25.4 C
Душанбе

Дардҳои ниҳони «Никоҳи пинҳонӣ»

Шоми 3-юми май дар доираи Ҷашнвораи байналмилалии театри «Наврӯз» операи мазҳакии «Никоҳи пинҳонӣ»-и Намоишсарои академии мусиқии бачагонаи Наталия Сатси шаҳри Маскав пешниҳоди бинандагон гардид.

«Никоҳи пинҳонӣ» яке аз машҳуртарин асарҳои оҳангсози ҷаҳоншумули итолиёӣ Доменико Чимароза мебошад, ки дар миёни 70 асари ӯ мавқеъи хос дорад. Ин навбат он дар коргардонии Валерий Меркулов рӯи саҳна омад ва ҳунармандони театр Олег Банковский, Анна Малкина, Татяна Ханенко, Екатерина Ковалева, Максим Дорофеев ва Денис Болдов дар он нақшофаринӣ карданд.

Достони ин асари мусиқавӣ чунин аст – ашрофзодае ба хонаи тоҷир Робинзон меҳмон мешавад ва мизбон мехохад духтари калониашро ба ӯ ба занӣ диҳад. Аммо ашрофзода бо як нигоҳ ошиқи духтари хурдии хонадон мегардад ва аз муҳосиб Паолина хоҳиш мекунад, ки барои баҳамоии онҳо мусоидат кунад. Сипас маълум мешавад, ки Паолина ва духтари хурдӣ Каролина ҳамдигарро на танҳо дӯст медоранд, балки кайҳо никоҳи пинҳонӣ кардаанд. Ин ду ҷавони ошиқ ба хулосае меоянд, ки аз шаҳр фирор кунанд. Саранҷом падар аз гуноҳи духтари хурдӣ мегузарад ва ашрофзода бо духтари калонӣ арӯсӣ мекунад. Ба ин васила ҳама ба муроди дил мерасанд ва намоиш бо шодиву хушҳолии қаҳрамонҳо анҷом меёбад.

Бо дидани ин намоиш тамошобини ҷавон дилгир намешавад ва дарк мекунад, ки опера нофораму дилнокаш нест, балки дунёи афифаи босалоҳест. Операи мазкур печутобҳои зиёд надорад ва мазмун хеле равшан таҷассум гаштааст. Дар ин мазҳака паси хандаҳо метавон дардҳои пинҳонеро ҳам дид. Ҷавонони дилдода аз овозаҳои атрофиён дар бим буда, то ҷое муҳаббати худро қурбонӣ мекунанд. Мутадовил аст, ки ба зиндагии онҳо дахолат мекунанд ва баъзан мухолифи хостаҳои онҳо амал менамоянд.

Ба суоли мо, ки оё ин асар бо оркестри симфонӣ ҳам иҷро мешавад ва оё театр асарҳои оҳангсозони ҳамзамони моро низ рӯи саҳна меорад, коргардон Валерий Меркулов чунин посух дод:

Бале, аммо дар театри мо танҳо бо роял иҷро мешавад. Мо ин асарро дар толори хурди театрамон хеле зиёд рӯйи саҳна мегузорем. Яке аз сабабҳои бо оркестр иҷро нашудани намоиш хурд будани толор аст. Дувум ин ки агар ин асар бо оркестр рӯйи саҳна меомад, мо онро ба сафарҳои ҳунарӣ бурда наметавонистем ва дар ин ҳолат намоиш танҳо барои театри Маскав мешуд.
Мо бо оҳангсозони ҷавон ҳамкории зич дорем ва кӯшиш мекунем операҳои муосирро ба саҳна монем, зеро ба ин васила метавон таваҷҷуҳи тамошобини зиёдро ҷалб кард. Дар намоиши «Никоҳи пинҳонӣ» ҳам  баъзе ашёҳои имрӯзро илова кардем, ки тамошобини ҷавон то ҷое худро шиносад ва рӯҳан бо қаҳрамонҳо пайваст шавад.

Нахустнамоиши асари «Никоҳи пинҳонӣ» моҳи апрели соли 2016 сурат гирифта ва то имрӯз дар ҷашнвораҳои зиёде ширкат кардааст.

Сайидо ШАРАФӢ, «АС»

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо