25.4 C
Душанбе

Аз раҳи ояндаи ҳастӣ хабар дорем мо

ПАРЧАМИ ЗАФАР

Дар кафи худ парчам аз рӯзи зафар дорем мо,

Тоҷи номуси ватандорӣ ба сар дорем мо.

Дар садафҳои умеди худ гуҳар дорем мо,

Аз раҳи ояндаи ҳастӣ хабар дорем мо.

Хонаи дилро пур аз оҳанги бедорӣ кунем,

Дар ҳама мушкил ба ҳам бояд мададгорӣ кунем.

Ин қаламравро ниёгон баҳри мо бахшидаанд,

То раҳем аз дарди беҷоӣ, даво бахшидаанд.

Кишвари доимбаҳору бебаҳо бахшидаанд,

Ифтихору шуҳрату меҳру вафо бахшидаанд.

Вақти он омад, ливои бахтро боло кунем,

Сабт номи мулки худ дар дафтари дунё кунем.

Мулкдорӣ сар бурун аз як гиребон кардан аст,

Мулкдорӣ сар бурун аз як гиребон кардан аст,

Рӯ ба майдони набарди зиндагӣ овардан аст,

Лозим ояд гар, барои ин Ватан ҷон додан аст,

Муждаи осудагии умрбод овардан аст.

Аз азал бар иқтидори хеш бовар доштем,

Тахти шоҳаншоҳиву озода минбар доштем.

«Шоҳнома» худ гувоҳи шоҳкориҳои мост,

Бозгӯи қисмати имрӯзаву фардои мост.

Ҳар хаташ мавҷи дили дарёи армонҳои мост,

Ҳиммати Фирдавсии пурҳикмату донои мост.

Ҷони ширин канда мо кохи суханро сохтем,

Парчами номусро дар боми он афрохтем.

Обрумандӣ зи пушти сарбаландӣ ёфтем,

Рутбаи ҷовидро аз бегазандӣ ёфтем.

Ҷодаи осудагӣ аз ҳушмандӣ ёфтем,

Бахти худро аз раҳи мушкилписандӣ ёфтем.

Баъд аз ин бояд ки мо созем ҳифз иқболи худ,

Шукр гӯему нигаҳ дорем Истиқлоли худ.

Ҷонфидоёни диёри ормони миллатем,

Ҳомии сулҳу суботи ҷовидони миллатем.

Зодаи озодию рӯҳу равони миллатем,

Пайравони Пешвои қаҳрамони миллатем.

Парчами озодагии хеш боло мекунем,

Фатҳ бо фарҳангу дониш рӯи дунё мекунем!

Баҳманёри САИД

***

То ту пайдо набудӣ, ғусса суроғам мекард,

Бими пинҳон шудан аз ғусса чи доғам мекард.

Бекасӣ оташи сӯзанда ба ҷонам мезад,

Шаб барои ҳаваси хеш чароғам мекард.

Шукри аксат, ки агар бӯй аз ӯ мебурдам,

Аз дами сӯхтагӣ тоза димоғам мекард.

Хотират низ каме муъҷизаофар будаст,

Гаҳ-гаҳе ҳамдами гулпарвари боғам мекард.

Бахт, пайдо шудиву кафтари иқбол расид,

Варна ғам рӯйсияҳ чун пари зоғам мекард.

Меҳровари МАСЧОҲӢ

***

Паёми сабз надорад баҳори ин деҳа,

Ки ҷойи туст тиҳӣ дар канори ин деҳа.

Ҳамеша мартабаат аз ҳама фаротар буд,

Чу будаӣ беҳин омӯзгори ин деҳа.

Тулуи хандаи ту гармии фаровон дошт,

Чу меҳри равшану партавнисори ин деҳа.

Зи боди сарду самуми хазон, дареғу дод,

Шудӣ ту хушк, аё шаҳчанори ин деҳа.

Пас аз ту баҳри ману модар, эй падарҷонам,

Ягона такягаҳе шуд мазори ин деҳа.

Руъё УСМОНӢ

***

МУҲРИ ИҚБОЛ

Ватанам, пораи ҷону тани ман,

Ғазали дарду ғаму шодии дил,

Сахту душвор бувад рафтани ман

Аз дари хонаву ободии дил.

Меравам ҳамраҳи ёди ту, Ватан,

Ба суроғи дили девонаи худ,

То ки дастони туро нашр кунам

Дар китоби нави афсонаи худ.

Ватанам, ишқи ҳазоронсола,

Шаҳкитоби дилу шаҳномаи дил,

Ту нишони раҳи фардои манӣ,

Муҳри иқбол дар ин номаи дил.

Аниса МАННОНОВА

***

Нарафта берун аз оғӯши Меҳан,

Ҷаҳоннодида, одамдида ҳастам.

Аз ин варзидагӣ бар шишаи дил

Ҳазорон мушти муҳкам дида ҳастам.

Барои қитъаи уммеди ёрон

Чӣ ҷӯйе, балки уқёнус будам,

Ба шабҳои сияҳ номус карда,

Ба пешорӯяшон фонус будам.

Вале дар кӯчаи танги тасодуф,

Ҳамеша соя дар паҳлуи ман буд.

Дар он дам роздору ҳамдами дил

Бидуни минате зонуи ман буд.

Ҳама дарҳои худ карданд девор,

Фақат як дар бароям шуд кушода.

Даре, ки андаруни ҳалқааш дошт

Нигоҳи интизори хонавода.

Ба ғайри модарам бо ҳеч шахсе

Диламро аз алам холӣ накардам.

Ба рӯи ғусса хандидам, зи қисмат

Заифиву сабукнолӣ накардам.

Агарчи дер фаҳмидам ба дунё,

Падар танҳо рафиқи ҷовидонист,

Вале сад шукр мегӯям, ки қалбам,

Рухи қадри варо дидан тавонист!

Мани деҳотии дар шаҳр маскун,

Ба ғайри шоирӣ коре надорам.

Шабеҳи шеър фаҳмидам, канорам

Ҳамеша ёру дилдоре надорам.

Намедонед аммо шеър гоҳе

Бароям буд ҳаммонанди модар.

Гаҳе дигар шабеҳи ҳамсар аз ман

Зи худ кардаст шабҳо ними бистар.

Баҳманёр МУЯССАРЗОДА

***

БАҲОРИ БАЛХ

Файзи баҳори Балхи куҳан дар хироми ту,

Хандида офтоб расад бар саломи ту.

Дарси муҳаббат аст барои парандагон

Дар маҳфили саҳаргаҳи ҳарфу каломи ту.

Гулғунчаҳои вошуда такрор мекунанд

Дар зери лаб тараннуми зебои номи ту.

Бигзор, то замину замон ҳаст, бардамад

Истораи умеди ман аз бурҷи шоми ту.

Кароматулло САДИРЗОДА

***

ШАҲРИ ИРФОН

Ба васфи шаҳр хонам шеъри гулчини Душанберо,

Ба дафтар мекашам тасвири рангини Душанберо.

Ҳама ҷойи Ватан зебост, аммо ёд меорам

Ҳавои софу оби поку ширини Душанберо.

Ба азми Рустами даврон Душанбе шаҳри фарҳанг аст,

Макони санъати воло, навову созу оҳанг аст.

Ягон шаҳри ҷаҳонро бартар аз он ман намедонам,

Ватанро дар қиёси ҳеч кишвар ҳам намемонам.

Ҷилои фасли гулбезаш, шукӯҳи хоки зархезаш

Баробар бо шукӯҳи тахту минбар ҳам намедонам.

Ба азми Рустами даврон Душанбе шаҳри гулпӯш аст,

Ба ҳар самте назар созанд, дилҳо гарму пурҷӯш аст.

Биноҳои баланди шаҳр рамзи сарбаландиҳост,

Шукӯҳу ҳашмати шаҳрам мудом аз Парчамаш болост.

Душанбе шаҳри зебову сарафрозу накӯном аст,

Натанҳо зиннати кишвар, Душанбе зиннати дунёст.

Ба азми Рустами даврон Душанбе шаҳри ирфон аст,

Ҷилои тоҷи Сомонӣ, шукӯҳи Тоҷикистон аст.

Шукронаи ЭРАҶ

***

Модарам гармназартар зи нигоҳи шед аст,

Ҳар нигоҳаш сабаби нози гули уммед аст.

«Тифли ман» — гуфт фақат, ёди худаш аз сар бурд,

Тори мӯяш, ки сияҳ буд, кунун испед аст.

Аз бараш гар биравам дур, ба ғам мепечам,

Лаҳзаи дар бари ман будани модар ид аст.

Шубҳа бисёр бувад рафтани мо бар ҷаннат,

Зери поҳош биҳиштест, ки бетардид аст.

Пешааш меҳр расондан ба дили фарзандон,

Кӣ ба монандаи ӯ шуғли накӯ варзидаст?!

Марзбоналӣ ҚУРБОНЗОДА

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо