36.2 C
Душанбе

“Эҷодкори шеъри ҳолат”. Дар Душанбе 70-солагии Тағойназари Бақо таҷлил шуд

Ба муносибати 70-солагии шоир Тағойназари Бақо рӯзи 17-уми феврал дар толори хурди Иттифоқи нависандагон маҳфили адабӣ баргузор гардид.

Ин маҳфилро Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ифтитоҳ карда, дар бораи вижагиҳои ҳунарии соҳибҷашн сухан ронд. Ба гуфтаи ӯ, шеърҳои Тағойназари Бақо ба ашъори Бозор Собир ҳамхонӣ дошта, бори маънии зиёд доранд. Бурди шоир корбурди вожаҳои заминӣ мебошад.

Дар идома профессор Аламхон Кӯчарзода ба ашъори Тағойназари Бақо чашмандоз намуда, аз бозёфтҳои шоиронаи мавсуф ёдоварӣ ва эҷоди варо шеъри ҳолат арзёбӣ кард.

Ҳамчунин дар ин маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, адибон Давлати Раҳмониён, Равшани Махсумзод, Сафар Амирхон, Иззатбек Идизода, Бузургмеҳри Ҳаким ва дигарон ибрози андеша карданд.

Гуфтанист, Тағойназари Бақо 17-уми феврали соли 1955 дар деҳаи Олучадараи ноҳияи Данғара ба дунё омада, донишомӯхтаи риштаи суханшиносии Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб мебошад. Солҳо ба унвони омӯзгор дар донишгоҳ дарс гуфтааст. Номбурда аз соли 2009 узви Иттифоқи нависандагони Тољикистон буда, то кунун китобҳои ашъори “Чашмаи сангӣ”, “Суруди сапедадам”, “Шабдизи ғурур” ва “Пайки Пушинг”-аш чоп шудаанд.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо

Current Dir: /var/www/adab.tj/html/wp-content/

[DIR]  fonts [ delete | rename ]
[FILE] index.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  languages [ delete | rename ]
[DIR]  plugins [ delete | rename ]
[DIR]  themes [ delete | rename ]
[DIR]  upgrade [ delete | rename ]
[DIR]  upgrade-temp-backup [ delete | rename ]
[DIR]  uploads [ delete | rename ]

Upload File: