва офтобӣ бояд кард, ки зарурати аввалдараҷаи дониши ростинро талаб дорад. Чи хурофоти аз берун дамида ва чи аз дарун расида. Барои мисол, 1350 сол дар наҳзании дини аз ниҳоди инсонии худамон рӯида, яъне зардуштӣ будем ва чи туҳматҳо, ки бар сараш боридем. Вале имрӯз донишмандони таърихи динҳои куҳна ба ин натиҷа расидаанд, ки мурда ба зоғу заған додан, ҳамсарӣ бо хоҳару духтар, майзадагӣ ва фисқу фуҷури дигар аз ҷониби мутаассибони дини маҷусӣ ташвиқу тарғиб мешудаанд. Инҳоро мутаассибони исломӣ ба сари дини зардуштӣ заданд, ки кӯбидан ба сари покӣ ва ростии ниҳодии инсонӣ буд. Рӯшандории дурӯғу туҳматҳо сабаби бузурги оромиши ҷомеа мешавад. Аз баҳри тантанаҳои хурду реза гузашта, ба ҷашнҳои Истиқлол, Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада эътибори дуруст доданро афзоем, ки инҳо ваҳдати решадор меофаранд.
То даме андешаи мо побанди «дин»-и беруна аст ва дар кушоданаш ба кирдори нек намекӯшем, хурофот решадор мемонад ва авом ҳам бозичаи дасти чаламулло хоҳанд буд. Хурофотиён хуб медонанд, ки омӯзиши ростин дурӯғи онҳоро рӯшан мекунад (аз таҷрибаи мубадон ва орифони бузург), аз ин рӯ ниҳоди оромишро ба ҳам мезананд, то фарқи нек аз бад, ростӣ аз дурӯғ ва доно аз нодон пӯшида бимонад. Ин маънои онро дорад, ки соҳиби андеша ва рӯҳу равони мо будаанду ҳастанд.
– Шумо, ки аз оғоз бо навиштаҳоятон бар зидди хурофоту дигар камбудҳои ба ин монанд мубориза мебаред, бархӯрди ҷомеаро чӣ тавр эҳсос мекунед?
– Пайдост, ки ҳеч ҷунбиш бе сардор намешавад ва бе сармоя низ. Сардорони хурофотиёни мо аз берун буданд ва бо сармояи калон ва ғарази бузург. Бинобар ин, бархӯрдҳо, ҳангомаҳо ва васвасаҳо дар оғоз тезутунд буданд ва авоми думрави чаламуллоён низ зиёдтар буданд. Ва бехабарона ҷомеаро аз асли созанда ва офарандаи бунёдии худ дур меронданд. Хурофот дар паҳлуи рости худ шовинизм (миллатгароӣ) ва дурӯғу воҳимаро нишонда. Агар дуруст эътибор диҳед, мебинед, ки имрӯз ҳар куҷо миллатгароӣ буду ҳаст, он ҷо ҷангу худхурӣ ва кӯдаккушии бисёр бад барпост, ки инсонро аз инсонии поки ниҳодии худ берун мезанад.
Ҳисҳои фиребгар оҳиста-оҳиста рӯ ба ақибнишинӣ ниҳода истодаанд ва он сабаб шудан дорад, ки ҷавонон сари андешаи худ ва худрӯ бигиранд ва аз андешабозиҳои «дрижёрҳо»-и андеша ва ватанфурӯш рӯ ба дуршавӣ биниҳанд ва рӯ ба донишу ҳунар оваранд. Ҳар қадар ин ҷавонон дониш ва ҳунари худро шукуфонда, амалӣ сохтан гиранд, яъне ба кирдори нек пайванд задан гиранд, он қадар таассуб ва хурофот беҳудагии худро дармеёбад. Ва хуб аст, ки ҳоло ин равиши рӯшангар пеш афтодан дорад, ки ҷавононро яклахт ба худшиносии бузург ва шукуфоии зебо хоҳад расонд.
То даме роҳи худро аз торикии андешаи ҷоҳилонаи боршуда аз бегона бо пиндору гуфтору кирдори неки ниҳоди худ рӯшану чароғон накунем, роҳи мо ҳамвор нахоҳад буд. Ва саволи халқии «Каҷмакаҷак, рост нарафтӣ чаро?» рӯбарӯ хоҳад истод. Бузургон беҳуда кирдорро бисёр муҳим нашуморидаанд.
– Ҳоло дар дунёи муосир нисбат ба адибону рӯзноманигорон ва дигар қишри зиёии ҷомеа мавқеъи блогерон, ки дар интернет фаъоланд, зиёдтар аст. Барои эътибори пешинро пайдо кардани зиёиён кадом чораҳо бояд андешида шаванд?
– Ҳосили пиндору гуфтору кирдори онҳоро бояд имтиҳон кард ва ба намоиш гузошт. Бояд омӯхт, ки онҳо дар кушоиши чашми донишанд ё хокпошӣ ба чашми дониш. Ва нишон бояд дод, ки хоки пошидаи онҳо ба чашми худашон агар не, ба чашми фарзандону набераҳошон борида ва дар чӣ поя.
Ҳаким Носири Хусрав дар рисолае мегӯяд: «Дурӯғ дуру дарозу беохир, вале ростӣ кӯтоҳу дақиқ». Имтиҳони онҳо рӯшан хоҳад кард, ки чӣ касе ростипарвар аст. Интернет мисли зиндагӣ ҳамаро рӯйи каф мегузорад, аз ҷумла дурӯғу зишту камдониширо. Аммо шинохтан ва омӯхтан низ ба дараҷаи дониш ва фаросати хонанда вобаста аст.
Зиракӣ бигзор, ҳайронӣ бихар,
Зиракӣ занн аст, ҳайронӣ назар,
гуфтааст Мавлоно. Занн гумон аст, ҳайронӣ андешае, ки пеши кушоиши бузурги ҳанӯз ношинохтаи нав ҳайрон аст, ки чӣ гуна дари неке барои ин дари нав низ бинамояд, то ин кушоиш ҳам дуруст шинохта шавад. Яъне ҳайронӣ «истгоҳ»-и нигоҳи нав аст.
Зиракон аз рӯи одат патар-патар давидан доштанду доранду задан.
Байти Мавлоноро шоире чунин тафсир ҳам дода:
То хирад як бор меҷунбад зи ҷо,
Нуҳ фалак нуҳ бор мечархад гумон.
Худ ба худ пайдост, ки модари зиракӣ андешаи бад аст, аз ин рӯ ҳосилаш бадиву ҷангу хунрезист. Модари хирад андешаи нек аст ва мевааш ҳам созиш ва ободгарист. Аҷиб, ки зиракӣ агарчи ҳазор бор таҷриба кардааст, вале «ҳосили худ»-ро зуд «фаромӯш» мекунад, зеро ҳамеша ба даводав овора. Мисли Рустами «Шоҳнома», ки меҳр борҳо ҳам аз дарун, ҳам аз берун нишонаи огоҳӣ медиҳад, вале ғурури ҷоҳилонаи худбиниаш ғолиб меояд ва ба сари худаш сангинтарин фоҷиаро мезояд.
– Вазъи кунунии забон ва адабиётамонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Ҳар коре рӯзгори кушоиш ва шукуфтан дорад ва сукут низ, аз он ҷумла забон ва адабиётамон. Забонамон ҳоло дар шонакушоии тоза ва адабиётамон мисли адабиёти ҷаҳон дар шонапӯшӣ ва омӯзиш. Ба сабаби озодии интернет беҳудагӣ ва пучии хеле суханҳо, ҳатто баъзе маъниҳои домангири дер низ рӯшан шудан доранд, яъне талқини диду биниши нав мехоҳанд, ки замон пеши ҷомеа гузоштааст. Имрӯз дигар коркарду корбурди заводу фабрикаҳо низ талаби дониши расоӣ дорад.
– Чун дар пеш ҷашни Истиқлоли давлатиамон аст, мехоҳем аз шумо бифаҳмем, ки ин неъмати бебаҳо то кадом андоза қадр карда шуд ва барои мазмуну моҳияти аслии худро нигаҳ доштанаш имрӯзу фардо бояд кадом тадбирҳоро роҳандозӣ кунем?
– Оромиш ва сохтусозҳои бузург баҳои неъмати бебаҳои озодӣ ҳастанд, ки қомат бардошта, худро нишон додан доранд. Ва бузургтар аз ин кӯшиши ҷомеа барои дарёфти инсон будани худ аз ниҳоди худ аст, ки оғози тоза ёфтааст. Ин равиш аз сӯйи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид ва дар кирдор ҳам нишон доданд, ки равиши дуруст ва ростин ҳамин аст. Озодӣ худ ба қадри худ мерасад, аз ин рӯ ҳамеша дар пайи шукуфондани худ буда ва ҳаст. Таъсиргузорияшон ба давлатҳо ва халқҳои дигар низ пеши чашми ҳамагон аст. Ва ин такон додани як ҷунбиши хиради нек аз ҷониби он кас аст, ки зодаи ҳушёрист, Мавлоно онро «ҳайронӣ» таъбир карда. Агар аз ҳар даҳ кас як кас бунёди ин аслро дарёбад, шукуфтанҳо рангин ва дердавом хоҳад буд.
– Барои хонандагони ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» чӣ паёми тозаи эҷодӣ доред?
– Осмон дар ҳавои озодист,
Зардуҳишт аз барои озодист.
Чанд дар гирди ноф печидан,
Дил бигӯ, ки Худои озодист.
Дил пахшу паҳнгари андеша, гуфтор ва кирдори нек аст, аз ин рӯ мардуми мо маҳз дилро Хонаи Худо гуфтаанд. Аҷиб ин ки дар дили дил низ дилчае сари кор будааст ва ҳанӯз кори он ба дурустӣ ошкор нашудааст.
Суҳбатнигор
Бузургмеҳри ТОҶИДДИН, «АС»