Моҳи феврали соли ҷорӣ дар саросари кишвар 80-солагии адиби зиндаёд, муаллифи силсилаи осори мондагори насрӣ, устод Саттор Турсун ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат рӯзи 13-уми феврал дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили поси хотири нависандаи номвар баргузор гардид. Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Толиби Луқмон дар оғози маҳфил иброз дошт, ки Саттор Турсун яке аз нависандагони ба ҳар маъно барҷастаи мо буд ва бо пайравӣ аз суннатҳои мактаби эҷодии Фазлиддин Муҳаммадиев насри андешаро вусъат дода, ба пояҳои баландтар баровард. – Саттор Турсун аз ҷавонӣ ба муҳити адабии идораи маҷаллаи «Садои Шарқ» ба кор омад, ки барои сайқали истеъдоди нигорандаги яш созгор афтод, – гуфт гардонандаи маҳфил мудири бахши наср Равшан Махсумзод ва афзуд, ки хислат ва эҷо диёти адиб ба ҳам тавъам буданд. Нависандаи халқии Тоҷикистон Аб дулҳамид Самад, ки бо Саттор Турсун солиёни зиёд робитаи дӯстиву ҳамкорӣ дошт, гуфт:– Эҷодиёти Саттор Турсун дар ра дифи эҷодиёти нависандагони номвари мо – Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигарон мавқеъ дорад ва арзиши омӯзишаш баланд мебошад. Ҳамеша ҳадафи ӯ дар иншои роман, қисса ва ҳикояҳо ҷиддӣ буд. Давраи аз ҳама пурбара кати эҷодиёти ӯ бист соли кораш дар идораи маҷаллаи «Садои Шарқ» ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамон давра асарҳои беҳтаринаш таълиф ёфта анд. Навиштаҳояш аз ҷиҳати гирумон, офаридани характер ва сабки нигориш тозагиҳои бисёр доранд. Сипас дар бораи эҷодиёти нависан да маърузаи муҳаққиқи осори ӯ Қарор Муҳаммадизода шунида шуд.
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло зимни суҳбат изҳор дошт, ки Саттор Турсун ба асарҳои дигарон низ ҳамчун ба асарҳои худ муносибат мекард. Онҳоро таҳрири ҷиддӣ менамуд. Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсори Сафӣ, сармуҳаррири моҳномаи «Садои Шарқ» Ато Мир хоҷа, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдуғаф фори Абдуҷаббор, бародари адиб Абдусамеъ Турсун ва дигарон пиромуни насри Саттор Турсун суҳбатро идома бахшиданд. Дар охир ҳамсари нависанда – Ҷавҳари Са идназар ба роҳбарияти Иттифоқи нависандагон барои ташкили чунин маҳфили бошукӯҳ миннат дорӣ баён кард.
«АС»





