25.1 C
Душанбе

Аз дафтари ашъори нав

Файзи Ашӯр

ЧУН МЕВАИ ХАТЛОНӢ…

Хуб аст туро донам, бад нест маро донӣ,

Ҳампеша туро хонам, ҳамреша маро хонӣ.

То арши парафшонӣ қадрат бибарам боло,

Қадрам набарӣ пойин то фарши парешонӣ.

Ҳар айб, ки мо дорем, гўем ба ҳам, аммо

Аз чашми гунаҳҷўён пўшонаму пўшонӣ.

Хорем паси сарро чун хонаи ҳам оем,

Дилтанг зи меҳмонрост ангушт ба пешонӣ.

Моле, ки туро бошад, ҳоле, ки маро бошад,

Ҳаргиз накунад моро болоию поёнӣ.

Дармонам агар, оӣ, дармонӣ агар, оям,

Дар лаб сухане ҳамчун гулбуттаи дармонӣ.

Ҳарф аз сари дилдорӣ бар хони парасторӣ

Чун шохаи тути тар афшонаму афшонӣ.

Дидам хати дафтарро чун навдаи боғи шеър,

Сарводаи ширинро чун меваи хатлонӣ.

* * *

Чашмаам, ҷўй биёред, ки ҷорӣ бошам,

Ошиқи гармии маҷрои баҳорӣ бошам.

Дигарон рафта, ба дарёи калон пайвастанд,

Ман набояд, ки қафо монда, канорӣ бошам.

Нияти хайри касе ях накунад аз нафасам,

Сард агар хонаи қалбест, бухорӣ бошам.

Гурдае санг чу гирад, бишавам пунаи он,

Ҷигаре дард кунад, тоҷи ҷуворӣ бошам.

Сад қанор аз хаси андўҳи чаманро сўзам,

Бо фараҳмандии гунҷишку қанорӣ бошам.

Нест «хеш аввалу дарвеш сипас» дар зотам,

Ман аз оне, ки чунин гуфт, фирорӣ бошам.

Тап-тапи панҷаи таҳсини бузургон бар дўш,

Дасти эҳсони туро шонаи ёрӣ бошам.

Бо ман, эй дўст, вафодор бимон, чун бо ту

Дорӣ аз моли ҷаҳон ё ки надорӣ, бошам!

* * *

Аз худам хондамат, худӣ нашудӣ,

Бар сарам мондамат, худӣ нашудӣ.

Гирди қалбам ба мисли сайёҳон

Давр гардондамат, худӣ нашудӣ.

Аз ҳарири муҳаббатам умре

Курта пўшондамат, худӣ нашудӣ.

Пайкари рағбатат ҷароҳат дошт,

Латта печондамат, худӣ нашудӣ.

Гарчи пайваста аз худу дигарон

Фавқ биншондамат, худӣ нашудӣ.

Илтимосам чу шира, бо арбоб

Сахт часпондамат, худӣ нашудӣ.

Дар самои ҳунар чу истора

Хуб тобондамат, худӣ нашудӣ.

Пушти боми дигар баро фардо,

Даст афшондамат, худӣ нашудӣ.

ФАСЛИ БЕМЕҲРӢ

Кист мезанад дарро? Баста аст? Вояш кун,

Ҳамдаме дилам хоҳад, зудтар садояш кун!

Ҳар кӣ бар дарам бошад, кош, ёварам бошад,

Дардисарбарам бошад, сар ба зери пояш кун.

– Пули обро пурсад, – гуфтӣ, эй писар? – пайдост,

Гў, дарояд ў хона, балки илтиҷояш кун.

Хонумам, биё, бикшо хон барои ин меҳмон,

Ҳамчунон хабаргирам рўи дида ҷояш кун.

Барфи фасли бемеҳрӣ рехт бар сарам бисёр,

Таҳ ба таҳ дилам сард аст, гарм аз ҳавояш кун.

Лаҳзае бигў шинад, то бигирям аз шодӣ,

Ханда бар лабам рўяд, пас, бигў: раҳояш кун!

Рафт ў, чаро? Эй вой, ғам дубора чангам зад,

Ғам ба ман чӣ часпидаст? Эй Худо, ҷудояш кун!

– Кист мезанад дарро, боз хез, фарзандам,

Пулибарқчин аст ў? Бо ман ошнояш кун.

Дигарам аз ин мардум ҳеҷ кас намепурсад,

Шоми тира дорад дил, субҳи босафояш кун!

* * *

Хабар расид, ки бар мо дигар хабар надиҳанд,

Хабар диҳанд мабодо, раҳи гузар надиҳанд.

Фазои шуҳрати муфт аст аз қадим ин сон,

Ки бо ҳузури машарраф ба худ зарар надиҳанд.

Ба минбаре, ки кунун садри он ҳасуд шудаст,

Мақом дода будандам, вале дигар надиҳанд.

Кулўхвор бувад мағзашон, вагарна чаро

Ба санг дода ҳадоёву бар шарар надиҳанд?

Тамаъ чунон ба рагу хунашон фурў рафтаст,

Хасе диҳанд агар бар ту, барҳадар надиҳанд.

Сипар рабуда дар авҷи бадӣ зи ҳушёрон,

Худо кунад, ки ба девонаҳо табар надиҳанд!

Фақат расидани то марра аз давидан нест,

Лаҷоми тездавонро ҳамеша сар надиҳанд.

Ду чашм хушку ҷигар хушку коғазам шуд тар,

Баҳои хушк, илоҳо, ба шеъри тар надиҳанд!

* * *

Муҳрест бар лабони ман, аммо надиданист,

Хомўшиям тилост, вале нохариданист.

Чун имтидоди ҳикмати «девору мушу гўш»,

Аз хома ин ду сатри сиёҳам чакиданист:

Шарт аст эҳтиёт, ки бар гўшиёни давр

Ахбор ҳосилест, ки бисёр чиданист.

Бояд шабони ғусса даҳанбаста хоб рафт,

Ҳазён, ки ақл ҳеҷ надорад, шуниданист.

Дил нест чун анор, ки дар ҷустуҷўи ҳусн

Умре анор ханда ба лабҳо кафиданист.

Танҳо барои боғи ту ин ҷўйбор нест,

Аз мева нахли сабзиши мо ҳам хамиданист.

Аз ҷинси бим ҷома ба тан дўхтам, вале

Афтода зери панҷаи нангам, дариданист.

Баҳри дифои марзи шараф чун дами сабоҳ

Аз дохилам шуҷоати Рустам дамиданист.

ДЕВОНАИ АЗИЗ

Пур аз самимият,

Он қадр, ки ба сомеъи худ болу пар диҳад,

Дар кўчаҳои шаҳр,

Шаҳре, ки ҳушёрии моро намехарад,

Девонае салом ба ҳар раҳгузар диҳад.

Ҳар субҳ чун зи хона бароям, ду ҷайби худ

Пур мекунам ба номи вай аз қанду аз мавиз,

Танҳо дуои ман

Ин аст раҳ ба раҳ:

-Эй кош, рў ба рўи ман ояд чу ошно

Девонаи азиз!

Дар тан либоси ғажд,

Ношуста дасту рў,

Оби даҳони бозу ҳақираш ба рўи фўк,

Ақлаш намерасад, ки аз ин ҳолати бадаш

Бар худ хабар диҳад,

Аммо даруни ў

Шаҳри маро таровати гулҳои тар диҳад.

УҚЁНУС

Дам мекашад он чӣ ҳаст тар, уқёнус,

Рўзе бишавад сер магар уқёнус?

То он ки равон чу рўд монанд, диҳанд

Сад чашмаи ҷамъкарда бар уқёнус.

ИМТИҲОН

Кам кард варо, ҳилоли ноёбаш кард,

Дар бистари ҳеҷбудагон хобаш кард.

Чун дид, ки осмонхарошӣ накунад,

Аз нохунаке дубора маҳтобаш кард.

РЎШНОӢ

Сарф агар як умр бояд кард дар ирфони он,

Сарф карда,

Рўшноиро шиносед!

Тирагӣ маълум бо як чашм пўшидан шавад!

* * *

Бегард кунад ҳавои дунёро сулҳ,

Рўбад, шўяд ғубори дилҳоро сулҳ.

Аз роҳ ба чоҳ мекашад моро ҷанг,

Аз чоҳ ба моҳ мебарад моро сулҳ.

* * *

Тарсем, ки оқибат ғамоганда шавад,

Аз шиддати ҷангҳо рагаш канда шавад.

Танҳо на дили Замин, ки бар ҷои шафақ

Мағзи сари осмон пароканда шавад.

* * *

Дар роҳи амал, ки пой ноҷо монад,

Хоҳад ба гулўи умри мо по монад.

Гўед бар ў, ки мо натарсем аз марг,

Номи вай агар намонад, аз мо монад!

* * *

Шуд ҷойиваз гаронию арзонӣ,

Дар ҳайратам аз замони бозаргонӣ.

Аз ошиқи худ ту мол хоҳӣ танҳо,

Бечора дили маро ту меларзон

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо