22.4 C
Душанбе

Асланшоҳ Раҳматуллоев даргузашт

Рӯзи 27-уми апрел дили Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев дар синни 71 аз тапидан бозмонд. Гуфта мешавад, маросими хайрбод бо ӯ рӯзи 28-уми апрел, соати 08:30 дар назди хонааш, ки дар канори синамосарои «Ватан» ҷойгир аст, сурат мегирад.

Дар ин бора наздикони ҳунарпеша хабар дода, афзудаанд, ки қарор аст ҷанозаи ҳунарпешаи саршинос дар масҷиди ҷомеъи Имом Аъзам Абуҳанифа дар соати 10:00 баргузор шавад.

Дар ҳамин ҳол Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар робита ба даргузашти Асланшоҳ Раҳматуллоев ба пайвандони ӯ изҳори ҳамдардӣ карда, барои онҳо сабри ҷамил хостааст. Паёми таслияти шаҳрдори Душанбе дар сафҳаи телеграмаш баъд аз зуҳри 27-уми апрел нашр шуд.

Бояд гуфт, Асланшоҳ Раҳматуллоев 23-юми сентябри соли 1954 дар деҳаи Пушиёни ноҳияи Восеъ чашм ба олами ҳастӣ кушода, Донишгоҳи синамои Маскавро дар соли 1975 ба поён бурда буд.

Ӯ як муддат дар Намоишсарои Абулқосим Лоҳутӣ ба унвони ҳунарпеша кор карда, баъдан ҳунарпеша ва коргардони Намоишсарои “Оина” маҳсуб мешуд.

Асланшоҳ Раҳматуллоев дар миёни ҷомеъаи ҳунарӣ шахсияти баном ва хориқулода шумурда мешуд. Вай дар намоишҳои чун «Гамлет», «Корвони бахт», «Ҳодисаҳои ғайриоддӣ», «Гилеми кабуд», «Шоҳ Лир», «Роҳзанон», «Мардон намегирянд», «Вақте шаҳр хобидааст», «Ғуруби Аҷам» ҳунарнамоӣ кардааст.

Аммо тавре коршиносон таъкид мекунанд, истеъдодаш дар синамо бештар намоён будааст. Бавижа нақшофаринияш дар филмҳои ҳунарии «Дӯстонро намефурӯшанд», «Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар» (6 қисм, филми телевизионӣ), «Марди мутааллиқи ду зан», «Қасосгири хурд», «Қош ба қош», «Қӯшатир», «Модар бо мост», «Имтиҳон», «Кӯҳистонӣ», «Бехонаҳо дар касалхона» ва монанди ин қобили таваҷҷуҳ ҳастанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки ҳафтавори адабии «Адабиёт ва санъат» чанд сол пеш дар бораи корнома ва саргузашти ҷолиби Асланшоҳ Раҳматуллоев мақолае чоп карда буд, ки метавонед дар ин пайванд мутолиа кунед.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо