Дар таърихи 2 то 9-уми апрел дар саросари Тоҷикистон Ҷашнвораи саросарии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” сурат мегирад. маросими ифтитоҳи ин ҷашнвора рӯзи 2-юми апрел, дар саҳни Китобхонаи бачагонаи Мирсаид Миршакари Душанбешаҳр баргузор шуд.
Қарор аст, дар дарозои як ҳафта дар шаҳру шаҳристонҳои Тоҷикистон рӯйдодҳои фарҳангӣ, бавижа намоишу фурӯши китобҳои бачагона, тозанашр ва маҳфилҳо бо ширкати адибон барпо шаванд.
Гуфта мешавад, ки дар давоми як ҳафта дар Душанбешаҳру вилоятҳои Бадахшон ва Суғду Хатлон силсилаи маҳфилҳо сурат мегирад.
Тавре ки дастандаркорони Ҷашнвораи саросарии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” ба adab.tj хабар доданд, маросими ҷамъбастии он рӯзи 16-уми апрел дар соати 10:00 дар Китобхонаи бачагонаи Мирсаид Миршакар бо баргузории барномаи фарҳангӣ, намоиши китобҳо таҳти унвони “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!” ва тақдими туҳфаҳо ба ширкаткунандагони фаъоли ин ҷашнвора баргузор мешавад. Ҳамзамон бо ин порчаҳо аз намоишҳои Намоишсарои “Лӯхтак” ва Сирки давлатии Тоҷикистон рӯйи саҳна гузошта мешавад.
Барномаи баргузории маҳфилҳои фарҳангӣ дар чаҳорчӯби ин ҷашнвораро дар ин акс бибинед:
