Мутахассисон аз намоиши таҳиянамудаи ҳайати эҷодии Театри мазҳака-мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб, ки рӯзи 17-уми апрел дар доираи Ҷашнвораи “Парасту – 2025” пешкаши бинандагон гардонида шуд, изҳори норизоӣ карданд. Ба андешаи коршиносон, намоиш ҳам аз ҷиҳати драматургия ва ҳам интихоби мавзуъ камбудҳои ҷиддӣ дошт.
“Сайид Алии Ҳамадонӣ воқеан шахсияти бузурги таърихист, аммо бо чунин тарзи пешниҳод наметавон бинандаро ба шахсият ва осори ӯ ба хубӣ шиносонд ва таъсири мусбат гузошт. Ин намоиш не, балки инсинировка буд” – изҳор дошт ҳунарпешае, ки ба хотири навмед накардани таҳиягарон аз гуфтани номи хеш худдорӣ намуд.
Бо баровардани тобут ба охир расонидани намоиш низ яке аз камбудиҳои он ба шумор меравад.
Барои эҷодкороне чун ҳайати эҷодии Театри вилоятии шаҳри Кӯлоб таҳияи чунин намоиши сифатан паст ҷоиз нест, чун ин театр таҷрибаи чандинсола дорад ва бо таҳияи намоишҳои ҷолиб дар кишвар маҳбубу машҳур аст.
Бояд гуфт, коргардони намоиши “Ахтаре дар Хатлонзамин” Раҳмоналӣ Одиназода буда, Мирзомуддин Раҳмонов (Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), Худойназар Тилавов (Амир Темур), Сафархон Мадалиев (Девона), Раҳмоналӣ Одиназода (Нуриддини Бадахшӣ) ва дигарон дар он нақшофаринӣ карданд.
Мижгон Халилзода, “АС”