25.4 C
Душанбе

Аз дастгирии Пешвои миллат то камбудҳои опера

Бо Хуҷастаи Мирзовалӣ доир ба вазъи опера дар кишвар, дастгирии Президенти мамлакат ҷиҳати таҳсилаш дар Итолиё, эстрадаи тоҷик, аҳаммияти таҳсил барои ҳунармандон ва ғайра суҳбат кардем.

РОЗИ АВВАЛ:

СУРУДҲОИ ПИСАНДИДА

– Ин рӯзҳо ба чӣ корҳо машғулед?

– Пайваста бо корҳои эҷодӣ машғулам, кӯшиш мекунам, ки барои ҳаводорони ҳунар таронаҳои наву дилнишин таҳияву пешниҳод намоям. Ҳамчунин, нияти барпо кардани консертамро дорам, ки шояд то фасли тирамоҳ баргузор гардад.

– Мегӯянд, эҷодкорон дар маҳсули эҷодашон хоҳу нохоҳ қисме аз ҳаёти худро ҷой медиҳанд. Оё ин ҳолат ба шумо шинос аст ва дар сурудҳоятон пораҳои ҳаётатонро дидан мумкин аст?

– Ростӣ, дар интихоби матни сурудҳо аҳаммияти ҷиддӣ медиҳам. Ба наздикӣ ҳисоб кардам, зиёда аз 60 суруд сароидаам, аммо наметавонам бигӯям, ки онҳо бозгӯяндаи зиндагии шахсии ман ҳастанд, зеро гоҳе оҳангсозе матнеро тавсия медиҳад, гоҳи дигар шоире шеърашро бароям ҳадя мекунад ва ғайраҳо. Вале дарк мекунам, ки дар бархе сурудҳоям худам ҳастам ва бидуни ин намешавад. Агар сароянда то андозае худро, хостаҳояшро, умедҳояшро, орзуҳояшро, дардҳояшро, зиндагии гузаштаву имрӯзу фардояшро дар таронаҳо намебинад, ба эҳтимоли зиёд онро намесарояд.

– Кадом сурудатонро худатон такрор ба такрор гӯш мекунед?

– Ҳамаи таронаҳоямро дӯст медорам ва гӯш мекунам. Вале метавонам бигӯям, ҳастанд сурудҳое, ки зиёдтар меписандам ва гӯш мекунам. Аз ҷумла, “Ман ориёиям”, “Кишвари хуршед”, “Ёрам, иҷоза деҳ” ва ғайраҳо.

РОЗИ ДУВУМ:

СЕ НОРАСОИИ ОПЕРАИ ТОҶИК

– Тавре огоҳем, аввал мехостед, ки дар шуъбаи эстрада таҳсил кунед, аммо саранҷом ба шуъбаи овозхонии академӣ дохил шудед ва панҷ сол жанри операро омӯхтед. Чӣ гуна ин тасмимро гирифтед?

– Дуруст аст, ки мехостам дар кафедраи эстрадаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил кунам, аммо чун устодон овозамро диданд, маслиҳат доданд, ки беҳтар аст, дар шуъбаи овозхонии академӣ таҳсил карда, маҳоратамро сайқал диҳам. Ҳамин тавр, дар назди шодравон Бурҳон Маҳмадқулов расо панҷ сол омӯхтам. Илова бар ин, ду соли дигар дар шуъбаи аспирантура таҳсил кардам. Дар мавриди таҳсил бояд бигӯям, ки ҳеч душвориро эҳсос намекардам, зеро Офаридгор садои мувофиқ ба ман ато кардааст. Чун сухан аз интихоб рафт, мехоҳам бигӯям, ки жанри операро ҳанӯз пеш аз ба консерватория дохил шудан дӯст медоштам ва вақте ки ба шуъбаи мазкур шомил гардидам, муҳаббатам зиёдтар гашт. Ва ҳамин дӯстдорист, ки ҳоло ҳам дар ин жанр суруд мехонам ва шукр, ки шунавандаи худро дорам.

– Аз ҷумлаи сарояндагони камшуморе ҳастед, ки дар соҳаи ҳунар натанҳо таҳсил кардаед, балки ампирантураро низ хатм намудаед. Доир ба аҳаммияти таҳсили расмӣ дар соҳаи санъат чӣ фикр доред, оё диплому таҳсил муҳим аст?

– Фикр мекунам, ки таҳсил дар соҳаи санъат ва ба даст овардани маълумоти олӣ муҳим ва зарур аст. Вале набояд фаромӯш кард, ки касони соҳибистеъдод ҳам ҳастанд, ки бидуни таҳсил дар санъат роҳу мақоми худро ёфтаанд.

– Ҳоло расман дар Оркестри давлатии симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунед. Доир ба махсусияти коратон чӣ гуфта метавонед, яъне фаъолият дар он ҷо чӣ гуна аст?

– Бисёр хушҳол ҳастам, ки дар оркестри мазкур фаъолият мекунам. Кор бисёр хуб аст, зеро бо оркестр сурудҳоямонро тамрин мекунем, дар дохилу хориҷи кишвар барномаҳои консертӣ ташкил менамоем ва кӯшиш дорем, ки вазифаамонро дар сатҳи олӣ иҷро намоем.

– Чаро дар кишвари мо шавқмандони жанри опера кам ҳастанд?

– Зеро ин жанри мо нест, балки моли Ғарб аст.

– Барои зиёд шудани шунавандаи опера чӣ бояд кард?

– Пеш аз ҳама, тарғибро зиёд кунем, махсусан ба ҷавонон ин навъи санъатро бояд ҳарчи бештар муаррифӣ намоем ва онҳоро ба театр роҳнамоӣ кунем. Бовар кунед, дар театр операҳои зиёд дорем, ки шунидани онҳо хеле лаззатбахш аст ва барои ба гӯши шунаванда расонидан корҳои тарғиботӣ намерасанд.

– Ҳоло киҳо дар ин жанр пешсафанд?

– Устод Рустам Дулоев, ки ҳоло дар Итолиё ҳастанд ва аз ҳисоби ҷавонон Амирҷон Рӯзиев, Шоҳрух Юнусов ва Шарофат Усмонова.

Дар айни ҳол ба операи мо чӣ намерасад?

– Шукр, ки ҳоло шароити даркорӣ мавҷуд аст, аммо норасоии ҳунармандони ҳирфаӣ, мутахассисоне, ки шогирд омода мекунанд ва, албатта, шунаванда ба назар мерасад.

РОЗИ СЕЮМ:

НАҚШИ СУРУДҲОИ ЭСТРАДӢ

– Ҳоло зиёдтар ба хондани сурудҳои эстрадӣ машғулед, чаро?

– Аслан, дар ҳама жанрҳои мусиқӣ суруданро дӯст медорам ва дар умум фикр мекунам, барои ин пешаро дӯст доштан ба дунё омадаам. Ҳамчунин, кӯшиш мекунам, ки маҳорати худро дар ҳамаи жанрҳо бисанҷам. Вале медонам, ки сурудҳои эстрадӣ ва халқӣ зиёдтар ба дили мардум роҳ меёбанд, аз ин сабаб, кӯшиш мекунам, барои хушҳолии ҳаводоронам бештар дар ин жанрҳо бисароям.

– Ҳоло аз ҷумлаи сарояндагони машҳури мо ҳастед. Ба фикри худатон, агар сурудҳои эстрадӣ намехондед, то ин ҳад шинохта мешудед?

– Ростӣ, аз қадамҳои аввалам ба рӯйи саҳна, ки дар жанри опера суруд мехондам, то андозае миёни мардум шинохта шудам, вале азбаски дар кишвари мо шунавандаи опера нисбат ба дигар жанрҳо камтар аст, тасмим гирифтам, дар дигар жанрҳо, махсусан эстрада суруд бихонам, то ки доираи васеътар маро шиносанду гӯш кунанд, зеро мақсади ҳар сароянда шунавандаи худро пайдо кардан аст. Аз миён солҳои зиёд гузаштаанд ва чун ҳоло ин саволро додед, бори дигар ба худ тасдиқ кардам, ки агар сурудҳои эстрадӣ намехондам, то ин ҳад миёни мардум шинохта намешудам.

– Эстрадаи мо чӣ камбуд дорад?

– Фикр мекунам, камбуди эстрадаи тоҷикро бештару беҳтар шунаванда гуфта метавонад, аммо, ба андешаи ман, барои камтар шудани сурудҳои кӯчагӣ бояд Вазорати фарҳанг назоратро пурзӯр намояд, зеро санъат оинаи миллат аст.

РОЗИ ЧАҲОРУМ:

ДАСТГИРИИ ПРЕЗИДЕНТ

– Шумо бо дастгирии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Итолиё низ таҳсил кардед. Бигӯед, ки чӣ гуна бо Сарвари давлат суҳбат кардед ва чӣ хел ба Итолиё рафтед?

– Моҳи сентябри соли 2013, дар ҷашни Истиқлоли давлатӣ суруд хондам ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ман ҳамсуҳбат шуда, пурсиданд, ки барои сайқал додани ҳунарам дар Итолиё таҳсилро давом додан мехоҳам ё не? Зуд розӣ шудам ва ҳамин тавр бо дастгириву ғамхории Роҳбари давлат ба Итолиё рафта, як сол таҳсил кардам. Он рӯзи тақдирсозро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунам ва то охирин лаҳзаҳои ҳаёт аз Президенти мамлакат миннатдорам.

– Шароити зиндагиву таҳсилатон дар Итолиё чӣ гуна буд, аз чӣ танқисӣ мекашидед?

– Ҳеч мушкил надоштам, балки ҳама шароит муҳайё буд. Устодам шодравон Адҳам Холиқов дар он ҷо роҳнамо ва мададрасонам буданд. Ягона мушкил дурӣ аз Ватану аҳли оила буд.

– Он чизе, ки дар Консерваторияи миллӣ омӯхтед, дар Итолиё ба шумо ёрӣ кард?

– Бале, бо таҳсил дар Консерваторияи миллӣ таҳкурсии хуб пайдо кардам ва як соли омӯзишам дар Итолиё хеле осон буд. Аз ҷониби дигар, муддати як соле, ки ҳунарамро сайқал додам, дар овозам ҳам тағйиротро пайхас кардам ва бисёр фоидаовар буд. Хуллас, таҳсил дар Итолиё чун такмили ихтисосу ҳунар хеле манфиатбахш буд.

– Баъди як сол нияти давом додани таҳсилро дар Итолиё надоштед?

– Имкон буд, аммо дурӣ аз Ватанро хеле сахт таҳаммул мекардам ва бо мақсаде, ки омӯзишу фаъолиятро дар кишвар давом диҳам, баргаштам.

– Ташаккур барои суҳбати самимӣ.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо