36.2 C
Душанбе

Сироҷиддин Ҷӯрахонзода: Равобити Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн бо муассисаҳои хориҷӣ хуб аст

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо 19 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ва беш аз 50 ташкилоти дохилӣ бо мақсади гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва таъмин намудан бо ҷойи кор ҳамкорӣ дорад. Дар ин хусус рӯзи 8-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ ректори ин донишкада Сироҷиддин Ҷӯрахонзода иттилоъ дод.

Ба қавли номбурда, соли 2024 донишкада бо Донишгоҳи давлатии Иванови Русия, Донишгоҳи миллии тадқиқотии давлатии муҳандисии сохтмонсозии Маскав, Донишгоҳи федералии Қазон, Донишгоҳи Григори Сковорода дар Переяслави Украина ва Донишгоҳи давлатии технологии Беларус созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Дар заминаи ҳамкории байналмилалӣ омӯзгорони эҷодкори донишкада дар беш аз 10 намоиши байналмилалӣ, саросарӣ ва дохилии донишкада асарҳои худро ба намоиш гузоштанд.

«Ҳамчунин раёсати донишкада донишҷӯёнеро, ки тариқи буҷавӣ хатм менамоянд, ҳар сол тибқи роҳхат ба ҷойи кор таъмин менамояд», – иброз дошт ректори донишкада.

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо

Current Dir: /var/www/adab.tj/

[DIR]  html [ delete | rename ]

Upload File: