Содиқ Ҳидоят (1903-1951) аз чеҳраҳои дурахшони фарҳангу адаби асри бистуми Эрон аст, ки бо осори арзишманди хеш насри бадеии форсии муосирашро такмил дода ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардааст. Баъд аз марги нобаҳангомаш дар қалби тамаддуни Аврупо – шаҳри Порис ҷомеаи фарҳангии Эрон дафъатан эҳсос кард, ки шахсияти бузурги адабиро аз даст додааст. Ношироне, ки бо харҷи худи муаллиф китобҳояшро бо теъдоди андак ва бо таъхир чоп мекарданд, оҷилан ба чопу нашри осораш пардохтанд.
То ба имрӯз осори Содиқ Ҳидоят батакрор дар Эрон ва хориҷ аз он тарҷумаву чоп мешаванд. Перомуни ҷанбаҳои мухталифи эҷодиёташ ҳам дар Эрону ҳам эроншиносии ҷаҳон пажӯҳишҳои густардаи илмӣ сурат гирифта, рисолаву мақолоти мутааддиде таълиф мегарданд. Доир ба ҳеҷ як адиби асри ХХ-и Эрон ба андозаи Содиқ Ҳидоят китобу мақолоте ба нашр нарасида бошад ҳам, ҷанбаҳои кашфнашудаи эҷодиёташ то ҳол зиёданд ва мунтазири татқиқу таҳқиқанд.
Гузашта аз ин, Содиқ Ҳидоят нависандаи форсизабоне аст, ки бештари осораш ба аксари забонҳои маъруфи Шарқу Ғарб тарҷума ва чоп шудаанд. Барои мисол, қиссаи маъруфи “Буфи кӯр”-аш ба забонҳои фаронсавӣ, англисӣ, русӣ, олмонӣ, туркӣ, арабӣ, чехӣ, итолиёӣ, ҳиндӣ, урду, чинӣ, озарӣ, арманӣ ва ғайра тарҷума шудааст.
Содиқ Ҳидоят рӯзи 28 баҳманмоҳи соли 1281 ҳ.ш. (мутобиқ ба 17 феврали соли 1903 милодӣ) дар шаҳри Теҳрон, дар хонаводаи ашрофи соҳибмаърифат Эътизодулмулук Ҳидоят, ки аз наберагони Ризоқулихони Ҳидоят (1800-1871), шоир, тазкиранавис ва аввалин мудири мадрасаи техникии “Дорулфунун”-и Эрон буд, ба дунё омадааст. Бинобар гуфтаи Саид Нафисӣ шаҷараи хонаводагии Ризоқулихони Ҳидоят ба Камоли Хуҷандӣ мерасидааст.
Содиқ дар хонавода фарзанди панҷум ҳисоб мешуд. Пеш аз ӯ ду бародар (Исо ва Маҳмуд) ва ду хоҳар (Ахтарулмулук ва Ашрафулмулук) ва пас аз Содиқ Ҳидоят хоҳараш Анварулмулук ба дунё омаданд.
Падараш Ҳидоятқули Ҳидоят, мулаққаб ба Эътизодулмулук, корманди олирутбаи давлатӣ буд ва нисбатан зуд бознишаста гардидааст. Модараш Зеваримулук духтари Алиқули Мухбируддавла низ аз наберагони Ризоқулихони Ҳидоят маҳсуб мешавад. Умуман, аҳли хонаводаи Ҳидоят ҳам дар даврони салтанати Қоҷор (солҳои 1798-1923) ва ҳам дар овони ҳукумати хонаводаи Паҳлавӣ аз шахсиятҳои муҳимми давлатӣ ва фарҳангӣ ба шумор мерафтанд. Аз ин ҷост, ки Содиқ Ҳидоят дар муҳити гарми хонаводагӣ, ки ҳама аҳли фазлу маърифат буданд, ба камол расидааст. Содиқро дар шашсолагӣ ба мадрасаи ибтидоии “Илмия” медиҳанд. Баъдан таҳсилоти миёнаро дар Дорулфунун, сипас дар литсейи фаронсавии “Сен Луи” идома медиҳад. Маҳз дар литсейи “Сен Луи” майлу рағбати Содиқ Ҳидоят ба омӯзиши ҷиддии забону адабиёти фаронсавӣ ва шавқи фаровонаш ба мутолиа пайдо мегардад.
Дар соли сеюми таҳсилаш дар литсейи “Сен Луи” забони фаронсавиро бахубӣ меомӯзад. Маҳз дар литсейи “Сен Луи” шавқи беандозаи Содиқ Ҳидоят ба мутолиа ва ошноии ибтидоӣ бо адабиёти Аврупо ва истеъдоди нависандагии ӯ бедор мешавад. Дар ин бора худи нависанда дар мавриде чунин ёдовар шудааст: “Туи (дар – О.Х.) мадрасаи “Сен Луи” як кашиш (руҳонии масеҳӣ) буд, ки беҳеш (барояш) форсӣ ёд медодам ва дар иваз ба ман дарси фаронсавии хусусӣ медод… Бо вуҷуди кашиш будан, салиқаи хосе дар адабиёт дошт… Аслан, ӯ маро ташвиқ ба навиштан кард. Китобҳои Мериме, Теофил Гӯтийе, Мопассан, Губину, Бодлер, Эдгар Ален По, Ҳофманро ба дастам медод. Хушбахтона, ҳеч таассуби адабӣ надошт. Адабиёти русӣ, олмонӣ, испониёӣ… ва билохира ҳар чизе ба на зараш ҷолиб меомад… Аммо интихоби нависандаҳо бе ҳисобу китоб набуд. Дон Кихотро ӯ ба ман дод, то бихонам”.
Моҳи сентябри соли 1926 дар ҷумлаи ҷавонони комёби озмун ба Белгия, барои таҳсил дар риштаи муҳандиси сохтмон, фиристода шуда, соле дар мадрасаи олии муҳандисии шаҳри Брюссел таҳсил кардааст. Аммо обу ҳавои Белгия барояш созгор намеояд ва бо мадади бародари бузургаш Исои Ҳидоят ба Донишкадаи меъмории шаҳри Порис мунтақил шудааст. Содиқи ташнаи мутолиаву фарогирии неъмати маънавӣ аз ин интиқол хеле хурсанд будааст, зеро дар Порис барои мутолиаву ошноӣ бо адабиёту фарҳанги Ғарб имкони бештаре пайдо кардааст. Аслан, хонаводаи Содиқ Ҳидоят ӯро бо ҳамин мақсади фаро гирифтани риштаи муҳандисӣ, ки дар оянда битавонад бо пуштибониву нуфузи хонаводаи Ҳидоятҳо соҳиби мақому мартабае гардад, озими Аврупо карда буданд. Аммо Содиқ Ҳидоят ҳеҷ шавқи таҳсил дар ин риштаро надошт. Аз ин рӯ, бештари вақти хешро на ба дарсхонӣ, балки ба мутолиаи адабиёту фарҳанги Аврупо ва ҷаҳон сарф мекард.
Муҳити фарҳангиву адабии Фаронса Содиқ Ҳидоятро маҷзуб мекард. Дар натиҷа сахт ба омӯхтану мутолиа ва навиштани асарҳои бадеӣ пардохт ва ба дарсҳои донишгоҳиаш бетафовут буд. Аз ин рӯ, дар Порис бештари вақташро сарфи дидани осорхонаҳо, консертҳои симфонӣ, мутолиаи китоб, баррасии осори ҳунарии готика, ҳунарҳои нафисаи Шарқ, бавежа Эрони бостону исломӣ мекард. Дар суҳбату суханрониҳои нависандагони маъруфи замонааш Андре Жиду ва Жорж Дюамел иштирок мекард. Бо эроншиносу шарқшиноси маъруф Анри Массе, ки тарҳи дӯстӣ барпо карда буд, дар бораи фарҳангу фолклори Эрон соатҳои тӯлонӣ ба табодули назар мепардохт.
Солҳои охири иқоматаш дар Порис ба маҳзари устоди Донишгоҳи Сорбон Эмил Ҳуг роҳ ёфта буд. Маҳз дар ҳамин давра аввалин достони кӯтоҳи “Марг”-ро менависад ва соли 1927 дар маҷаллаи “Эроншаҳр” (Берлин) ба чоп мерасонад. Китобчаеро зери унвони “Фавоиди гиёҳ хорӣ” низ дар соли 1927, дар Берлин мунташир мекунад, ки самараи фаъолияти гиёҳпизишкии ӯст. Охири солҳои иқоматаш дар Париж ҷиддан ба нависандагӣ мепардозад ва чандин достони кӯтоҳ менависад.
Билохира Содиқ Ҳидоят тобистони соли 1929, баъд аз иқомати чорсола дар Аврупо, бидуни дарёфти мадраки таҳсилоти олӣ, ба Теҳрон бармегардад. Муваффақ ба итмоми таҳсилоти донишгоҳӣ нашуда бошад ҳам, дар ивазаш бо шинохти комиле аз фарҳангу адаби ҷаҳон ва кӯлборе андӯхта, бо ғанои маънавӣ аз адабиёти Ғарбу Шарқ ба Эрон меояд.
Баъди баргаштан ба Ватан аввалин коре, ки мекунад, бо харҷи худаш (соли 1930) нахустин маҷмуаи достонҳои кӯтоҳи худро зери унвони “Зиндабагӯр” ба чоп мерасонад, ки дар он аксаран асарҳое, ки дар Порис таълиф карда буд, аз қабили “Зиндабагӯр”, “Асири фаронсавӣ”, “Модлен” ва достонҳои кӯтоҳи “Ҳоҷӣ Мурод”, “Оташпараст”, “Довуди кӯжпушт”, “Обҷихонум”, “Мурдахӯрҳо” шомил буданд. Маҷмуаи мазкур аз ни гоҳи мавзуъ ва сабку тарзи баёнаш дар насри бадеии форсӣ тозагӣ дошт. Аз ин рӯ, бештар дар миёни ҷавонони таҳсилкарда дар Ғарб шуҳрат пайдо кард.
Баъди баргаштанаш ба Эрон аҳли хонаводаи Содиқ Ҳидоят исрор доштанд, ки дубора ба Фаронса баргардад ва таҳсилоташро ба поён расонад ё дар риштаи дигаре соҳиби дипломи таҳсилоти олӣ шавад. Аммо ҳеч кадоме аз ин пешниҳодҳоро напазируфт ва дар Бонки миллӣ ба ҳайси корманди одӣ, бо моҳонаи ночизе ба кор даромад. Аз аҳли хонаводаашон, ки аксаран иборат аз ашхоси саршинос, аз ҷумла бародари бузургаш Маҳмуди Ҳидоят муовини нахуствазир буд, ҳеч кумаке нахост. То сафари дубора ба Порис (соли 1950) ба ҳайси мутарҷими забони фаронсавӣ, корманди қатории идораи тиҷорат, вазорати умури хориҷа, ширкати сохтмонсозӣ, Донишгоҳи Теҳрон ва маҷаллаи “Мусиқӣ” кор кард.
Нимаҳои аввали солҳои сиюм аз пурмаҳсултарин давраҳои фаъолияти адабии Содиқ Ҳидоят ба шумор меравад. Ӯ дар Теҳрон ҳамроҳи ҷавонони дар хориҷ таҳсилкарда гурӯҳеро бо номи “Рубъа” ташкил дод, ки дар он худаш, Бузурги Алавӣ, Масъуди Фарзод ва Муҷтабо Минавӣ шомил буда, бо ҳамин сабаб ҳамчун “рубъа” (чоргона) маъруф гардида буд. Сипас ба он А. Нӯшин, Хонларӣ, Содиқи Чӯбак, Минбошиён ва дигарон пайвастанд. Ин гурӯҳи адабӣ ҳафтае чанд бор дар каҳвахонаи “Жола” ҷамъ мешуд ва доир ба масоили адабӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ табодули афкор мекард. Гурӯҳ аз он ҷиҳат ҷолиб буд, ки афкору ақидаи “чор нафар”, ки ҳар як дар яке аз кишварҳои аврупоӣ таҳсил карда буд, бо ҳам омезиш ёфта, барои фарҳанги он рӯзи Эрон роҳи рушду халосӣ меҷуст. Маҳсули ин нишастҳои адабӣ, нахуст, чопи китобе зери унвони “Анэрон” шуд, ки аз се асари се муаллиф – Содиқ Ҳидоят – “Сояи муғул”, (дар бораи ҳуҷуми муғул ба Эрон), Шин Партав (Партав Шероззода) – «Шаби бадмастӣ» (дар бораи ҳамлаи Искандари Мақдунӣ ба Эрон), Бузурги Алавӣ – “Дев-дев” (дар мавзуи ҳуҷуми араб ба Эрон) иборат буд.
Соли 1931 дувумин маҷмуаи достонҳои кӯтоҳи Содиқ Ҳидоят бо номи “Се қатра хун”, соли 1933 маҷмуаи савумаш “Соярӯшан” ва ҳамон сол достони калонҳаҷми ҳаҷвии “Алавияхонум” ба чоп расиданд. Соли 1934 (ҳамроҳи Масъуди Фарзод) маҷмуаи памфлетҳои ҳаҷвиеро зери унвони “Вағ вағ соҳоб” мунташир сохта, дар ҳамин давра ба ҷамъоварии фарҳанги тӯда (эҷодиёти шифоҳии мардум) машғул шудааст ва соли 1931 маҷмуаи таронаҳои халқии “Авсуна” ва соли 1933 маҷмуаи маводи фолклорӣ ва мардумшиносиеро зери унвони “Найрангистон” ба чоп расондааст.
Дар ин давра ҳамчунин Содиқ Ҳидоят бори нахуст дар Эрон асарҳои А. П. Чехов – “Марги корманд” ва “Тумушки теғдор”-ро аз забони фаронсавӣ ба форсӣ тарҷума ва чоп кардааст. Соли 1934 маҷмуаи рубоиёти Умари Хайёмро, ки соли 1923 ба чоп расонида буд, таҷдиди назар кард ва таҳқиқоти муфассалеро доир ба ҳунари шоирӣ ва афкори фалсафии шоир, зери унвони “Таронаҳои Хайём” бар он афзудаву дастраси умум гардондааст.
Таваҷҷуҳи беандозаи Содиқ Ҳидоят ба омӯзиши адабиёту таърихи Эрони бостон, бавежа даврони Сосониён (224 – 652), ӯро барои фарогирии забони паҳлавӣ ба диёри Ҳинд мебарад, то аз порсиёни зардуштӣ забони паҳлавӣ ва “Авесто”-ро биёмӯзад. Бо даъвати дӯсташ Партав Шероззода, ки дар консулгарии Эрон дар Бомбай муовини сарконсул буд, соли 1936 ба ҳайси мутахассиси танзими диалогҳои филми форсӣ ба Ҳиндустон меравад. Ин мусофират қариб ду сол тӯл мекашад. Содиқ Ҳидоят ба таври комил забони паҳлавиро меомӯзад ва бо фарҳанги ғании Ҳинд аз наздик ошно мешавад ва иттилооти густардае аз адабиёти паҳлавӣ ба даст меорад. Чандин ёдгории хаттии паҳлавии замони Сосониёнро ба забони форсӣ тарҷума карда, дар Эрон ба чоп мерасонад, ки “Корномаи Ардашери Бобакон”, “Хуҷастаи Аболиш”, “Шаҳристонҳои Эроншаҳр”, “Гузориши гумоншикан” аз он ҷумлаанд. Бузургтарин коре, ки Содиқ Ҳидоят дар Бомбай анҷом дод, чопи шоҳкораш “Буфи кӯр” аст, ки шояд таълифи онро ҳанӯз дар Порис ба итмом расонда бошад. Онро дар 50 нусха бо хатти худаш ба шакли поликопӣ чоп мекунад. Асар танҳо баъд аз 5 сол, (1940) дар Теҳрон пас аз суқути режими Ризошоҳ ва ба миён омадани вазъи нисбатан демократӣ ба таври типографӣ ба чоп мерасад.
Охири соли 1938 Содиқ Ҳидоят аз Ҳинд бармегардад ва бори дигар ба Бонки миллӣ ба кор медарояд, аммо беш аз соле кор накарда, истеъфо медиҳад. Режими диктотурии Ризошоҳ шадидтар мегардад. Гурӯҳи адабии “Рубъа” кайҳо пароканда шуда буд. Содиқ Ҳидоят дар ин даврони хатарзо бо маҷаллаи “Мусиқӣ” ҳамкорӣ мекунад. Мақолаҳои таҳқиқотие доир ба мусиқии Ғарб, фолклори Эрон ба чоп мерасонад. Асарҳои аз забони паҳлавӣ ба форсӣ тарҷумакардаашро табъу нашр мекунад. Хулоса, то соли 1941 ҳеч асари бадеие ба чоп намерасонад.
Зимистони ҳамон сол, дар ҳайати намояндагони фарҳангии Эрон, дар ҷашни 20-солагии Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (Тошканд) ширкат мекунад ва ду моҳ барои омӯзиши дастхатҳои китобхонаи Институти шарқшиносии АИ Ӯзбекистон дар Тошканд мемонад.
Содиқ Ҳидоят барои ба Пориси давраи ҷавониаш баргаштан талош меварзад. Билохира, 5-уми декабри соли 1950 Теҳронро ба қасди Порис тарк мекунад. Аммо Порис дигар он шаҳри фарҳангу адаби пеш аз ҷанг набуд ва Содиқ Ҳидоятро бисёр сард истиқбол кард. Аз ин лиҳоз Содиқ Ҳидоят, ҳам аз нигоҳи равонӣ ва ҳам аз ҷиҳати молӣ, дар тангно қарор дошт. 9-уми апрели соли 1951 дар рӯзномаҳои Порис хабари дар ҳуҷраи кироя худкушӣ кардани нависандаи эронӣ бо номи Содиқ Ҳидоят мунташир мегардад. Ӯро баъд аз ҷаноза дар масҷиди Маркази фарҳангии исломӣ, дар қабристони маъруфи Пер-Лашези Порис ба хок месупоранд.
Олимҷон ХОҶАМУРОДОВ,
профессор