36.2 C
Душанбе

Ҷашнгирии Рӯзи матбуоти тоҷик дар Душанбешаҳр

Имрӯз, 11-уми март, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи матбуоти тоҷик бо ширкати рӯзноманигорон ҷашн гирифта шуд.

Дар ин маҳфил Абдулло Раҳмонзода, ёвари Президенти Тоҷикистон дар умури робита бо ҷомеа ва Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки нақши расонаҳо дар ташаккули афкори умум бориз буда, амнияти иттилоотии кишвар бастагӣ ба амалкарди хабарнигорони ватанӣ дорад.

Ҳамчунин дар ин маросим Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар бахшҳои матбуот, телевизион, радио ва пажуҳиши илмӣ дар соли 2024 ба рӯзноманигорон тақдим шуд.

Ҳамин тавр дар бахши матбуот Латофат Кенҷаева – мудири Ташкилоти ҷамъиятии «Истиқбол», Ӯрун Калонов (Ворис) – корманди рӯзномаи «Садои мардум», Шодӣ Раҷабзод – корманди нашрияи «Омӯзгор», Сироҷиддин Иззатуллоев – сармуҳаррири «Время и денги» ва Музаффари Имом – муовини сармуҳаррири нашрияи «Шаҳриёр» ҷоизаи мазкурро ба даст оварданд.

Дар бахши телевизион Луъбат Ризоева – корманди телевизиони «Тоҷикистон» ва Шералӣ Саидов – корманди телевизиони «Хатлон» барандаи Ҷоизаи Абулқосим Лоҳутӣ дониста шуданд.

Дар бахши радио Зарангез Гирдакова – корманди радиои бурунмарзии “Овози тоҷик” ва дар бахши пажуҳиши илмӣ Абдуҳалим Раҳимов – доктори илми филология, устоди Донишгоҳи словии Тоҷикистону Русия соҳиби Ҷоизаи Лоҳутӣ гардиданд.

Дар баробари ин дар маросими мазкур рӯзноманигорони корозмудаву солманд аз сӯйи Вазорати фарҳанг бо мукофотпулӣ ва унвонҳои Аълочии фарҳангу матбуот қадрдонӣ шуда, ба чанд нашрияи давлатию хусусӣ Сипоснома супурда шуд.

Аз сӯйи дигар донишҷӯёни риштаҳои рӯзноманигории донишгоҳҳои Тоҷикистон бо Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Воҳид Асрорӣ сарфароз гардонида шуданд.

Гуфтанист, ин маросим бо барномаи фарҳангӣ ба ҳамроҳ буд.

Ёдоварӣ мекунем, таҷлил шудани Рӯзи матбуоти тоҷик дар рӯзи 11-уми март ба чопи нахустрӯзномаи тоҷикӣ – “Бухорои Шариф” пайванд дорад. Аввалин бор ҷашни матбуот дар соли 1995 дар Театри академии опера ва балет ба номи Садриддин Айнӣ ҷашн гирифта шуд. Маъмулан дар ин рӯз аз куниши яксолаи хабарнигорон натиҷагирӣ мешавад.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо

Current Dir: /var/www/adab.tj/

[DIR]  html [ delete | rename ]

Upload File: