25.4 C
Душанбе

Аз омӯзиш то афрӯзиш. Пайраҳаи ҷолиби балеринаи ҷавон Нозанин Юлчиева

ҲИССАИ ЯКУМ. САРГАҲ

Охири моҳи март Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ аввалин маротиба бо сафари ҳунарӣ ба Фаронса рафт. Ҳунарпешагони тоҷик дар Театри «Gymnase Marie Bell»-и Порис намоишҳои «Дивертисмент», «Шопенинаи бузург», «Дон Кихот», «Фаввораи Боғчасарой», «Илҳом аз Осиё» ва «Каприз Паганинӣ»-ро намоиш дода, ҳунари балети тоҷикро пешкаши ҳаводорон гардониданд.

Ба ин баҳона мо ба суроғи балеринаи ҷавон ва хеле пуркор Нозанин Юлчиева рафтем. Вай хеле ҷавон аст, 25 сол дорад, аммо инак 10 сол мешавад, ки дар театри мазкур фаъолият мекунад, 11 сол аст, ки фаъолияти омӯзгорӣ дорад ва ба хоҳишмандон назокатҳои балетро меомӯзонад. Суҳбати мо бо Нозанин дар саҳни Театри опера ва балет аз сафари ҳунариашон ба Порис оғоз шуд.

– Дар Порис чанд рӯз будед ва ин сафар аз кадом ҷиҳат бароятон хотирмон буд?

– Мо дар шаҳри Порис чор рӯз будем. Ду рӯзи аввал истироҳату саёҳат кардем ва рӯзи сеюм бо тамрину намоиш гузашт. Рӯзи чорумамон низ бо дидани маконҳои зебову таърихии Порис гузашт. Пеш аз ҳама хотирмонӣ ва шавқоварии сафар ба Фаронса он буд, ки ин аввалин сафари ҳунарии ҳайати театр буд ва мо бисёр дар ҳаяҷон будем.

– Ҳунарнамоии шуморо тамошобинон чӣ гуна қабул карданд?

– Бовар кунед, балети моро бисёр хуб қабул карданд. Дар толор ҳам тоҷикон буданд ва ҳам фаронсавиҳо ва аз мавҷи кафкӯбиҳояшон маълум буд, ки ҳунари моро хуш пазируфтанд. Бисёр хушҳол ҳастам, ки дар ин театри бонуфуз кор мекунаму барои муаррифии он саҳм гузоштам.

– Оё метавонем бигӯем, ки сафари Порис барои сафарҳои ояндаи ҳайати театр замина гузошт?

– Бале, маъмурияти театр, махсусан мудир Камолиддин Сайфиддинзода дар ҷиҳати ба роҳ мондани сафарҳои ҳунарӣ дар хориҷи кишвар корҳои зиёдро анҷом дода истодаанд.

ҲИССАИ ДУЮМ. ОРЗУИ АМАЛИНАШУДА

– Медонем, ки рӯзи ҳунармандони балет бо пуркорӣ мегузарад ва бароямон чӣ гуна гузаштани як рӯзи маъмулии шумо шавқовар аст. Он чӣ гуна мегузарад?

– Қисмати аввали рӯз дар Коллеҷи саросарии хореографии ба номи Малика Собирова дарс мегӯям. Баъдан дарси худам дар театр оғоз мешавад, ки то ҳол нозукиҳои касбамро меомӯзам. Пасон бо ҳунарпешагон рӯйи намоиш ё консерте тамрин мекунем ва дар қисмати охири рӯз дар студияам ба шогирдонам рақсро меомӯзонам. Яъне рӯзам бо омӯхтану омӯзонидан ва омодагӣ ба намоишҳо мегузарад.

– Шумо ҳанӯз дар 10-солагиатон дар озмунҳои балет иштирок карда, сазовори ҷоизаҳо гаштаед. Бигӯед, ки аз чандсолагӣ ба балет шавқ пайдо кардед ва ба ин навъи ҳунар пайвастед?

– Асосан дар барномаҳои консертӣ аз 3-4-солагиям ширкат мекардам ва ҳаёти театриям дар 8-солагӣ оғоз шуд. Пеш аз балет нозукиҳои рақси халқиро меомӯхтам. Омӯзгорам Ҳидоят Соҳибназарова, ки то ҳол маро пуштибонӣ мекунанд, мекӯшиданд, ки шогирдонашон навъҳои гуногуни рақсро омӯзанд ва ҳамон вақт дар бораи балет ва белеринаҳои маъруф ба мо қиссаҳо мекарданд. Фикр мекунам, меҳри ин навъи ҳунарро маҳз муаллимам дар дили ман ҷой намуданд. Ҳамин тавр бо роҳнамоии омӯзгорам ва пуштибонии модару бибиям пурра ба балет гузаштам. Бисёр хушбахт ҳастам, ки аҳли оилаам ҳама тасмимҳои маро қабул мекарданду мекунанд. Маҳз дастгирии онҳост, ки то инҷо расидам.

– Дар баробари балет боз ба чӣ шавқу рағбат доштед?

– Ман мактаби мусиқиро хатм кардаам ва он ҷо пианинаро омӯхтам. Ҳамчунин нозукиҳои овозхонӣ ва рассомиро то андозае аз худ кардам.

– Дар як мусоҳиба гуфтаед, ки бо вуҷуди дилбастагии зиёд ба балет боз мехостед пизишк ё муҳаққиқ шавед. Ин орзуятон амалинашуда монд?

– Дуруст аст. Ман мехостам ва ҳоло ҳам мехоҳам, ки ба кори илмӣ машғул шавам ва зиёдтар дар соҳаи илмҳои дақиқ пажӯҳиш анҷом диҳам. Умед дорам, ки ба ин орзуям рӯзе мерасам. Яъне ҳоло амалӣ нашудааст, вале навмед нестам.

– Дар Консерваторияи миллӣ то соли сеюми таҳсил дониш омӯхтед, баъдан ин ҳунаристонро тарк карда, ба Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон пазируфта шудед. чЧаро?

– Ман хеле барвақт ба Консерватори яи миллӣ дохил шудам ва то соли сеюми донишҷӯӣ таҳсил намудам, вале бинобар сабабе, ки овозамро гум кардам, дигар таҳсилро идома дода натавонистам. Азбаски маълумоти олӣ гирифтан мехостам, ба донишкада дохил шудам ва онро бо ихтисоси рақснигор (хореограф) хатм кардам.

ҲИССАИ СЕЮМ. МАСЪУЛИЯТ ДАР БАРОБАРИ ҲУНАРУ ҶОМЕА

– Шумо аз 15-солагӣ дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ кор мекунед. Чӣ гуна шуморо ба кор қабул карданд?

– Аз 12-солагиам бо театр ҳамкорӣ доштам ва дар консертҳо ширкат мекардам. Аз ҳамин сабаб барои ба кор қабул шуданам монеа набуд.

– Кор дар як театри маъруф барои шумо душвор нест?

– Ҳама кор душворӣ дорад, вале кӯшиш ва заҳмат инсонро метавонад ба қуллаҳои баланд расонад. Агар ба ёд орам, албатта дар тамринҳо, дар вақти омӯзиш ва ғайраҳо душвориро эҳсос мекардаму ҳоло ҳам мекунам, аммо азбаски корамро дӯст медорам, маро чизе ва касе боздошта наметавонад.

– Мо баъзан шикояти ҳунарпешагони театрҳоро мешунавем, ки тамошобин кам аст. Бигӯед, ки шумо ҳам чунин шикоят доред?

– Не, бисёр хушҳол ҳастам, ки рӯз то рӯз тамошобини театри мо зиёд шуда истодааст. Дар театр намоишу барномаҳои ҷолиб хеле зиёд аст ва мардум барои дидан меоянд.

– Дар театр моҳе чанд асар намоиш дода мешавад?

– Ками кам ҳар ҳафта як намоиш ҳаст.

– Агар моҳе чор намоиш бошад, шумо дар чандтояш иштирок мекунед?

– Тақрибан дар ҳамааш ширкат мекунам.

– Оё ҳастанд одамоне, ки махсус барои ҳунарнамоии шуморо тамошо кардан ба театр биёянд?

– Бале, ҳастанд ва медонед, маҳз чунин касон ба ман қувват медиҳанд ва масъулиятамро дар баробари ҳунару ҷомеа зиёдтар мекунанд.

– Оё рӯйхати намоишҳоеро, ки дар онҳо иштирок кардаед, доред?

– Дар 21 намоиш иштирок кардаам ва ростӣ шумораи консертҳоямро намедонам.

– Пеш аз ба саҳна баромадан тарс доред?

– Албатта, бе тарс намешавад. Чанд сония ё дақиқаи аввал ҳамеша тарс ҳаст ва баробари ба саҳна баромадан он нест мегардад.

– Балетро дар кишвари мо чӣ гуна қабул мекунанд? Оё ба қадри заҳмати балеринаҳо мерасанд?

– Бисёр хуш қабул мекунанд. Сол то сол нигоҳу шинохти мардум, бавижа ҷавонон ба балет беҳтар шуда истодааст ва белеринаҳоро низ то қадри мумкин қадр мекунанд.

– Барои як тамошобин, ки балетро намефаҳмад, онро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

– Балет ҳам монанди намоиши академӣ аст, аммо бидуни сухан. Барои ҳамин тавсия медиҳам, ки тамошобинон пеш аз ба намоиши балет рафтан, хуб мешавад, дар бораи он маълумот бигиранд ва вақти намоиш он барояшон фаҳмотар бошад.

ҲИССАИ ЧОРУМ. “DANSESTUDIO”

– Дар баробари кор дар театру ширкат дар намоишҳо ҳамчунин ба балеринаҳои оянда нозукиҳои ин касбро меомӯзонед. Бигӯед, ки фаъолияти омӯзгории шумо аз кай оғоз шуд?

– Хеле барвақт, аз 14-солагӣ ба ин сӯ шогирд омода мекунам. Бовар мекунед, ҳоло ман 25-солаам, вале мебинам, ки шогирдонам мактаби миёнаро хатм кардаанд ва донишҷӯ ҳастанд.

– Шумораи онҳоро медонед?

– Не, хеле зиёданд.

– Шумо бунёдгузори студияи рақс бо номи “Dancestudio” ҳастед ва ба хоҳишмандон рақсро меомӯзонед. Бигӯед, ки ин студияро кай ва чӣ гуна фаъол кардед?

– Аслан фикри таъсиси студияи рақс аз хурдӣ дар дили ман буд. Мо коллеҷи санъат зиёд дорем, аммо маҳз он ҷое, ки рақснигорӣ (хореография)-ро омӯхтан мумкин аст, танҳо Коллеҷи саросарии хореографии ба номи Малика Собирова мебошад, ки ба он ҷо аз хурдӣ дохил шудан имкон надорад. Бо мақсади омӯзонидани ин навъи ҳунар ба хурдсолон ман студияамро созмон додам. Ин студия соли 2018 таъсис шуда буд ва муддате фаъолият карду халос. Пасон соли 2022 онро дар назди мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим фаъол кардам, ки шукр то ҳол хоҳишмандон навъҳои гуногуни рақсро меомӯзанд.

– Шароит ва тартиби қабули хоҳишмандон чӣ гуна аст?

– Аз сесола боло қабул мекунем. Ҳафтае се маротиба дарс баргузор мешавад. Мо мекӯшем, ки навъҳои гуногуни рақс, аз ҷумла халқӣ, классикӣ, муосир, балет ва ғайраро омӯзонем. Дар студия омӯзгорҳои зиёд ҳастанд, ки ба шогирдон нозукиҳои ҳунарро меомӯзонанд.

– Шогирдони шумо дар чанд муддат рақсро меомӯзанд?

– Омӯзиш ба ҳар кас бастагӣ дорад. Яъне барномаи муайян ҳаст ва онро бояд ҳунаромӯз азхуд кунад. Ҳамчунин бояд бигӯям, ки навъҳои гуногуни рақсро меомӯзонем ва муҳлати омӯзиш гуногун аст, зеро касоне ҳастанд, ки натанҳо балет, балки чанд навъи рақсро омӯхтан мехоҳанд.

– Хатмкардагони студия чӣ гуна бо кор таъмин мешаванд?

– Кор ёфтан барои соҳибҳунар душвор нест. Ҳоло шогирдонам метавонанд кор кунанд, аз ҷумла худам ният дорам, ки дар студия чанде аз онҳоро ҳамчун омӯзгор ба кор қабул намоям.

ҲИССАИ ПАНҶУМ. АНҶОМ

– Шумо хеле зиёд кор мекунед. Оё аз кори зиёд дилгир намешавед?

– Ба омӯзишу кори бисёр одат кардаам. Аз вақте ки худро мешиносам, меомӯзам ва меомӯзонам. Ва аҷобати кор ин аст, ки бисёр хушҳолам аз чунин зиндагӣ. Худамро бидуни кор тасаввур карда наметавонам. Бисёр хушҳолам, ки аҳли оилаам истеъдоди маро кашф карданд ва пуштибонӣ намуданд. Мутаассифона, бархе волидон фарзандонашонро хуб намефаҳманд ва ба интихобашон арҷ намегузоранд.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо