Санаи 6-уми марти соли равон дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон вохӯрии адибон бо ҷавонон баргузор гардид. Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад ва Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрул ло ба ҷавонон дар бораи шеъру шоирӣ, рисолати адибу адабиёт дар ҷомеа, дӯст доштани Ватан, вазъи ноороми замони муосир, дур будан аз ҳама гуна амалҳои номатлуби замона, ҳушёрии сиёсиву ҳувияти миллӣ ва амсоли инҳо нақл карданд. Азбаски вохӯрӣ дар арафаи Рӯзи модар баргузор шуд, дар он доир ба бузургии модарон, рисолати падару модарон дар тарбияи фарзандон, эҳтироми фарзандон ба волидон, пойдории оилаву иштироки фаъолона дар пешрафти ҷомеа низ суханони воло иброз гардиданд. Ҷавонон бо истифода аз ҳузури адибони шинохтаи кишвар ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд.
МУЛОҚОТ БО АДИБОН
Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.





