Рӯзи 26-уми март дар намоишсарои (театри) «Théâtre du Gymnase Marie-Bell»-и Фаронса ҳунармандони Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳунарнамоӣ карданд. Дар ин бора дафтари матбуотии ин театр дар сафҳаи фейсбукияш хабар дод.
Ба иттилои ин манбаъ, сафари ҳунармандони балет ба Фаронса бо даъвати «France UNESCO Esplanade» дар чаҳорчӯби маъракаи байнулмилалии фарҳангии “Фарҳанги Тоҷикистон дар Порис” анҷом шуд.
Гуфта мешавад, ки барномаи консертӣ аз ду қисмат иборат буда, дар бахши аввал балети М. Фокин «Шопениана» бо мусиқии Ф. Шопен ва дар қисми дуюм – порчаҳо аз намоишномаҳои Л. Минкус – «Дон Кихот», А. Адан – «Жизел», С. Пунӣ – «Конёк-Горбунок» ва танаввуъҳо дар мавзуъҳои Н. Паганинӣ рӯйи саҳна гузошта шуд.
Ҳамзамон бо ин дар бахши дуюм ба тамошобинон барномаи консертӣ аз намунаҳои балети миллии муосир бо мусиқии оҳангсозон Толибхон Шаҳидӣ, Зокир Нишонов ва Далер Тиллоев намоиш дода шуд.
Дар фарҷом ҳайати ҳунармандони намоишсаро бо тандиси ёдгорӣ аз сӯйи раҳбари «France UNESCO Esplanade» сарфароз гардонида шуданд.
Манбаъ афзуд, ки ҳунармандони балетро сарбалетмейстери асосии театр Аяна Оскенбаева, мураббии балет Малика Калонова ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Александр Бахман омода сохтанд.