Шодмон Аламов, узви фаъоли маҳфили “Боқӣ”-и ИНТ, хатмкардаи факултаи Бехатарии молиявӣ ва фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии Данғара аст ва ҳоло ба ҳайси сармуҳосиб фаъолият менамояд. Бо Иттифоқи нависандагон ва устодони кордида робита дорад ва пайваста дар пайи ҷустуҷӯву эҷод аст. Чанд намуна аз шеърҳои ӯро пешкаш мекунем.
ТОҶИКИСТОНИ БУЗУРГ
Андаруни ҷисми хурдам ҳаст як ҷони бузург,
Дар дил аз ишқи ватандорист имони бузург.
Дафтари таърих бо таърихи ман сар мешавад,
Ман зи авлоди Курушам, тухми мардони бузург.
Ҷадди ман дарси адолат дод бар аҳли башар,
Аз ғулому аҷнабӣ ӯ сохт инсони бузург.
Покзодему ба ғорат моли кас нагрифтаем,
Ҳар киро дидем, бахшидем як хони бузург.
Бо сиёсат ошно будем аз даври куҳан,
Сохтем аз он сиёсат мулки Сосони бузург.
Лашкари рӯйинтанему фахр аз он мекунем,
Реша дар хокем, дар хоки Хуросони бузург.
Шуҳрати шаҳри Бухоро рӯйи оламро гирифт,
Шуҳраташ бахшид ӯро Оли Сомони бузург.
Ман сарам болост доим пеши ҳар бегонае,
Сарбаландӣ дорам аз кӯҳи Бадахшони бузург.
Аз Душанбе «Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме»,
Бо нишони Рӯдакӣ аз як хиёбони бузург.
Шукр мегӯям, ки ҳастам дар Ватан бо ҳамватан,
Шаҳрванди хоки поки Тоҷикистони бузург.
***
Лабаш мисли анору соҳиби лабро намегӯям,
Ба мактаб меравад, одреси мактабро намегӯям.
Варо ман аз миёни миллиёнҳо кашф бинмудам,
Худам номаш ниҳодам, номи кавкабро намегӯям.
Худо гӯё, ки ӯро сохта бо хоҳиши қалбам,
Аҷоиб қолабе дорад, ки қолабро намегӯям.
Шабамро рӯйи худ кардасту рӯзамро чу мӯйи худ,
Шавад рӯзам тамом он рӯзу он шабро намегӯям.
Ва шояд то ба ин ҷо фикр кардӣ, ки кӣ бошад ӯ?
Агар худро биовезӣ, мухотабро намегӯям.
***
Бе маслиҳат, бидуни далели муайяне
Ишқ иштибоҳ ҷо шуда дар қалби чун мане.
Як шохаи ҷавонаму дар ҳасрати нуму,
Дардо, ки рустаам ба замини табарзане.
Бе як хароши сина диламро ду пора кард,
Ҳарчанд рӯйи дил задам аз ақл ҷавшане.
Як лашкар эҳтиёти маро кушт як нигоҳ,
Эй ишқ, ман надида будам чун ту душмане.
Парвоз аз диле ба диле одати ман аст,
Ҳамчун парандае, ки надорад нишемане.
Аз ҳоли рӯзҳои ахирам маро мапурс,
Гӯё ҷаҳаннамест, ки ҷо гашта дар тане.
Аз пора-пораи ғазалам сохтам чакуш,
Ман зарба мезанам ба тани сардоҳане.
Бо итминону бовару бе шубҳаву гумон
Ишқ иштибоҳ ҷо шуда дар қалби чун мане.
***
Дигар наё, ба дард маро мубтало макун,
Захме, ки тоза пӯст гирифтаст, во макун.
Мо розием аз ин қафаси тангу дилгирифт,
Моро ба қасди ром намудан раҳо макун.
Он қадр бо ҷудоии ту хӯ гирифтаам,
Аз худ ҷудо намудаӣ, аз ин ҷудо макун.
Умре зи ту вафо талабидам, вале кунун
Дорам ҳамин талаб, ки ба ман эътино макун.
Ту бовафо набудию ҳаргиз намешавӣ,
Таърихро ба майли худат ҷобаҷо макун.
Дар хобҳои васли ту таъбири хайр нест,
Хайри сарат! Ба хотири хайри Худо макун.
***
Чанд вақтест дилам бо ғами дардолуд аст,
Аз ҳавои нафаси ман ҳама олам дуд аст.
Шуълае аз аташи чашми ту афтод ба дил
Ва кунун дар дили ман фоҷиаи Намруд аст.
Ту, ки пироҳанат аз риштаи ишқ аст, матарс,
Бегазанд аст Халиле, ки ба ишқ осудаст.
Дили ман зинда ба ишқ аст, зи Ҳофиз фатвост,
Ҳар касе ин накунад, зинда, вале нобуд аст.
Гуфтани роз ба дилдор ҳунар мехоҳад,
Ҳунари гуфтани асрор ба мо камбуд аст.
Ман умедам ба салом асту калом асту висол,
Тарс дорам зи саломе, ки пасаш падруд аст