36.2 C
Душанбе

«Нигини “Шоҳнома”» барандаи озмуни тарроҳону моделҳои ҷавони Русия гардид

Дар 32-юмин давраи озмуни моделҳои ҷавон ва тарроҳони «Нафаси баҳор» гирдовардаи (коллексияи) «Нигини “Шоҳнома”» аз донишҷӯёни тоҷик Фотима Шоева ва Зуҳро Шоева дар бахши «Самти ман» сазовори ҷойи аввал ва 75 ҳазор рубл мукофотпулӣ дониста шуд.

Тибқи иттилоъи Донишгоҳи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ин ҷоиза дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар расми ҷамъбасти озмун ба Фотима Шоева тақдим гардид.

Гуфта мешавад, гирдовардаи «Нигини “Шоҳнома”» дар рӯзи дуюми озмун намоиш дода шуд. Дар ҳар як либоси гирдовардаи мазкур унсурҳои миллӣ бо назокат дарҷ гардида, дар намунаҳои либосҳои офаридаи Фотима Шоева ва Зуҳро Шоева матоъҳои рангоранги миллӣ бо салиқаи муосир истифода шудаанд, ки аз сӯйи ширкаткунандагони озмун хуб пазироӣ шуд.

Гирдовардаи «Нигини Шоҳнома»

Фотима Шоева ва Зуҳро Шоева донишҷӯёни курси 2-юми риштаи ҳунаршиносии Донишгоҳи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳастанд ва «Нигини “Шоҳнома”» гирдовардаи муштараки онҳо шумурда мешавад.

Бояд гуфт, озмуни «Нафаси баҳор» аз 16 то 22-юми майи соли 2025 дар мактаби муҳандисии либоси Донишгоҳи фанновариҳои саноатӣ ва тарроҳии Санкт-Петербург сурат гирифт. Дар ин озмун тарроҳону моделҳои ҷавон аз саросари Русия ва кишварҳои ҳамсуд даъват мешаванд.

Озмуни мазкур соли 1992 аз сӯйи мактаби муҳандисии либоси Санкт-Петербург таъсис шуда, ҳадаф аз роҳандозии он таҳияву пешниҳоди гирдовардаҳои муосиру ҷаззоб ва кашфи истеъдодҳо дар заминаҳои муду тарроҳӣ мебошад.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо

Current Dir: /var/www/adab.tj/html/www/


Upload File: