Рӯзи 20-уми марти соли 2025 Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оростонаи дасторхони ҳафтсину ҳафтшин ҷашни Наврӯзро таҷлил карданд.
Роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Хадамоти иҷро ширкаткунандагони маросимро ба муносибати фарорасии Наврӯз хуҷастабод гуфта, дар бораи аҳамияту вижагиҳои ин ҷашн сухан гуфтанд.
Дар идома маҳфили шеъру тарона бо ширкати адибону овозхонҳо барпо гардид, ки Камол Насрулло, Рустам Ваҳҳобзода, Давлати Раҳмониён, Абдуллоҳи Раҳнамо, Шаҳрияи Аҳтамзод, Саъдӣ Мирзо, Лолаи Саидакбар, Бузургмеҳри Тоҷиддин ва Ориёнфар суханронӣ ва шеър қироат карданд.
Таъкид шуд, ки ҷашнгирии Наврӯз аз қадимтарин замонҳо то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳувияти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон шумурда мешавад.