Навҳа мекашад чун дил
Абри дидагон бе ту.
Тира дар само тобад
Шамъи шабравон бе ту.
Ашки сабза шуд шабнам,
Лола дар даман дилхун.
Ғунчаҳои нашкуфта
Дар чаман хазон бе ту.
Базми мо басе дилгир,
Ҳарфҳо пароканда.
Талх аз ҷудоиҳост,
Айши ошиқон бе ту.
Нози ту адо дорад,
Қасди ҷони мо дорад,
Нашъа аз куҷо дорад
Сайри гулситон бе ту!
Боз о, ба дуриҳо
Тоқату тавонам нест.
Зиндагӣ аҷаб мушкил,
Розҳо ниҳон бе ту.
***
Азизу меҳрубонам кист? – Модар!
Фурӯғи дидагонам кист? – Модар!
Забони модарӣ омӯхт бар ман,
Ҳамеша дар забонам кист? – Модар!
Сафои рӯи олам офтоб аст,
Сафои хонадонам кист? – Модар!
Маро беҳтар зи ҷон донист умре,
Гиромитар зи ҷонам кист? – Модар!
***
Дар дили мо ҷуз ҳавои рафъати ашъор нест,
Дар баёзи мо сухан аз дигарон такрор нест.
Мекашад мӯ аз дили мӯ шоир аз табъи баланд,
Сайқали фикри расоро хавф аз зангор нест.
Паркаши назми ҷаҳонгир аст мурғи завқи мо,
Хотири моро фароғи бахт ҳаст, озор нест.
Аз ҳаюлои вуҷуд омӯхтем аздоди асл,
Ҷисми мо маъзур з-обу хоку боду нор нест.
Хоби ғафлат ҳамрадифи марг андар зиндагист,
Мешавад помоли аъдо миллате бедор нест.
Соқӣ аз базми сабуҳӣ боиси таъхир чист?
Умр дар айни шитобу соғарат саршор нест!
Партави иқбол борад бар баёзи Қодирӣ,
З-он ки дар гулзори назми ӯ асар аз хор нест.





