25.4 C
Душанбе

Аз хушгӯиҳои Ашӯр Сафар

ХАБАР КУНЕД, МЕОЯМ

Вақте ки Ашӯр Сафар Душанбе меомад, хоҳ Иттифоқи нависандагон медаромаду хоҳ нашриёт ва хоҳ “Хорпуштак» мерафту хоҳ “Маориф ва маданият» хандааш пеш-пеш буд ва он қадар ба шавқ механдиду механдонд, он қадар чак мепартофту хушҳолӣ мекард, ки ҳар кас, хусусан, аҳли қалам то дер ёдаш мекард. Ҳама башавқ механдиданд, курсиҳову мизҳо механдиданд, утоқҳо механдиданд, биноҳо механдиданд… ва чуноне Бобо Ҳоҷӣ мегӯяд:

Дашту даману кӯҳу камар механдид,

Колхозу маҳаллаву гузар механдид.

Деҳқону адибу коргар механдид,

Ҳар гаҳ ки башавқ Ашӯр Сафар механдид.

Ҳар адиб чизеро баҳона карда, аз Ашӯр Сафар нақлеро хоҳон мешуд, росту дурӯғ аз ӯ чизеро пурсон мегашт ва ба ҳамин васила мехост аз посухи ҳазломезу ҳозирҷавобияш лаззат баpaд.

Боре дар нашриёт Мастон Шералӣ, ки ниҳоят ҳазлбардор буду бо Ашӯр Сафар зиёдтар шӯхӣ мекард, гилае пеш мегузорад:

– Ашӯр, чиба фалонӣ мурд, наёмадӣ?

– Хабар наёфтам, – мегӯяд Ашӯр Сафар. – Минбаъд кадометон мурдед, хабар кунед, ҳатман меоям.

ДУМРАТА ОВАРДАЙ?

Ашӯр Сафару Одина Ҳошим новобаста ба тафовути синну сол (Одина Ҳошим даҳ сол хурд буд) ҳамдигарро баробар эҳтиром мекарданд. Борҳо шоҳид будам, ки дар пайроҳае ё дар даромадгоҳе муддати зиёде ҳамдигарро даъват ба гузаштан ё даромадан мекарданд, бешӯхӣ, бенайранг пеш мегузарониданд, аз эҳтироми зиёд нисбат ба ҳамдигар пеш гузашта наметавонистанд. Бо як сухан, балки бо як нигоҳ мефаҳмиданд якдигappo.

Одина Ҳошим ҳам бисёр шӯху ҳазлкаш буд. Ашӯр Сафарро бисёр мекофт, мешӯронд, ки ҳазле кунаду ҳарду башавқ биханданд ва ҳарду дар ҳақиқат хандаи бисёр самимӣ доштанд. Аҷиб ин буд, ки ҳама гуна ҳазли шоирро мебардошт Одина Ҳошим.

Дар меҳмоние баъди оне, ки аз нӯшу неъматҳои рӯйи дастархон ба серӣ лаззат мебаранд, Ашӯр Caфap ба ӯ мегӯяд:

– Оғо (Одина Ҳошимро чунин ном мегирифт), думрара бигир! – ва чун мебинад, ки мухотабаш худро ба карӣ андохта истодааст, мепурсад, – думрата овардай?

–Неъ, – мегӯяд Одина Ҳошим ва мунтазири ҳазли навбатии ҳамсуҳбаташ мешавад.

– Эъ, – каме ҳайратомез мегӯяд Ашӯр Сафар, – бе думра ту кида даркорӣ? Хӯранда ҳама ҷо пур аст.

Хандаи аз қаъри дили Одина Ҳошим қариб дару деворро мекафонад.

***

Дар сари дастархони Мирзо Файзалӣ, ки устод Қутбӣ Кирому Ниёз Сафару Муҳаммад Ғоибу чанде дигар иштирок доштанд, Одина Ҳошим хоҳиши Ашӯр Сафарро рад кард, яъне думраро ба даст нагирифт, то ҳамин шӯхияшро такрор накард.

– Акай Ашӯр, аввал ҳамун шӯхита бигӯ, баъд думраро мегирам, – бо исрор талаб мекард ӯ.

Ҳарчанд Ашӯр Сафар бо ишораҳо мефаҳмонд, ин ҷои он шӯхи нест, ба кӣ мефаҳмонӣ?! Вақте гуфт, ки бе думра ба кӣ даркорӣ, Одина Ҳошим як хандаи осмонкаф карда думраро ба даст гирифт. Бобоҷон Ҳасанов як табақи алюминии аз ош холиро бо сачоқе пок намуда, дар бараш рост шуд, барои ман ҳам аз куҷое як аккордеон оварданд.

Устод Одина Ҳошим ба як гирифтани ҷигарӣ, бо ҳамовозии Бобоҷон Ҳасанову навозиши якҷояамон ва бо фарёду аҳсанҳои устод Қутбӣ Киром шабро саҳар кард.

НАФАҲМАД, ХУБ АСТ

Солҳои охир, ки замона ниҳоят дигар гашту асбобҳои ғайримиллӣ зиёд шуда буданду ҷавонон ба хондани сурудҳои бегона ва бемаънӣ майл доштанду қисмате аз мардум онҳоро гӯш мекарданд ва аён буд, ки бештар ба сурудҳои сабук таваҷҷуҳ доранд, Одина Ҳошим гоҳ-гоҳ менолид:

– Акай Ашӯр! Баъзан чи кор карданамро намедонам. Мардум шеъра намефаҳмад. Шоиp чи мегӯяду чи мехоҳад, ман чи мегӯяму чи мехоҳам, тамоман намефаҳмад, – ва қариб гиря гулӯгираш мекунад.

Ашӯр Сафар ҳолати ҳузнангези ӯро дида, чунин тасаллияш медиҳад:

– Нафаҳмад, хуб аст, ки ману ту доим бологузар бошем. Агар ҳама фаҳмад, ба кӣ даркорем мо?

Одина Ҳошим аз ин сухан якбора хушҳол гардида, боз думра ба даст мегирад.

БАЙТИ НОФАҲМО

Боре падарам Ашӯр Сафар як силсила ашъори навэҷодашро ба ман доду гуфт, ки онҳоро вобаста ба мавзуъ ва ҳаҷм барои чоп ба рӯзномаву маҷаллаҳо тақсим намоям. Ман як даста ғазалро ба маҷаллае бурдам. Масъули шеър ба байти охир, яъне ба мақтаи як ғазале, ки дар он бо забони содаи тоҷикӣ сухан асосан аз ранҷу азоб ва бузургиҳои модар мерафт ва баъдтар ба он сарояндаи хушовоз Малика Саидова оҳанг баста, солҳои дароз замзама мекард ва чандин сол писанди мардум буд, эрод гирифт. Гуфт, ки мазмунашро намефаҳмад, шоир чӣ гуфтан мехоҳад, равшан нест:

Диламро мекушад дар сина ҳар дам

Камонгашта қади болои модар.

Занг зада, эроди масъули шеъри маҷалларо ба падар гуфтам.

– Бирав, бифаҳмонуш! – амр намуд ӯ.

– Чӣ хел бифаҳмонумуш? – пурсидам ман.

– Хушрӯ бифаҳмонуш, – каме тамасхуромез гуфт ӯ. – Бигӯ, тоҷикиро намефаҳмӣ? Куҷош нофаҳмо аст? Байт чунин мазмун дорад, ки модарат чунон пир шудааст, ки қади болояш мисли камон чунг задааст ва дилат дар синаат тик-тик мезанад, ҳар дам аз кор монданаш мумкин аст, ки ӯ, яъне модарат ё ин замон афтида мемирад ё замони дигар.

Гурез Сафар,

Нависандаи халқии Тоҷикистон

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо