36.2 C
Душанбе

Бубин, тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо!

Чанде пеш дар оши наҳори яке аз ҳамкоронамон ширкат доштем. Маърака бо суруди маъруфе, ки оҳанги он ба Ҳофизи халқии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов тааллуқ дораду матнашро ба Мавлонои Рум мансуб медонанд, оғоз гардид:

Даст бар сӯрох барӣ, аз заҳри мор андеша кун,

Пой бар гил мениҳӣ, аз захми хор андеша кун.

Яке аз ҳамсуҳбатони мо ба ин байт эрод гирифт, ки дар мисраи дувум ба ҷои калимаи гил гул қироат кардан лозим аст, дар акси ҳол мисраъ мантиқ надорад. Дар ҳақиқат, мантиқи байт чунин аст: пеш аз он ки ангуштатро ба сӯрохи девор дарорӣ, андеша кун, ки мумкин аст, дар он ҷо мор бошад ва ангуштатро бигазад. Мисли ҳамин, вақте бар гул қадам гузоштанӣ мешавӣ, дар хотир дор, ки гул хор дорад ва мумкин аст, он ба поят дарояд. Ногуфта намонад, ки нависандаи ин сатрҳо дар бораи байти мазкурро нодуруст хондани ҳофизон тақрибан 30 сол пеш дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” (алҳол “Ҳақиқати Суғд”) мақола нашр карда будам. Дар ҳамон суҳбат тасмим гирифтам, чанд мавриди ғалатхонии ҳофизон ва дахолатҳои беҷои онҳоро ба матни сурудҳо ба рӯи коғаз орам. Қаблан ду нуктаро таъкид карданӣ ҳастам: аввалан, мисолҳоеро, ки дар поён меорам, дар иҷрои ҳофизони маъруф шунидаам, ба ибораи дигар, ғалатхонии ҳофизони ҷавони навкор нест; сониян, матни ғазалҳои мавриди таҳлил бо нашрҳои дастрас муқоисаву муқобала карда шудааст.

Ҳофизи номдор Сироҷиддин Худоймерганов сурудеро бар матни ғазали Сайидои Насафӣ иҷро мекунад бо номи “Лаб кушоӣ”, ҳам дар нашри “Асарҳои мунтахаб”-и шоир (Душанбе, 1977), ки мураттибаш равоншод Нодир Шанбезода буд ва ҳам дар нашри илмию интиқодии “Куллиёт”-и Сайидо, ки мураттибаш Ҷобулқо Додалишоев (Душанбе, 1990) мебошад, ғазал аз шаш байт иборат аст. Ҳофизон ба чаҳор байти ғазал оҳанг баста мехонанд. Сироҷиддин Худоймерганов аз чаҳор байти шоир се байташро ғалат мехонад, ки онҳоро дар поён меорем ва зери калимаҳои нодурустхондаи ӯ хат мекашем:

Лаб кушоӣ бо такаллум, зи каломат гардам,

Муждаи васл расонӣ, зи паёмат гардам.

Ҷилваи қомати ту рӯҳи равон аст маро,

Хезу бихром, ки аз сарви хиромат гардам.

Сайидо аз аламу ваъдаи ту гашт кабоб,

Сӯхтӣ ҷони ман, аз ваъдаи хомат гардам.

Дар мисраи якум ба ҷои “бо” бояд “ба” хонда шавад, дар акси ҳол ҳам маъно хароб мегардаду ҳам вазн халалдор мешавад. Пешоянди — бо дар забони тоҷикӣ ҳамроҳӣ ва воситаи иҷроро мефаҳмонад, пешоянди — ба самти амал ё ҳаракат ва мақсаду таъинотро ифода мекунад, албатта, ғайр аз чанд вазифаи дигар, ки ба мавзуи мо дахл надорад. Дар гуфтугӯи маъмулӣ низ “фалонӣ ба такаллум даромад, ба такаллум сар кард” мегӯянд.

Дар мисраи дувуми байти дувум ибораи “сарви хиром” тарошаи аз бом афтода аст. Аввалан, дар забони тоҷикӣ ибораи “сарви хиром” вуҷуд надорад. Яқинан, ҳофиз аз куҷое ибораи “сарви хиромон”-ро шунидааст ва дар суруд онро ба таври худ “такмил” дода, “сарви хиром” сохтааст. Дар нусхаи асл мисраъ чунин омадааст:

Хезу бихром, ки аз тарзи хиромат гардам.

Дар байти мақтаъ дар ибораи “алами ваъда” табдил додани “и”-и изофӣ ба пайвандаки пайвасткунандаи “у” маънои байтро хароб кардааст. Шоир мегӯяд: “Ман аз дарду андӯҳи ваъдаро иҷро накардани маъшуқа кабоб шудам”.

Чун сухан дар бораи Сайидо рафт, мехоҳам аз суруди хеле маъруфи “Бар дили мо гар намеойӣ, ба чашми мо биё”, ки матнаш ба шоир Насафӣ мансуб аст, як мисол орам. Ба қарибӣ дар маъракае ҳофизе байти пеш аз мақтаи ин ғазалро ба тарзи зерин хонд:

Аз тапидан рехт зери дом болу пар маро,

Бар сари сайди худ, эй сайёд, бепарво биё.

Ин тарзи қироати байт ба назарам бисёр аҷиб намуд. Баъди каме ҷустуҷӯ дар торнигораи Интернет дар иҷрои Ӯрунбек Норов, Завқибеки Шодӣ, Маҳмудҷон Алиев боз ду варианти иҷрои ин байт пайдо шуд:

Аз тапидан рехт зери дом болу пар маро,

Бар сари сайди худӣ, сайёди бепарво биё.

***

Аз тапидан рехт зери дом болу пар маро,

Бар сари сайди худӣ, эй сайёди бепарво, биё.

Дар “Асарҳои мунтахаб”-и Сайидо ва нашри интиқодии “Куллиёт”-и шоир байт дар шакли зерин омадааст:

Аз тапидан рехт зери дом болу пар маро,

Бар сари сайди худ, эй сайёди бепарво, биё.

Вариантҳои “Бар сари сайёди худӣ, сайди бепарво, биё” ва “Бар сари сайёди худӣ, эй сайёди бепарво, биё” хоҷате ба таҳлил надоранд, зеро харобии мантиқ дар мавриди якум ва вайронии вазну мантиқ дар варианти дувум равшан аст. Дар варианти “Бар сари сайди худ, эй сайёд, бепарво биё” ҳазфи “и”-и изофӣ дар ибораи “сайёд бепарво” мантиқи байтро халалдор месозад. Барои фаҳмо шудани матлаб ба мантиқи воқеа таваҷҷуҳ мекунем: дар воқеият вақте сайд ба дом меафтад, барои халос шудан аз дом ба тапидан, сахт болу пар задан шуруъ мекунад ва чун ресмони дом дарозии муайян дорад, баъди каме боло баромадан ба замин меғалтад, пас аз чанд маротиба такрор шудани ин ҳодиса болу пари ӯ мешиканаду мерезад. Сайёд, ҳамин ки овози тапидани мурғро мешунавад, таъҷилан омада, онро бисмил мекунад. Хулласи калом, тапидани мурғи ба домафтода кӯшиши наҷот ёфтан ва мақсади сайёд ҳарчӣ тезтар мурғ ба домафтодаро бисмил кардан аст.

Қаҳрамони лирикии шоир ба доми ишқ афтодааст ва барои ҳарчӣ зудтар расидан ба маъшуқаю аз дасти ӯ бисмил шудан болу пар мезанад ва аз афтодани худ дар дом маъшуқаро огоҳ мекунад. Маъшуқа ҳарчанд аз афтодани сайд дар дом бохабар аст, намешитобад, истиғно мекунад, ба назди дом намеояд, зеро аз тапидани сайд-ошиқ, шикастани болу пари ӯ хушаш меояд. Сабаби ба сари сайди худ наомадани сайёди бепарвомаъшуқа маҳз дар ҳамин аст. Чӣ тавре ки Ҳилолӣ мегӯяд:

Донам, ки чаро хуни маро зуд нарезӣ,

Хоҳӣ, ки ба ҷон кандани бисёр бимирам.

Бинобар ин, мисраи мазкур бояд “Бар сари сайди худ, эй сайёди бепарво, биё!” қироат шавад.

Дар як-яку ним соли охир суруди “Ин куҷову он куҷо” дар иҷрои Ғолибҷон Юсуфов маъруфият пайдо кард. Лекин, мутаассифона, дар суруд мавридҳои дахолати ноҷоиз ба матн ва ғалатхонӣ ба чашм мерасад. Байти хеле маъруфи

Донаи филфил сиёҳу холи маҳрӯён сиёҳ,

Ҳарду ҷонсӯзанд, аммо ин куҷову он куҷо!

дар иҷрои ҳофиз чунин садо медиҳад:

Донаи филфил сиёҳу холи маҳбубон сиёҳ,

Ҳарду зебоянд, аммо ин куҷову он куҷо!

Бино ба гуфтаи муҳаққиқи маъруфи санъатҳои бадеӣ Тӯрақул Зеҳнӣ, “асоси ҳамаи санъатҳои бадеӣ бар таносуби сухан аст. Риояи муносибати сухан ва алоқаву робитаи мафҳумҳо асоси мантиқии образи бадеиро ташкил намуда, моҳияти ғоявии онро ба хонанда мерасонад” (Т. Зеҳнӣ. Санъати сухан. Душанбе: Ирфон, 1967). Дахолати беҷои ҳофиз ё шахсе, ки матни сурудро ба ихтиёри ӯ гузоштааст, таносуби сухани байтро ко[1]милан барҳам задааст. Дар мисраи якуми нусхаи асл ибораҳои донаи филфил ва холи маҳрӯён таносуби комил дорад: “холи рӯи маҳбуби маҳрӯ ва донаи фил[1]фил, ки ҳар ду сиёҳанд…”. Ваҷҳи ташбеҳ маҳз дар сиёҳӣ ва шакли зоҳирии хол ва донаи филфил аст. Бинобар ин, вожаи “маҳбубон”-ро ба ҷои “маҳрӯён” гузоштан ноҷоиз аст. Дар мисраи дувум иваз кардани вожаи ҷонсӯз бо зебо нишон медиҳад, ки ҳофиз шеърро нафаҳмидааст. Ба сари худ донаи филфил бар хилофи холи маъшуқаи маҳрӯ “зебоие” надорад, то бигӯем: донаи филфил, яъне, донаи мурч ба холи маҳбуб ба сабаби зебоияш шабоҳат дорад. Ваҷҳи ташбеҳ на дар зебоии донаи филфил, балки сиёҳу ҷонсӯз будани он аст.

Ҷонсӯзии филфил дар тундии фавқулодаи он аст. Ҷонсӯзии холи маҳрӯёнро ошиқон медонанд. Ногуфта намонад, ки дар торнигораи Интернет варианти “Ҳар ду дилсӯзанд, аммо ин куҷову он қуҷо!” низ омадааст. Ин вариант низ зебост, вале, ба назари банда, дар мисраи дувум ҷонсӯз муносибтар менамояд. Гузашта аз ин, бино ба таъкиди аллома Деҳхудо дар “Амсол ва ҳикам”, ин байт зарбулмасал аст.

Дар ҳамин суруд байти зерин ҳаст:

Шаккари Мозандарону шаккари гирди лабон,

Ҳарду ширинанд, аммо ин куҷову он куҷо!

Дар шабакаи Интернет байти мавриди назар дар гунаи зайл зикр шудааст:

Шаккари Мозандарону шаккари Ҳиндустон,

Ҳар ду ширинанд, аммо ин куҷову он куҷо!

Ба назари роқими сутур, ҳамин гунаи байт саҳеҳ аст, зеро дар ду сарчашмаи муътабар дар ҳамин шакл омадааст. Аввалан, дар “Амсол ва ҳикам”-и Деҳхудо, сониян, дар моддаи луғавии “шакар”-и “Фарҳанги Низом”-и Сайид Муҳаммадалии Доиюлислом ин байт бо ишораи “масал аст” омадааст. Муаллифи фарҳанг дар моддаи луғавии масал менависад: “Гуфтори насрӣ ё назмӣ, ки дар мавриди хосе гуфта шуда, баъди умумият пайдо кардан бидуни тағйир дар ҳар мавриди шабеҳ ба мавриди аввала истеъмол мешавад”.

Аз рӯи баъзе ташбеҳоти тарҳи комили ин шеър, ки дар торнигораи Интернет 14 байтро дар бар гирифтааст, метавон ҳарф зад, ки шоире аз ду байти ба масал табдилёфтаи боло мулҳам гардида, 10-12 байти дигар илова кардааст. Ҳамчунин, эҳтимол дорад, абёти илҳоқӣ ба қалами чанд шоир тааллуқ дошта бошад. Азбаски муқоисаи “шаккари Мозандарону шаккари Ҳиндустон”, аз як тараф, барои ҳамаи форсизабонон комилан возеҳу равшан нест ва, аз ҷониби дигар, салосату фасоҳати “донаи филфилу холи маҳрӯён”-ро надорад, шоире мисраи якуми онро тағйир додааст. Воқеан ҳам, муқоисаи “шаккари Мозандарону шаккари гирди лабон” холӣ аз зарофате нест, ҳарчанд, бори дигар таъкид мекунам, ки мисли байти “донаи филфил” олӣ нест. Гузашта аз ин, форсизабонони манотиқи дигар, аз ҷумла тоҷикон, аз мазияти шаккари Ҳиндустон бар шаккари Мозандарон бехабаранд.

Лозим ба таъкид аст, ки на ҳамаи байтҳои ин шеър ба доираи одоб мувофиқанд. Возеҳ аст, ки байти “Коргар дар зери кору…”-ро, маъмулан, дар маҷлисҳои хоса мехонанд ва он барои оммаи шунавандагон пешбинӣ нашудааст. Чунин абётро маъмулан ҳазлиёт ё фаҳшиёт меноманд. Бинобар ин, ба суруд дохил кардани байти мазкур ва онро тавассути Интернет паҳн кардану дар шабнишиниҳо хондани ҳофиз қобили қабул нест.

Суол пайдо мешавад, ки сабаби матни сурудҳоро ғалат хондани ҳофизон дар чист? Ба назари ин ҷониб, ин ҳодиса ду сабаб дорад:

а) Мазмуни шеърро нафаҳмидани аксари ҳофизон. Таҳлили хатову иштибоҳоти ҳофизон ҳангоми сурудхонӣ нишон медиҳад, ки аксари овозхонон ба умқи маънои шеър намерасанд. Содатар карда гӯем, он чиро мехонанд, намефаҳманд;

б) Аксарияти ҳофизон матни шеърро аз забони ҳофизони дигар аз ёд мекунанд, яъне, бо роҳи шунидан ба хотир месупоранд. Кам андар кам ҳофизоне ҳастанд, ки шеърро бевосита аз девон ё маҷмуаи ашъори шоирон интихоб кунанд.

Агар сурудҳои дар боло зикргардида таъсире дар ташаккули завқи мусиқию сурудфаҳмӣ ва шеърфаҳмии оммаи мардум намерасониданд, ҳоҷат ба навиштани мақолаю таҳлили шеър набуд.

Аз ҷониби дигар, чи тавре шиносоӣ бо матни сурудҳои ҳофизони ҷавон собит месозад, анъанаи аз ҳофизони маъруф ба овозхонони ҷавон интиқол шудани матни пурхатои сурудҳо идома дорад ва бояд барои гирифтани пеши роҳи он чораҳои қатъӣ андешида шавад.

Абдумавлон САМЕЕВ,

ш. Хуҷанд

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо

Current Dir: /var/www/adab.tj/html/

[FILE] .htaccess [ edit | delete | rename ]
[FILE] index.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] license.txt [ edit | delete | rename ]
[FILE] readme.html [ edit | delete | rename ]
[FILE] wordpress-6.7.1-ru_RU.zip [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-activate.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-admin [ delete | rename ]
[FILE] wp-blog-header.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-comments-post.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-config-sample.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-config.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-content [ delete | rename ]
[FILE] wp-cron.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-includes [ delete | rename ]
[FILE] wp-links-opml.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-load.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-login.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-mail.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-settings.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-signup.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-trackback.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  www [ delete | rename ]
[FILE] xmlrpc.php [ edit | delete | rename ]

Viewing: /var/www/adab.tj/html/wp-config-sample.php

<?php
/**
 * The base configuration for WordPress
 *
 * The wp-config.php creation script uses this file during the installation.
 * You don't have to use the website, you can copy this file to "wp-config.php"
 * and fill in the values.
 *
 * This file contains the following configurations:
 *
 * * Database settings
 * * Secret keys
 * * Database table prefix
 * * ABSPATH
 *
 * @link https://developer.wordpress.org/advanced-administration/wordpress/wp-config/
 *
 * @package WordPress
 */

// ** Database settings - You can get this info from your web host ** //
/** The name of the database for WordPress */
define( 'DB_NAME', 'database_name_here' );

/** Database username */
define( 'DB_USER', 'username_here' );

/** Database password */
define( 'DB_PASSWORD', 'password_here' );

/** Database hostname */
define( 'DB_HOST', 'localhost' );

/** Database charset to use in creating database tables. */
define( 'DB_CHARSET', 'utf8' );

/** The database collate type. Don't change this if in doubt. */
define( 'DB_COLLATE', '' );

/**#@+
 * Authentication unique keys and salts.
 *
 * Change these to different unique phrases! You can generate these using
 * the {@link https://api.wordpress.org/secret-key/1.1/salt/ WordPress.org secret-key service}.
 *
 * You can change these at any point in time to invalidate all existing cookies.
 * This will force all users to have to log in again.
 *
 * @since 2.6.0
 */
define( 'AUTH_KEY',         'put your unique phrase here' );
define( 'SECURE_AUTH_KEY',  'put your unique phrase here' );
define( 'LOGGED_IN_KEY',    'put your unique phrase here' );
define( 'NONCE_KEY',        'put your unique phrase here' );
define( 'AUTH_SALT',        'put your unique phrase here' );
define( 'SECURE_AUTH_SALT', 'put your unique phrase here' );
define( 'LOGGED_IN_SALT',   'put your unique phrase here' );
define( 'NONCE_SALT',       'put your unique phrase here' );

/**#@-*/

/**
 * WordPress database table prefix.
 *
 * You can have multiple installations in one database if you give each
 * a unique prefix. Only numbers, letters, and underscores please!
 *
 * At the installation time, database tables are created with the specified prefix.
 * Changing this value after WordPress is installed will make your site think
 * it has not been installed.
 *
 * @link https://developer.wordpress.org/advanced-administration/wordpress/wp-config/#table-prefix
 */
$table_prefix = 'wp_';

/**
 * For developers: WordPress debugging mode.
 *
 * Change this to true to enable the display of notices during development.
 * It is strongly recommended that plugin and theme developers use WP_DEBUG
 * in their development environments.
 *
 * For information on other constants that can be used for debugging,
 * visit the documentation.
 *
 * @link https://developer.wordpress.org/advanced-administration/debug/debug-wordpress/
 */
define( 'WP_DEBUG', false );

/* Add any custom values between this line and the "stop editing" line. */



/* That's all, stop editing! Happy publishing. */

/** Absolute path to the WordPress directory. */
if ( ! defined( 'ABSPATH' ) ) {
	define( 'ABSPATH', __DIR__ . '/' );
}

/** Sets up WordPress vars and included files. */
require_once ABSPATH . 'wp-settings.php';

Upload File: