Рӯзи 3-юми феврал дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ширкати адибону пажуҳишгарон мундариҷаи нашрияи «Адабиёт ва санъат» дар соли 2024 ба баррасӣ гирифта шуд.
Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагон ин маҳфилро ифтитоҳ карда афзуд, ки дар соли сипарӣ роҳбарият ва ҳайати эҷодии нашрияи «Адабиёт ва санъат» иваз шуданд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин миён корҳои назаррас анҷом шуд ва дар баробари ин бахши ҳунар фаъол ва созгор ба унвони нашрия гардид.
Дар идома профессор Боймурод Шарифзода нақду тақризҳои нашршуда дар нашрияро ба арзёбӣ гирифт. Ба қавли вай, дар соли 2024 ин нашрия 134 адад нақд чоп кард, ки 35 матлаб ҷашнӣ мебошад. Шарифзода таъкид кард, ки на ҳамаи нақдҳо ба талабот созгор аст.
Нависанда Шодӣ Раҷабзод дар суханронии худ ба матолиби насрии нашрияи “Адабиёт ва санъат” таваҷҷуҳ карда, бурд ва бохти онро гуфт. Ӯ ҳамчунин ба гӯшаи Мушфиқӣ ишора карда, афзуд, дар ин замина матолиби ҳаҷвии Абдурауф Муродӣ, Наҷмиддин Шоҳинбод, Гурез Сафар ва монанди инҳо хуб ҳастанд.
Муҳаққиқ Сангин Гулзод зимни ироаи маърузаи хеш бахши публисистикаи “Адабиёт ва санъат”-ро ба баррасӣ гирифта, матолиби дар ин бахш чопшударо хуб арзёбӣ кард. Аз диди Гулзод, муаллифони аксари мақолаҳо мавқеъи хуби иҷтимоъӣ доранд, бавижа ҷавонон дорои диди тоза ҳастанд. Аз сӯйи дигар бештари сарлавҳаҳои нашрия ҷолиби диққат мебошад.
Ба назари мунтақид Хуршед Эҳсон, дар соли гузашта дар сафҳаҳои нашрияи «Адабиёт ва санъат» аксаран шеърҳои ватандӯстона, иҷтимоъӣ, ошиқона ва монанди ин чоп шудааст, ки намунаи хуби ашъори адибони тоҷик мебошанд. Ин ноқид пешниҳод дод, ки барои чопи эҷоди адибони ҷавон майдони бештар дода шавад.
Дар баробари ин дар ин маҳфил адибону пажӯҳишгарон Абдураҳмон Абдуманнон, Муҳаммад Ғоиб, Иброҳим Усмонов, Шаҳрия Аҳтамзод, Рустам Ваҳҳоб, Ҳафиз Раҳмон ва Толиби Луқмон ибрози андеша карданд.
Саранҷом муовини раиси ИНТ Ато Мирхоҷа аз маҳфил натиҷагирӣ карда, ба ширкаткунандагон изҳори сипос кард. Номбурда таъкид кард, ки раёсати Иттифоқи нависандагон аз кори ҳайати эҷодии нашрия дар умум розӣ ҳастанд.