Сафармуҳаммад Айюбӣ дӯст ва ба родари азизи мо – шоир, драманавис, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, аз шахсиятҳои обрӯманд ва шинохтаи миллати мо буд. Сафармуҳаммад қобилияти та биии шеъргӯйӣ дошт. Умуман, агар ба шаҷараи ин авлод назар афканем, эҳсос мекунем, ки авлодан одамҳои қобилиятноканд, инсонҳое ҳастанд, ки ба василае дар таърихи зиндагии хеш нақше гузоштаанд. Сафармуҳаммад Айюбӣ низ аз ҷумлаи боистеъдодтарин шахсиятҳо ба шумор мерафт. Ӯ дар ҷодаи шоирӣ нуктасанҷ ва маъниёб ва бо тасвирҳои содаю ҷолиб ва муъҷизабаёнӣ шуҳратёр гардида буд. Вай дар соҳаи савдо кор мекард ва мудирияти як фурӯшгоҳеро дар Кӯлоб бар дӯш дошт, вале бино бар он ки шоир буд, аз ин соҳа даст кашид ва аз пайи шеър рафт. Замони дар соҳаи савдо кор карданаш шеърҳояшро ба идораи рӯзнома, назди ман меовард, ки чоп кунам. Ман дарк мекардам, ки ӯ қобилияти фавқулодаи шоирӣ дорад ва худаш низ инро мефаҳ мид ва бо исрор ба ман мегуфт:– Боз шеърҳои маро ислоҳ накунӣ? Ман хандида мегуфтам: – Мерасад рӯзе, ки шеърҳои туро ис лоҳ карда намешавад, вале айни замон каме қалам задан даркор. – Не, не, устод, қалам задан даркор нест, шеърҳои ман ана, ҳамин хел бояд нашр шаванд. Бале, ӯ мехост шахсият будани хешро нишон диҳад. Рости гап, ин гуна хислатҳоро дар инсон меписандаму дӯст медорам, зеро чунин шахсон ба неруи тавонои худ бовар доранд. Инсонҳое, ки мехоҳанд худашонро нишон диҳанд, барои ин кӯшиш ҳам мекунанд. Онҳо шахсиятҳои хоссаанд ва ин як нишонаи соҳибистеъдод будани онҳост. Сафармуҳаммад оҳиста-оҳиста ба хулосае омад, ки роҳи шеъру эҷод роҳи ҷиддӣ ва мушкил аст. Вақт ва фурсати зиёд даркор аст, шабҳои бехобиро паси сар кардан лозим меояд. Хулоса, шеъру шоирӣ нони муфт надорад, вале ҳама ин заҳматҳо роҳати ширин ҳам доранд. Вақ те ки мебинӣ, як шеърат чоп шудаасту ба дарди ҷомеа марҳам гаштааст, ҳамаи заҳматҳо фаромӯш мешаванд. Ҳамин тариқ, Сафармуҳаммад Айюбӣ ҷойи сердаромади савдоро тарк карда, аз пайи шеър шуд ва роҳи рӯзноманиго риро пеша кард. Рӯзноманигорӣ низ соҳаи сертакопӯ ва серташвиш аст, вақти муайян надо рад, шаб ҳам кор асту рӯз ҳам. Сафармуҳаммад ҳам аз ин гуна ашхос буд, аз мушкилӣ намеҳаросид ва гоҳе дар як вақт аз уҳдаи иҷрои чандин корҳо мебаромад. Ӯ, ки соҳиби истеъдоди хосса буд, тавонист, ки ҳунари худро дар байни 10 15 сол нишон диҳад ва ба дигарон дарси шеър низ омӯзад. Ману ӯ ҳамчун бародару дӯст бисёр вақт дар сари як пиёла чой менишастему бо дӯстон ин нишастро ба маҳфили эҷодӣ табдил медодем. Ӯ шахси хайрхоҳ буд ва ёриашро аз шоирони ҷавон дареғ намедошт. Сафармуҳаммад шахси ҳунарманд буд. Найро бисёр нағз менавохт ва аз беҳтарин мусиқинавозону мусиқишино сон маҳсуб меёфт. Ҳамин ҳунараш буд, ки ӯро ба эҷоди зеботарин таронаҳо бурд ва имрӯз сарояндагони номии ҷумҳурӣ таронаҳояшро бо завқ месароянд. Сафармуҳаммад ҳунарманде бо истеъдоди табиӣ буд ва аз ин рӯ таронаю шеърҳояш низ бо равонӣ рӯйи дафтар мерехтанд. Дар баробари шеъру таронаҳои беҳтарин ӯ асарҳои саҳнавӣ низ мео фарид. Асарҳои зиёди ӯ дар саҳнаҳои бузург садо медоданд ва дар озмунҳо ҷойи намоёнро ишғол мекарданд. Яке аз беҳтарин асарҳои саҳнавии ӯ драмаи “Фишор” мебошад. Кори эҷодии Сафармуҳаммад ба на виштани драма низ анҷом намеёфт. Вай саҳнаҳои бисёр калонро меофарид ва идора мекард. Саркоргардони саҳнаҳои зиёди ҷашнӣ буд. Гурӯҳи калони ҳунар мандонро роҳбарӣ ва роҳнамоӣ мекард. Яъне Сафармуҳаммад шоир ва ҳу нарманди одӣ набуд. Ба ҳар соҳае, ки вобаста мешуд, онро уҳда мекард. Ҳамин тавр, дар шаҳри Душанбе саҳнаи чанд намоиши фарҳангиро, ки ба муносибати ҷашнҳои гуногуни таърихӣ буданд, нағз барномарезӣ кард. Бо шукргузорӣ номи Сафармуҳаммад Айюбӣ аз байн нарафтааст. Мутаасси фона, умри дароз ҳам надид, то 70-со лагӣ расида натавонист, зеро назар ба он қуввае, ки дар ботин дошт, бештар мехост кор кунад. Умуман, оромишро намеписандид ва намехост, ҳарчанд аз зиндадилию нишастҳои дӯстона ҳеч гоҳ худро канор намегирифт. Афсус, ки беморӣ оқибат ӯро аз по фитонд ва бо ёрии шахсони муътабари ҷумҳурӣ, аз ҷумла раиси вақти шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳри Маскав ҷарроҳӣ шуд ва боз ба кори эҷодӣ баргашт, вале ҳаёт нисбат ба ӯ бевафоиро раво дид. Сафармуҳаммад мегуфт: – Афсус, афсус, одам дар пеши бемо рию дард ва марг ҳеҷ поиш надоштааст. Воқеан ҳам умри инсон поянда нест. Ӯ дунёи фониро дар синни 66-солагӣ бо ормонҳои зиёд падруд гуфт, вале бояд гуфт, ки ин 66 сол ҳазорсолаҳои адабиро дар бар мегирад. Шеъри Сафармуҳам мад, ҳунари ӯ ва номи ӯ ҷовидонӣ хоҳад буд ва мо ин ҷовидонагиро эҳсос меку нем. Барои ин миллат, ин Ватан шеъри ӯ то ҷовидон хидматгузор хоҳад буд. Руҳат шоду ҷовидон бод, дӯсти ази зам, Сафармуҳаммад Айюбӣ… Хушаъмолею хушавзои дил буд ӯ, Рафиқу раҳбари зебои дил буд ӯ. Ба эҷоду ба шеъру бо ҳунармандӣ Азизи мо буду яктои дил буд ӯ.
ҲАҚНАЗАР ҒОИБ,
ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН





