Зане, ки бо раҳи хуршед омад, Сурайё буд, ки дастовезе аз шаҳри офтобии шеър зери ҳамин унвон («Зане, ки бо раҳи хуршед меояд») бароямон овард.
Маҷмуаи ашъори ба тозагӣ нашрнамудаи Сурайё Ҳасансултон – «Зане, ки бо раҳи хуршед меояд» (Хуҷанд, «Хуросон», 2025) ҳомили бахшҳое аз ғазал, шеърҳои семисраӣ, чаҳорпора, шеъри озод, дубайтӣ, рубоӣ ва фардбайтҳост. Бо канор гузоштани ғазалҳои Сурайё ва пардохтан ба сойири анвои шеъри ӯ ғайр аз ғазал, аввал чизе, ки барои хонанда бозтоби равшан меёбад, пайванди бевоситаи шоир бо ҷомеа аст. Сурайё дар ин даст ашъор шоирест, ки бо ҷомеа иртиботи маҳкам барқарор кардааст ва бо ширкате, ки дар равиши рӯзгори имрӯз дорад, шеъри ҷомеагароёна месарояд. Ин бархурд аз ду ҷиҳат кори ӯро тақвият мебахшад, ки метавонем дар рӯбарӯйи худ як шоири иҷтимоъгаро ва як шоири вуқуъгароро бубинем. Ашъори ҷомеагароёнаи Сурайё бо нармӣ ва содагиҳое, ки дар бофти забонии онҳо ба назар мерасад, муносиби табъи хонандаи имрӯз афтодаанд ва ҳамчунон дар ин даст ашъор хонанда метавонад хостаҳои хеш ва ниёзмандиҳояшро дарёбад. Вақте ки шеърҳои иҷтимоъгароёнаи Сурайё мустақиман аз воқеият таъсир мепазиранд, дар фароянди расидан ба аҳдофи вуқуъгароёна шоир ҳаққи бештареро ба баёни мавзуъ вомегузорад ва гоҳе ҳунармандиҳои зебоишиносонаро пушти пардаҳои ин вуқуънигорӣ пинҳон медорад. Албатта, ин як амри ногузир дар кори шоирон аст, ки нохудогоҳ сурат мегирад. Вале муҳимтар аз ҳама Сурайё касест, ки агар бо нигоҳи фардии худ ба баёни мавзуоти иҷтимоӣ мепардозад, шеърҳояш фардитар мешаванд ва ин фардият ҳунармандиҳои шеъри иҷтимоъгароёнаи ӯро бозтоби бештар медиҳад:
…Агар фурсати умр ба рӯйи мижгон бор аст,
зиндагӣ бо ҷанг чӣ даркор аст?
Худоё, сулҳи башар куҷост,
Ки ҷазои донаи гандум ҳанӯз аз гулӯи мардони мо медорад…
Бигӯед, чӣ мешавад, агар инсон силоҳ насозад,
ҳатто бозича барои кӯдакон…
Даҳшат аст хунрезӣ бо баҳонаи озодӣ.
Бо хондани ин пора, ки аз нигоҳи фардии як зан ироа шудааст, мо бо як дарди бузурги ҷомеа рӯбарӯ мешавем ва ба ёди он меафтем ва бовар мекунем, ки воқеан хун рехтан барои озодӣ даҳшате беш нест. Ва дуруст тасдиқ мекунем, ки чӣ хуб аст, агар силоҳ насозем, ҳатто бозича барои кӯдакон. Чизе аз ҷинси ҳунармандиро агар дар ин шеър суроғ дорем, боз ҳам онро нуҳуфта дар пушти мавзуи шеър мебинем, ки бо нигоҳе фардӣ бозтоб ёфтааст. Ин бархурди иҷтимоъгароёна ва бардоштани бори сангину ваҳшатзои замони имрӯз шояд риққатовартар барои худи шоир аст, ки гоҳе худро дар ин масир танҳо мебинад ва забони шиква мекушояд:
Дар хамӯшистони буғзам гиряро овоз нест,
Ман сукути пур зи фарёдам, касе ҳамроз нест.
Бо ин ҳама итминоне, ки Сурайё ба танҳоии худ дорад, боз ҳам хешро дар инзиво қарор намедиҳад ва ба умеди ояндаи дурахшоне қадам бармедорад:
Метанам абрешими уммедро
Дар тани бовари худ,
Шоҳпарак мешавам рӯзе.
Ман аз он ҷо, ки бо шеъри иҷтимоъгароёнаи Сурайё ва сойири шоирони дигар рӯбарӯям, хуб дарёфтаам, ки дар кори як адиби иҷтимоъгаро фазилати иҷтимоъ бештар аз фазилати адабӣ будааст. Дарвоқеъ кадом адиберо суроғ доред, ки рӯҳи иҷтимоъгароёнаи шеъри худро мутлақан дар пушти хаёлоти шоирона, ки аз ҷинси иғроқи ҳунарӣ (навъе аз дурӯғи зебо) дониста мешавад, пинҳон дошта бо шад? Иҷтимоъ пайванди амиқ бо вуқуъгароӣ дорад ва дар осори пешрафтатарин адибонамон ҳам иғроқи ҳунариро бо басомади бештар мебинем. Дар ин ҳол ҳам иғроқи ҳунарӣ пойбанди зоҳири вожаҳои шоирона нест, балки паҳлу ба маҷоз мезанад. Ҳамон гуна, ки дар шеъри машҳури «Зимистон»-и Маҳдӣ Ахавони Солис иғроқи ҳунарӣ дар пойи як тасвири фасли сол маҳдуд нашудааст…
Берун аз иҷтимоъ мо шеъри Сурайёро дар баёни ҳадиси ишқ ва тасвири мавзуъоти мавриди ниёзи ӯ аз атроф, бешак, як шеъри мунсаҷим бо хостори дарунии ӯ мебинем. Бо ин амр гоҳе ӯ дар марҳалаи кӯтоҳе чун як шоири ормонгаро ба назар меояд. Ба ин маъно, ки вай ниёзи ботинии худро ба шеър мекашонад ва сурудаҳояш як навъ бозгӯкунандаи ҳоли худи ӯ мегарданд. Албатта, ин хостаҳо ҳам ангезаҳои вофире доранд, ки гоҳе хонанда онҳоро муносиби ҳоли худ мебинад. Онҳо дигар аз маҳдудаи хостаҳои ботинии як шоир фаротар мераванд ва барои дигарон хидмат мекунанд. Вале ин «дигарон» теъдоди камеанд, ки ин навъи шеър дар интизорашон мемонад. Бо дучор омадани ин масъала мехоҳам ангушти ишорат рӯйи мавзуи ишқ дар шеъри имрӯз бигузорам, ки мухотабони зиёде метавонад дошта бошад. Чӣ мешавад имрӯз агар як шоир дар қолаби маъшуқ ҳулул кунад ва ҳамчунон маъшуқи саркашу сарафроз ба ҷилва биёяд? Ва ё чӣ мешавад имрӯз агар як шоир ишқро ба тамошо бинишинад ва дар он моҷаро ҳузури бевоситае надошта бошад? Ва ё чӣ мешавад, агар дар шеъри имрӯз ошиқ даст аз шикваи маъшуқ бардорад ва ба нармӣ хостори парвози баланди ӯ дар баландои орзуҳояш бошад? Ва чандин «чӣ мешавад»-ҳои дигаре ҳастанд, ки метавонанд ишқро ба маснади боло бинишонанд ва рӯҳи шеъри моро тоза созанд ва муҳимтар аз ҳама ниёзи ҳамешагии хонандаи шеър бошанд.
Ҳоло, ки бо ошиқонаҳои Сурайё рӯбарӯям, ин паёми нағзро аз номи як маъшуқ авлотар аз сӯхтан дар мақоми як ошиқ мебинам, ки солҳо дар шеър якмаром идома меёбад:
Аз анҷумани ишқи Сурайё хабари нағз:
Ошиқ шуда чашмони маро як писари нағз.
Бар хонаи дил роҳ пур аз шебу фароз аст,
Хушбахт шавам, гар ту шавӣ ҳамсафари нағз…
Чизи дигаре, ки метавонад дар шеъри Сурайё қобили арз бошад, забони шеъри ӯст. Забони шеъраш дар хилоли шеъри хеле аз шоирон, ки забони мубҳаму печида доранд, сода ва ҳамоҳанг бо забони рӯз аст. Забон пули устувор миёни зеҳниёти шоир ва зеҳниёти хонанда аст, ки ҳеч гуна мубҳамӣ ва печидагиро намеписандад. Ва ин забони пӯёву гӯёро, ки тозакориҳои бештареро дар шеъри Сурайё рақам мезанад, дар анвои шеъри озодаш бештар дидам. Ба назар мерасад, ки ғазал ва дигар анвои суннатӣ дар шеъри ӯ андаке аз ин хосият дур аст. Ва гирумони забон дар навъи ғазал дарак аз ихлоси тамомаш ба шеъри пурбори суннатӣ медиҳад ва забони ғазалҳои ӯ пайванд ба забони шеъри суннатӣ дорад.
Дил мехоҳад руҷуи бештаре ба шеъри ӯ дошта бошем, вале ин дар қолаби як китобиёт кофӣ нест. Сурайёро бо ин китоби тозанашраш муборакбод мегӯем.
Муҳриддин САБУРӢ